18 — уми августи соли равон дар Қасри миллат дар фазои тантанавӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон” беш аз 120 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар ин миён ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ шуданд.
Ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ректори донишкада, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддинро барои бо медали Хизмати шоиста сазовор гардидан самимона табрик намуда, барояшон дар корҳои минбаъдаи илмӣ, омӯзгорӣ ва роҳбарӣ муваффақиятҳои беназир таманно менамоянд.