27 сентябри соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ва намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ду кишвар таҳти унвони «Дӯстӣ бошад мароми ҷовидон!» мизи мудаввар баргузор гардид.

    Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз дошт, ки таҳкими ҳамкории неку судманд, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз саъю талош ва ташаббусҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифтаанд. Ниёгони шарафманди мо дар давоми садсолаҳо мероси беҳамтои фарҳангиву илмиеро ба вуҷуд оварда, ба мо вогузор намудаанд. Ин мероси ниёгони мо сармояи бузурги маънавие буда, ки ба мо имконият фароҳам меорад, ки имрӯз ва дар оянда низ дар фазои дӯстиву бародарии самимона кору зиндагӣ кунем. Эҷодиёти шахсиятҳои бузурги илму адабу фарҳанг, ки барои тоҷикону ӯзбекҳо мояи ифтихори муштараканд, сармояи воқеан пурарзиши маънавии халқҳои мо мебошад.  

   Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков зикр намуд, ки тавсеаи равобити судманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шароити ҷомеаи муосир дар муносиботи гуногунсамтаи ду давлат саҳифаи нав боз намуд. Солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Созишномаҳои мутақобилан судманд ба имзо расида, ҳамкориҳои дуҷониба рушд меёбанд, боздидҳои намояндагони аҳли фарҳангу ҳунари ду кишвар роҳандозӣ гардида, ба ин васила робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу санъат густариш ёфтанд.

   Дар ҷараёни мизи мудавар намояндагони ҳарду ҷониб доир ба рушди муносибатҳои илмию фарҳангӣ изҳори назар намуда, нақши сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳоро дар тақвияти ин ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

   Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ дар ин ҳамоиш перомуни ҳамкориҳои густардаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки муносибатҳои дӯстонаи ҳарду кишвар маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сол ба сол рушд ва тавсеа меёбанд. Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон, 9 марти соли 2018, ҳамчун сафари таърихӣ дар муносибатҳои мутақобилаи дӯстонаи халқҳоямон арзёбӣ намуда, зикр сохта буданд, ки “мову шумо имрӯз заминаи боэътимоди робитаҳои гуногунҷанбаи кишварҳоямонро бо созишномаҳои нав, ки дар байни онҳо санади калидӣ ва заминавӣ — Созишнома оид ба шарикии стратегӣ мебошад, ғанӣ гардонидем”.

   Муҳриддин Низомӣ  дар идомаи суханронӣ оид ба ҳамкориҳои донишкада бо муассисаҳои таълимии соҳаҳои фарҳанг ва санъати кишварҳои хориҷӣ, бавижа Ҷумҳурии Ӯзбекистон андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки айни замон донишкада бо 27 донишгоҳу донишкадаи берун аз кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳуриҳои Белорус, Украина, Словакия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ, эҷодиро идома дода истодааст. Раёсати робитаҳои байналмилалии донишкада ҷиҳати таҳким бахшидани самти ҳамкорҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангиву таҳқиқотӣ ва васеъ намудани доираи муносибатҳои  байналмилалӣ бо якчанд муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, натиҷаҳои назаррасро дар доираи муносибатҳои дуҷониба ба даст овардааст.

   Аз ҷумла, дар доираи баргузории  Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии  Авруосиё дар фазои фарҳангии ИДМ”, 28 октябри соли 2019 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маросими баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ  байни Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон” ва Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” баргузор гардид. Ҳадафи асосии созишнома таъмини мубодилаи иттилоот дар соҳаи  санъати мусиқӣ, мусиқишиносӣ ва таҳсилоти мусиқӣ, гузарондани таҳқиқоти илмии муштарак дар самти масоили мусиқӣ ва омӯзгорӣ (“устод-шогирд”) ва нашри натоиҷи таҳқиқотҳо ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ, ифтитоҳи филиалҳои марказ дар ҳарду муассиса, барои ҳамкориҳои муштараки самаранок ҷиҳати рушди санъати мусиқии миллии классикии Шашмақом мебошад.

