Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” мувофиқи нақша — чорабинии муштараки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Носирӣ Алишер Қаҳҳор вохӯрии судманд баргузор гардид. Вохӯриро, ки дар он устодону донишҷӯён ва кормандони донишкада ҳузур доштанд, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи масъалаҳои вобаста ба роҳҳои баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеа, ташаккули рӯҳияи зиддикоррупсионӣ, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ изҳори андеша намуд. Мавсуф зикр сохт, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хатарноки ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон ба давлат ва ҷомеа, рушди иқтисодиёт, некуаҳволии қишрҳои гуногуни аҳолӣ халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии обрӯю нуфузи миллат ва давлат мегардад.
Сипас, сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Носирӣ Алишер Қаҳҳор ба сухан баромада, зикр намуд, ки дар кишвари мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати коррупсияро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ махсус таъкид карда, муқовимати дастаҷамъонаро бо ин зуҳуроти номатлуб тақозо менамоянд. Мавсуф асосан оид ба мазмун ва моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақша — чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) андешаҳояшро баён намуда, аз аҳли нишаст хоҳиш намуд, ки дар самти муқовимат ба коррупсия ва боз ҳам коҳиш додани шиддати ин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ ихтиёр накарда, саҳми худро гузоранд. Таъкид гардид, ки мақсад аз вохӯрии мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ, таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва фаҳмонидани роҳу усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия ба ҳозирин мебошад.
Сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, зикр намуд, ки масъулин бояд ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро муҳайё карда, барои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин вохӯриҳои судманд барои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар маҷмуъ иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба паст гардидани сатҳ ва шиддати коррупсия мусоидат менамоянд.
ҚУДРАТОВ Сино