Имрӯз дар Театри таълимии донишкада бахшида ба 28 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо иштироки ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён, кормандон ва афсарону сарбозони Горди миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ба чорабинӣ ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаждаҳуми декабри соли 1992 — дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, таъсис дода шуданд. Бо назардошти зарурати ҳифзи сарҳадоти кишвар бошад, соли 1997-ум Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуда, шурӯъ аз соли 2005 — ум ҳифзи боэътимоди марзҳои кишвар пурра ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҷузъи таркибии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гузашт.

Дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардондани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо намуданд. Имрӯз Артиши миллии мо ба як неруи тавонои ҳарбӣ ва сипари боэътимоди сулҳу субот табдил ёфтааст.

Воқеият ва вазъи ҷаҳони муосир мо — устодону донишҷӯёнро водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатиро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонанд сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишвари моро халалдор созанд. Дар ин самт ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Ба шогирдонамон бояд дақиқ фаҳмонем, ки бозичаи дасти дигарон ва иҷрокунандаи иродаи доираҳои ғаразнок нашаванд,- тазаккур дод Муҳриддин Низомӣ.

   

Дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ ба як қатор устодони донишкада — ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоӣ Дилором Сангинова, омӯзгорон Қобилҷон Саидов, Эраҷ Исмоилов, Марҳабо Насибова, Бобоҷон Бегаҳмадов ва донишҷӯ Хуршеда Муродова барои ҳамкориҳои судманд  ва ба муносибати ҷашни 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорномаҳои Вазорати мудофиаи кишвар тақдим гардид.

Сипас, барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешкаши иштирокдорон гардонда шуд. Дар он шеърҳои “Савганд”, “Қасами сарбоз”, “Синий платочек”, “Катюша”, “Ӯ ҷони миллат аст”, навозиши “Сайри Бадахшон”, “Ватан”, “Духтари ҳисорӣ”, порча аз достони “Суруши Сталинград” ва дигар суруду рақсҳои дилнишин аз ҷониби устодону донишҷӯёни донишкада иҷро гардиданд, ки инъикосгари меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба Ватан буда, шукргузорӣ аз сулҳу суботи устуворро талқин менамуданд.

Дар ҷолибу хотирмон баргузор гардидани барномаи фарҳангӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фарҳод Мирахмедов (роҳбари бадеӣ), номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Баҳрулло Нарзуллоев (роҳбари мусиқӣ), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов (басаҳнагузоранда), коргардонҳо-Шавкат Назаршоев, Нодир Нуров ва дигар устодону донишҷӯён  саҳми назаррас гузоштанд.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