Дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 3 октябри соли равон, ҷаласаи навбатии  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии  «Оламафрӯз» — и  ҲХДТ баргузор гардид.  Дар  кори  он  аъзои  ҳизб,  собиқадорон ва донишҷӯён  ширкат варзиданд.

Ба ҷаласа  раиси ташкилоти ибтидоии  ҳизбии  «Оламафрӯз», доктори илмҳои филологӣ,  профессор  Низомӣ Муҳриддин Зайниддин  ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, мутобиқи нақшаи корӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  ба роҳ монда, як қатор чорабиниҳои  сиёсию фарҳангӣ, конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, семинар, мизҳои мудаввар ва суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуд.

Мавсуф  зикр намуд, ки  аъзои ташкилоти ибтидоии «Оламафрӯз» ҳамаи дастуру  супоришҳои ҳизбиро  вазифаи касбии худ шуморида, баҳри татбиқи онҳо  саъю талош  менамоянд. Қабули аъзои нав ба сафи ҳизб яке аз масъалаҳои умда ба ҳисоб меравад. Алҳол  аъзои ташкилот  75 нафарро ташкил медиҳад.  Имрӯз  барои аъзо шудан  ба сафи ҳизб 50 нафар омӯзгору донишҷӯ  ариза  пешниҳод намуданд, ки  ҳамаи онҳо  ба сафи ҳизб  қабул карда шуданд.

   Дар  кори  ҷаласа  аъзои  ҳизб Д. Сангинова, Б. Холов,  М. Сабурӣ низ  андешаронӣ намуданд. Фаъолияти гурӯҳи таҳлилӣ  аз ҳисоби аъзои ҳизб дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» ба роҳ монда шуд. Мақсади ягонаи он, пеш аз ҳама, дастгирии  сиёсати сулҳҷӯёнаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои  террористӣ, экстремистӣ ва   дигар зуҳуроти номатлуби ба ҷомеа зиёновар маҳсуб меёбад.

          Равшанова  Нилуфар –омӯзгори

кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