Таҳти ҳамин унвон дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ба ҳамоиш ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо сухани шодбошӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки вожаи Модар ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфта бошад ҳам, дар мазмуну муҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфтааст. Бузургии Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Зикр гардид, ки Модар бо сиришти поки инсонӣ, фазилати накугавҳарӣ фарҳанги ҷомеаи моро пеш бурда, дар он тухми ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву устувор ва ҷовидонаву давомдор нигаҳ  медорад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созандаи бонувони кишварро  ба таври хосса таъкид  намуда, зикр кардаанд, ки: “Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост”.

      

Шоир ва орифи бузурги тоҷик Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ итоат ба волидайн, махсусан эҳтироми модарро муҳимтар ва афзалтар аз ҳама мешуморад ва мефармояд:

Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,

Гарде аз роҳи модарон бошад.

Ё худ дар ҷойи дигар мегӯяд:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст.

Дар зери қудуми модарон аст.

 

Ба гуфтаи Иқболи Лоҳурӣ,Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату  дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст”.

Дар ҳамоиш таъкид карда шуд, ки арҷгузории баланд ба Зан-Модар бе замина нест, зеро ӯст, ки бузургону нобиғагони зиёдро ба олам додааст, яъне саҳми бузурге дар тарбияту камолоти онҳо ва бад-ин васила дар маънавиёти башар  гузоштааст.

    

    

Баъд аз суханронии ректори донишкада ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳои «Чакомаи гесу», «Сад ранги чакан», «Кадбонуи беҳтарин» ва Арӯссалом” диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Амирхон Шохонов бонувони собиқадори донишкадаро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Аз ҷониби Раёсати донишкада бонувони собиқадор барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон, саҳми бориз гузоштан дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои фарҳанг ва санъат, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани савияи ғоявию ахлоқӣ ва завқи бадеӣ-эстетикии  донишҷӯёну мутахассисони ҷавони соҳа бо сипосномаҳо  сарфароз гардонда шуданд.

     

Дар фароварди ҳамоиш барномаи ҳунарӣ — фарҳангӣ, ки фарогири ғазалҳои «Уфари роғ», «Модар», шеърҳои «Аё модар!», «Тоҷикистонам», «Пазмонам», композитсияи адабӣ — мусиқӣ бо унвони «Модарнома» ва рақсу оҳангҳои марғуб буд, дар иҷрои устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонда шуд.

Додоҷон РӮЗИЕВ