Гузориши мухтасар аз ҷараёни баргузории маҳфили «Ҷаҳони фарҳангӣ»-и кафедраи филология дар робита бо Рўзи ҷаҳонии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони «Мавлоно ва мо»

   29-уми сентябри соли ҷорӣ, соати 10-00 дар синфхонаи ихтисосии №20 маҳфили навбатии “Ҷаҳони фарҳангӣ”-и кафедраи филология таҳти унвони “Мавлоно ва мо” (ба ифтихори Рўзи ҷаҳонии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) баргузор гардид.

Ин дафъа маҳфил дар қолаби дарс-семинар доир гардида, дар кори он устодону донишҷўёни факултаи санъати театрӣ ва ихлосмандони шеъри Мавлоно бо шумули Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рўдакӣ Мирзоватан Миров, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов, садри факултаи санъати театрӣ Собир Боев, муовини декани факултаи санъати театрӣ Дилшод Умаров, мудири кафедраи рўзноманигори телевизион Зулфия Мирзода ширкат варзиданд. 

Дарс-семинар бо гузориши илмии устоди кафедраи филология Нозим Нурзода “Мавлоно ва имрўз” оғоз ёфта, мавсуф ҳудуди 20 дақиқа дар бораи шахсияти миллӣ ва фаромиллии Мавлоно, мақом ва ҷойгоҳи ў дар фарҳанг ва тамаддуни ватанию хориҷӣ, таъсири шеър ва сухани ориф дар ҳавза ва муҳитҳои фикрию мадании ғарбӣ, сатҳи омўзиш ва таҳқиқи Мавлоно дар Ғарб иҷмолан суҳбат кард. Таъкид гардид, ки Мавлоно на танҳо барои дирўз, балки барои имрўз ва ояндаи фарҳанги миллӣ, манбаи зарурии омўзиш ва улгугузинӣ буда метавонад.

Дар шароити ҳассоси бархурдҳои тамаддунӣ ва авзои ноҷури минтақавӣ миллат ва фарҳанги моро мероси гаронарзиши Мавлоно ҳифзу ҳимоят карда метавонад.

Баъдан, ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Миров ва Т.Розиқов, садри факултаи санъати театрӣ С.Боев, мудири кафедраи филология З.Изатзода ва устоди кафедраи мазкур А.Ғоибов перомуни вежагиҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, адабӣ ва динии Мавлоно изҳори назар карда, бар он таъкид варзиданд, ки тоҷику тоҷикистониён ҳамеша ба осору мероси ин симои мондагори миллӣ ниёз доштанду доранд.

Музокирин, аз ҷумла, тазаккур доданд, ки насли ҷавон ва қишри донишҷўии моро зарур аст, ки дар омўзиши осори Мавлоно сахткўш бошанд, то ин ки аз буҳронҳои ҳувиятӣ, нажодӣ, ақидатӣ ва мазҳабӣ, ки дар баданаҳои иҷтимоӣ решадор шудаанд, беосеб ба дар оянд.

Дар хотимаи дарс-семинар донишҷўён ва ширкаткунандагон аз тариқи суолу ҷавоб дидгоҳ ва назароти худро роҷеъ ба шахсият ва мероси ин нобиғаи миллӣ иброз доштанд.

Ба таври куллӣ, маҳфили илмӣ, ки дар қолаби дарс-семинар сурат гирифт дар фазои муътадили таълимию эҷодӣ доир гардид ва ҳузури коршиносони маъруфи театри миллӣ сатҳи баланди эҷоди онро таъмин кард.

 

Мудирияти кафедраи филология.