Терроризм аз ҷумлаи зуҳуроти номатлуб ва хатарзое мебошад, ки асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти миллии кишварҳо таҳдид менамояд. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарондаасту сокинони он аз оқибатҳои даҳшатбори харобиовари амалҳои террористӣ огоҳанд, ҷонибдори сулҳу субот ва муборизаи беамону дастаҷамъона алайҳи терроризм мебошанд.

          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки 4 — уми майи соли 2018 дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, дар иртибот ба мавзӯи баҳс зикр сохтанд: «имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Пешвои муаззами миллат дар идомаи суханронӣ иброз доштанд, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Сию ду фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд.

          Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Дар иртибот ба ин, таъкид карданием, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

          Воқеан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ба ҷомеа хатарзо тадбирҳои амалӣ ва мушаххас андешида шуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016-ум тасдиқ шудааст, дурнамои фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатиро бо назардошти  ташаккул ва ҷорӣ намудани меъёрҳо ва механизмҳои пешгирии экстремизм ва терроризм ҷиҳати таъмини рушди босуботи давлат, ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат муайян намудааст. Дар асоси ин Стратегия Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Туркия, Ӯзбекистон ва ғайра созишномаҳои дуҷониба оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм баста, дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Интерпол ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст.

          Ин ҳама талошҳои роҳбарияти олии мамлакат танҳо ба хотири ҳифзи амнияти мардум, тинҷию амонӣ, пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона шудаанд. Мутаассифона, баъзе бадхоҳони миллати тоҷик, мисли Кабирӣ, рушди бесобиқаи кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ мисли он ки чашмонашонро парда гирифта бошад, дидан намехоҳанд. Онҳо аз ниятҳои нопоки худ ҳанӯз ҳам даст накашидаанд ва мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ҷавонони бехабар ва гумроҳро ба доми фиреби худ андохта, ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил созанд ва ба ҳамин васила вазъро дар кишвар халалдор намоянд. Бехабар аз он ки ҷавонони имрӯза аз фиребу найрангҳои онҳо бохабаранд ва хуб ҳам дарк кардаанд, ки бадбахтиҳои ба сари мардум омадаи ибтидои солҳои навадум маҳз кори дасти раиси ҳизби террористии наҳзати исломӣ — Кабирӣ ва ҷонибдоронаш мебошад. Бар асари ҷиноятҳои содиркардаи онҳо ҳазорҳо оилаҳо бе хонаву дар, садҳо ҳазор кӯдакон бе падар ва беш аз миллион нафар ҳамватанонамон ба кишварҳои хориҷӣ фирор карданд. Душманони миллат бояд донанд ва ҳеч фаромӯш насозанд, ки дигар халқ, махсусан насли наврасу ҷавон ба ҳарфи онҳо гӯш намедиҳад ва ба суханашон бовар надорад. Баръакс, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

          Ба андешаи мо, барои гирифтани пеши роҳи шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷиҳати рафъи мушкилот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем. Ба кормандони соҳаи китобдорӣ лозим аст, ки барои роҳандозии таблиғоти зиддитеррористӣ нақшаи корӣ тартиб диҳанд ва пас аз он дар байни хонандагону аҳолии мамлакат чорабиниҳо баргузор намоянд. Китобдорон бояд дар китобхона, дар байни хонандагон, бо роҳи гузарондани суҳбат, конфронси хонандагон  ва созмондиҳии  намоиши китобӣ тарғибот баранд. Аз ин лиҳоз, мо чунин шаклҳои корҳои оммавиро пешкаш менамоем: Аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори омма, бавижа барномаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои интернетӣ оид ба оқибатҳои ҳалокатбори пайвастшавӣ ба ин гурӯҳҳо, бо овардани далелҳои мушаххас, матолиби таҳлилӣ нашр ва пахш намоем.

        Барои ҳалли ин масъала якҷо бо ниҳодҳои қудратӣ дар корхонаю муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кишвар  мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуда, ба наврасону ҷавонон маслиҳатҳои муфид додан, ба мақсад мувофиқ аст. Фаромӯш набояд кард, ки мо — ҷавонон аз осмони софу беғубори  ин Ватан нафас мегирему бароямон Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами миллат  шароити мусоиди таҳсил ва фаъолиятро фароҳам овардаанд. Пас месазад, ки ин Ватанро дӯст дорем, онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

                                                                                                 

Зафари  ШАРИФ, 

омӯзгори МДТ «ДДФСТ ба

номи Мирзо Турсунзода»