   Тибқи санади мазкур ташкил ва роҳандозии тарҳҳои муштараки эҷодӣ, сафарҳои ҳунарӣ, фестивалҳои байналмилалӣ, форуму симпозиумҳо, озмуну консертҳо; гузарондани дарсҳои маҳорат (мастер-класҳо), семинарҳои илмӣ-амалӣ ва шабҳои эҷодӣ бо мусиқинавозони маъруф, сарояндаҳо, композиторони шакли анъанавӣ (бастакорҳо)-и ҳарду тараф; гузарондани табодули таҷриба байни устодони санъат ва бастакорон; баланд бардоштани дараҷаи тахассуси мутахассисони боистеъдод ва ояндадор дар самти эҷоди илмӣ ва иҷрокунандагӣ; ташкили консертҳои алоҳида ва муштарак бахшида ба мусиқии классикии анъанавии Шашмақом бо иштироки иҷрокунандагони бомаҳорат — солистон-машшоқон ва вокалистони шакли анъанавӣ, ансамблҳои мақомхонҳо, устодони маъруфи санъати мақом ва композиторони шакли анъанавии ҳарду ҷониб дар саҳнаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон; иштироки ҷонибҳо дар конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, симпозиумҳо, семинарҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва машваратҳо; нашри муштараки матолиби илмӣ ва методӣ, инчунин табодули  таҷрибаи илмӣ ва адабиёти таълимӣ-методӣ; ҳамкорӣ оид ба иштирок дар барномаҳои байналмилалии бадеӣ, илмӣ таҳсилот ва ғайра ба роҳ монда мешаванд.

   Худи ҳамон рӯз, Созишномаи ҳамкорӣ байни Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба имзо расид.

   Дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии илмӣ — назариявӣ ва амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои санъат ва фарҳанг дар осори мероси таърихии мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ», ки аз 4 то 8 майи соли 2018 дар шаҳри Тошканд баргузор гашт, миёни МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

   Дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии «Саҳми сарварони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар таҳкими дӯстӣ, некуҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносибатҳои шарикии стратегии миёни ӯзбекон ва тоҷикон», ки 14 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Созишномаи нави ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ба имзо расид.

   Дар асоси Созишномаи мазкур баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмӣ, маърифатӣ ва эҷодӣ; гузарондани таҳқиқоти илмии муштарак ва кор аз рӯи тарҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодӣ оид ба самтҳои афзалиятноки ҷонибҳо; кор аз рӯи захираҳои иттилоотӣ, табодули иттилооти илмӣ, дастовардҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ дар доираи муқаррароти қонунҳои амалкунанда ва имкониятҳои ҷонибҳо; табодули идея ва андешаҳо оид ба масоили фарҳанг ва санъат, таҳсилоти касбӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат; омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таҷрибаомӯзии илмӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ- педагогии ҷонибҳо; тайёр кардани мақолаҳои муштараки илмӣ дар доираи ҳамкории ҷонибҳо; ташкил ва гузарондани фестивалҳо, озмунҳо, шабҳои эҷодӣ, намоишҳо, консертҳои муштараки дастаҳои ҳунарии ҷонибҳо ва ғайра дар назар дошта шудааст.

   Дар доираи амалигардони лоиҳаҳои грантии донишкада — “Мукамалнамоии низоми маълумот аз рӯи ихтисосҳои фарҳанг ва санъат дар асоси коркард ва амалинамоии барномаҳои таълимӣ ва мутобиқнамоии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ” ва “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи васоити ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон шарики асосӣ ба ҳисоб рафта, пайваста сафарҳои дуҷонибаи омӯзишӣ миёни донишкадаҳо сурат мегирад. Дар доираи лоиҳаҳои мазкур бо мақсади таҳия намудани стандартҳои таълимӣ тренингҳои омӯзишӣ баргузор гардида, намояндагони донишкадаи номбурда аз рӯи ихтисосҳои режиссураи телевизион, санъатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ ширкат намуданд. Инчунин, бо мақсади шиносоӣ бо раванди таълими Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон аз 14 то 21 феврали соли 2020 устодони донишкада – собиқ ноиби ректор оид ба илм ва роибитаҳои байналмилалӣ профессор Амиров Р., доктори илмҳои санъатшиносӣ Улмасов Ф. ва сармуҳосиби донишкада Хотамова Н. ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом доданд. Дар ин сафар устодони донишкада бо ректори Донишкадаи санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон мулоқот намуда, аз рафти таълим ва таҳияи стандарту барномаҳои таълимӣ дар самти фарҳанг ва санъат дидан намуданд.

