Иди Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, ниёгонамон ин ҷашни бостониро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир карда, умеду орзу ва нияту ҳадафҳои худро дар доираи он ифода менамуданд.

     Ин матлабро ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ,  профессор Муҳриддин Низомӣ дар семинари  илмии «Ҷашни Меҳргон  дар оинаи фарҳанг ва адабиёти тоҷик», ки бо ибтикори кафедраи режисссура ва продюсерии факултаи санъати театрии донишкада баргузор гардид, ироа дошт. Мавсуф оид ба пайдоиши ҷашни Меҳргон, ҷан­баҳои амиқи фалсафӣ, иҷтимоӣ, тақвимӣ — нуҷумӣ (фалакӣ), кишо­варзӣ ва мадании  он маълумот дода, зимнан таъкид кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик, аз ҷумла ҷашнҳои аҷдоди ориёиамон, назири Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон, ки беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд, дубора эҳё гардиданд. Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгонамон дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст.  Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд.

     Фарҳод Мирахмедов, муовини ректор оид ба таълим, перомуни мавзӯи «Фарҳанги таҷлили ҷашни Меҳргон» ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки ин ид 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ меҳр меномиданд, ҷашн гирифта мешуд ва он рӯз мутобиқ ба 8 октябри тақвими григорианӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, вожаи меҳр дар асотири Эрони бостон дар шакли Митра дучор мешавад, ки эзади фурӯғу рӯшноӣ ва паймоншиносӣ будааст.

     Мавзӯи дигаре, ки дар семинари илмӣ мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифт, «Рамзҳои ҷашни Меҳргон» буд. Наргис Султонова перомуни рамзҳои Меҳргон ибрози назар намуда, аз ҷумла гуфт, ки ранги сафед рамзи орзую умеди инсон, бахту саодат ва барору равшанӣ буда, дар хони Меҳргон гузоштани ангури сафед рамзи покӣ, рӯшноӣ ва озодагӣ мебошад.

     Мастон Умедов, декани факултаи фарҳангшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа, атрофи се ҷанбаи муҳимми ҷашни Меҳргон ва ҳамоҳангии ин ҷашн бо устура, дину оин ва ҳикмат (фалсафа) андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки аслан, ҷашну оинҳои миллию мардумӣ таҷассумкунандаи кайфияти зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ буда, рӯҳияи миллию мардумиро дар тӯли зиндагии башарӣ ифода менамоянд. Аз ин лиҳоз, кулли ҷашнҳои миллии мо ҳамоҳангӣ ва робитаи ногусастание бо устура, дину оин ва ҳикмат доранд. Дар ин маврид Фирдавсии бузург мефармояд: «Бар мабнои устураматнҳои бостонӣ аносири фарҳангии як ҷомеа дар тӯли таърих идома меёбанд ва ин аносирро бо густариши худ аз насле ба насле дигар ва асре ба асре дигар мунтақил мекунанд».  Яъне, устура низ чун унсури таркибии фарҳанг дар раванди аз насл ба насл интиқол ёфтани анъаноту маросим ва ҷашну оинҳои миллӣ нақши бориз дорад.

     Тазаккур дода шуд, ки дар силсилаи оину ҷашнҳои миллию мардумӣ ҷашни Меҳргон ҷойгоҳи хосса дорад. Собиқаи амиқи фалсафии ҷашни Меҳргон дар доираи асотири бостонии миллӣ таҳаққуқ ёфтааст. Асоси ҳикмати таҷлили ҷашни Меҳргон ба дарки волоияти инсон, арҷгузорӣ ба ақлу заковат ва меҳнати ҷисмониву маънавии инсон, ҳамзамон ба муҳаббат, самимият, илтифот ва фазилати инсон аст. Зеро дар ҳар давру замон мардуми сарбаланди тоҷик, новобаста ба шароити сиёсию иҷтимоӣ ба зиндагӣ ва инсон арзиши баланд қоил будаанд ва тавассути таҷлили ҷашну маросим, қабл аз ҳама, иттиҳоду ҳамбастагии инсонҳоро тарғиб менамуданд. Зеро кулли ҳаракот дар ин олам баҳри инсон ва барои дарки мақому манзалати инсон аст.

     Дар семинари илмӣ, инчунин мавзӯъҳои «Ҷашни Меҳргон ва тирамоҳ: инъикоси маросими мавсимӣ», «Ҷашни Меҳргон дар даврони истиқлол», «Нигоҳе ба таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон» ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин ҷашни бостонӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

     Семинари илмии «Ҷашни Меҳргон  дар оинаи фарҳанг ва адабиёти тоҷик» — ро муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ Алишер Авғонов ҷамъбаст намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо раванди эҳёи анъанаву расму оини миллӣ ва бахусус ҷашнҳои миллӣ васеъ ба роҳ монда шудаааст. Вобаста ба ин, мо ҷавонони саодатманди даврони истиқлол бо шукргузорӣ аз ин сиёсат бояд пайваста дар пайи пажӯҳиши илмии ин падидаҳои фарҳангӣ бошем. Паҳлуҳои норавшан ва аҳаммияти ин ҷашнҳоро омӯзем, арзишҳои онҳоро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳони бесуботу ноороми муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба фарҳангу маънавиёти мо низ таъсири манфӣ расонида метавонад, омӯзиши суннату анъанаҳои миллӣ ва истифодаи онҳо ба хотири ҳифзи ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат бисёр муҳим мебошад.

Додоҷон РӮЗИЕВ