Дар Китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 7 октябри соли равон, маҳфили навбатии тахассусӣ — эҷодии «Журналист», ки дар назди кафедраи рӯзноманигории телевизиони донишкада таъсис дода шудааст, доир гардид. Дар маҳфил кормандони Медиа — холдинги Оила, инчунин ҳафтаномаҳои  «Тоҷикистон» ва «Оила», устодону донишҷӯёни факултаи театр, кино ва телевизион ҳузур доштанд.

      Мудири кафедраи рӯзноманигории телевизион, дотсент Зулфиддин Муъминҷонов меҳмонони маҳфилро ба ин боргоҳи фарҳангу ҳунар хайрамақдам гуфта, онҳоро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд. Зикр сохт, ки чунин дидору гуфтугӯҳо, бавижа бо журналисти шинохта, сармуҳаррир ва муассиси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур хеле муҳим буда, барои тавсеаи ҳамкориҳои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Медиа — холдинги Оила мусоидат менамояд.

        Ба гуфтаи Баҳрулло Назруллоев, ноиби ректор оид ба корҳои эҷодӣ, ин мулоқот ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо ҳафтаномаҳои  «Тоҷикистон» ва «Оила» сатҳи донишу малакаашонро баланд бардошта, аз таърихи ВАО — и Тоҷикистон  маълумоти бештар ба даст оранд. Бо истифода аз ҳузури донишҷӯён дар ин маҳфил таъкид кард, ки «Шумо бояд аз таҷрибаи тӯли солҳои зиёд андӯхтаи ин чеҳраҳои шинохтаи соҳаи журналистикаи тоҷик бархӯрдор шавед».

        Сипас, сармуҳаррир ва муассиси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур зимни суҳбати самимӣ тазаккур дод, ки мулоқоти мо бо Шумо — донишҷӯёни факултаи театр, кино ва телевизион дар рӯзе иттифоқ афтод, ки дар донишкада 80 — солагии ёдбуди Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Маҳмудҷон Воҳидов таҷлил карда мешавад. Ман бо ин ҳунарманди маъруф шиносоии наздик доштам.  Вақте дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов таҳсил мекардам, шоҳиди ҳунарнамоии нотакрори ин ситораи ҳамешадурахшони санъати тоҷик гаштам.  «Шояд аз байни Шумо Маҳмудҷони нав барояд. Барои ба ин дараҷа расидан пайваста талош бояд кард. Ин аз ҳар яки Шумо  масъулияти баландро тақозо менамояд»,- иброз дошт Шариф Ҳамдампур.

       Бар пояи  иттилои сармуҳаррир ва муассиси ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ба наздикӣ онҳо Студияи телевизионии сомонаи Оиларо таъсис додаанд. Мавсуф бо мақсади ҷалби бештари донишҷӯёни факултаи театр, кино ва телевизион, бавижа, риштаҳои журналист, наворбардор, актёр, режиссёр, ровӣ бо ин  студияи навтаъсис ва дигар сомонаву ҳафтаномаҳои  «Тоҷикистон» ва «Оила» бо онҳо мулоқоти самимии озод доир намуд.

Додоҷон РӮЗИЕВ