   Маврид ба зикри хос аст, ки намояндагони донишкада пайваста дар тамоми семинару конференсияҳо ва чорабиниҳои фарҳангии дуҷониба тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ ширкат меварзанд. Масалан, 17 апрели соли 2020 дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Вопросы искусства и культуры в историческом наследии учёных и мыслителей Востока средных веков” тариқи онлайн баргузор гардид, ки дар он устодони донишкада мақолаҳои илмӣ пешниҳод намуда, инчунин тариқи онлайн маърӯза намуданд. Аз ҷумла, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ М.З. дар мавзӯи “Вклада А. Джами и А. Навои в укрепление литературных связей таджикского и узбекского народов”, мудири кафедраи фарҳангшиносӣ, дотсент Умедов М. дар мавзӯи “Фариддуни Аттар и Джалолиддини Руми о сущности и значении нравственности” ва мудири кафедраи бойгонишиносӣ Ҷобиров Р. дар мавзӯи «Вклад академика А.А. Семёнова в изучение средневековых источников” маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

   Бо мақсади рушди ҳамкориҳо дар Анҷумани байналмилалии санъати “Мақом” дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз 6 то 10 сентябри соли 2018 баргузор гардид, Абдувалӣ Абдурашидов, дотсенти кафедраи таърих ва назарияи мусиқии донишкада ҳамчун аъзои ҳакамони анҷуман ширкат намуд. Дар ин анҷуман ҳайати мақомхонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии А. Абдурашидов соҳиби Шоҳҷоиза “Гран-при” гардида, ба 15000 доллари ИМА қадрдонӣ карда шуданд.

   Дар ин раванд, барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маҳорати донишҷӯёну омӯзгорони донишкада олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои бо мо ҳамкоридошта даъват карда мешаванд. Бо ҳамин мақсад дар донишкада 26 октябри соли 2019 аз ҷониби Холиқулова Г.Э. — ноиби ректор оид ба илми Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор, бо омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи актёри драма ва кино дарси маҳорат гузаронда шуд. Инчунин, худи ҳамон рӯз дарсҳои маҳорат аз ҷониби Ғафурбеков Т. — доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон ва Суюнова З. — Артисти халқии Ӯзбекистон бо омӯзгорон ва донишҷуёни шуъбаи мусиқӣ дарсҳои маҳорат баргузор намуданд. Аз 5 то 14 ноябри соли 2019 бошад, аз ҷониби режисёри шинохтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Салимов О. – барандаи Ҷоизаи давлатии Ӯзбекистон, Ҳунарманди хизматнишондодаи Ӯзбекистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи актёрӣ дарсҳои маҳорат доир карда шуданд.

   Айни замон дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 71 нафар донишҷӯ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, бо мақсади таҳсил дар соли нави хониш 9 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба донишкада муроҷиат намуданд. Бояд зикр намуд, ки шумораи довталабон ва хоҳишмандон барои таҳсил дар донишкада аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон сол ба сол рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст.

   Дар фароварди суханронӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз намуд, ки таҳкими равобити самарабахши ду давлати ҳамсоя — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаҳои гуногун на танҳо ба манфиати ду мамлакат, балки барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа низ нақши калидӣ мебозад. Таъкид кард, ки тоҷикон ва ӯзбекон ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Бошад, ки ин анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ, мисли муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ то абад ҷовидон бимонанд.

Лутфулло НИЁЗОВ,

сардори Раёсати робитаҳои

байналмилалии донишкада,

 

Додоҷон РӮЗИЕВ,

муҳаррири донишкада