27-уми сентябри соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар асоси нақшаи чорабинии суҳбату вохӯриҳои муштараки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ гардидааст, бо иштироки муовини сардори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳмина Мӯъминзода, прокурори калон, корманди Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ Рустам Тағдирзода, муовинони ректори донишкада Фарҳод Махсудзода, Баҳрулло Хайруллозода, Дилором Наимзода, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада вохӯрӣ баргузор гардид.           Вохӯриро, ки ҳадафи асосии он тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ  ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ  эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик маҳсуб меёфт, муовини ректори донишкада оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фарҳод Махсудзода ҳусни оғоз бахшида, суханро ба муовини сардори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳмина Мӯъминзода дод.        Мавсуф дар мавзуи “Пешгирии таъсири таассубу хурофотпарастӣ ба шуури ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва ҳушёрии сиёсии ҷавонон”  суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ ҳизбу созмонҳое пайдо шуданд, ки фаъолияти онҳо дар асл ба ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар намудани сохти ҷамъиятӣ равона шуда буд. Онҳо чанд муддат тавонистанд ҷумҳуриро ба маҳалҳо ҷудо намуда, бо таҳдиду зӯроварӣ ва мардумфиребӣ ба силоҳнок намудани гурӯҳҳои алоҳида машғул шаванд. Дар натиҷа оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада, дар ҷараёни он шумораи зиёди мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, ба сокинони мамлакат хисороти зиёд расонида шуд.

    Зикр гардид, ки маҳз бо талошҳои шабонарӯзӣ ва ташаббусу иқдомҳои дурандешона ва сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин раванди пурфоҷиа ва фалокатбор гирифта шуд. Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шуруъ намоем.

    Сарвари давлат 13-уми марти соли 2018 дар мулоқот бо кормандони прокуратура зикр намуданд, ки “Экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои  торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда,  мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад”.  Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки нақши мақомоти прокуратура дар ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм бисёр муҳим мебошад. Бо ин мақсад дар назди Прокуратураи генералӣ Ситод доир ба масъалаи пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои  экстремистиву террористӣ таъсис дода шуда, якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аксари шаҳрвандони ба созмонҳои террористӣ шомилшуда муайян гардида, нисбат ба шахсони гунаҳгор чораҳои қонунӣ андешида шуданд.

Ба гуфтаи Таҳмина Мӯъминзода, мо бояд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ мебошад, инчунин азхудкунии донишҳои зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динии ҷавонон саҳмгузор бошем. Аз ин рӯ, ба мо зарур аст, ки тамоми ақлу заковат, дониш ва таҷрибаи ҳаётии худро ба он равона созем, ки  ҳодисаҳои шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ намуда, ҷиҳати аз байн бурдани онҳо муваффақ гардем.    Прокурори калон, корманди Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Тақдирзода  перомуни ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта муфассал маълумот дода, зимнан таъкид кард, ки ба маданияти истифодаи интернет таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Ҷавонон дар мавриди пайваст шудан ба интернет бояд аз мутолиа, тамошо ва паҳн намудани мақола ва наворҳои аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъгардида худдорӣ намоянд.

    Баъдан, байни намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни вохӯрӣ перомуни масоили матраҳгардида табодули афкори судманд сурат гиифт.

Додоҷон РӮЗИЕВ,

Дилшод УМАРОВ