Бо ҳамин унвон  дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” конференсияи илмӣ — амалӣ баргузор гардид.

Муҳаббат Назарова — мудири кафедраи забонҳои хориҷии донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент дар  мавзӯи “Нақш ва мавқеи малакаи лексикӣ дар ташаккули салоҳияти  комуникативии забони хориҷӣ” маърӯза намуда, зикр сохт, ки нақши луғат барои азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ҳамчун нақши фонетика ва грамматика хеле муҳим мебошад. Луғат мавзӯи фаврии фикрро тавассути функсияи  номинативии худ мерасонад, зеро он ба тамоми соҳаҳои ҳаёт ворид шуда, барои инъикоси  на танҳо ҳодисаи воқеӣ, балки хаёлӣ низ мусоидат мекунад. Грамматика луғатро ба тартиб медарорад, ки дар натиҷа воҳидҳои маъно ба вуҷуд меоянд. Ба ибораи дигар, луғат асоси тамоми фаъолияти  нутқ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, озодона суҳбат кардан ба забони хориҷӣ ба захираи бойи луғавии ҳар як шахс вобастагии калон дорад.

 Бар пояи иттилои Муҳаббат Назарова, дар мавзӯи технологияи азхудкунии луғат  бисёре аз муҳаққиқони соҳаи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ ва психологҳо моҳияти малакаи луғавиро ҳамчун қобилият муайян кардаанд.  Аз ҷумла, пажӯҳишгар Галина Рогова се ҷузъи мундариҷаи таълими луғатро муайян мекунад: забонӣ, методологӣ ва психологӣ.  Ҷузъи забонӣ асосан минимумҳои лексикиро дар бар мегирад. Ҷузъи методологӣ — ин дониш ва малакае мебошад, ки ба донишҷӯ имкон медиҳад бо луғат мустақилона кор кунад. Ҷузъи психологӣ — дараҷаи системаи ҳамроҳкунии калимаҳо, ибораҳо ва ҷумла мебошад. Масалан, ҳангоми фаҳмондани луғати нав муаллим калимаро бо намунаи овозӣ талаффуз мекунад, баъд онро якҷоя талаффуз мекунанд. Баъдан, ҳамон калимаи навро дар шакли навишт мебинанд ва онро сабт мекунанд. Бо ин роҳ азхудкунӣ бештар натиҷабахш мебошад.

Номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии донишкада Мунира Иматшоева, ки мавзӯи “Мушкилоти тадриси забонҳои хориҷӣ дар муҳити бисёрзабонӣ (дар асоси маводи забонҳои тоҷикӣ, шуғнонӣ ва англисӣ) — ро матраҳ мекард, тазаккур дод, ки раванди таълим дар ташаккул ва инкишофи ҷомеа яке аз вазифаҳои асосиро иҷро мекунад. Бинбар ин, аз бомуваффақият омӯзондани забонҳои хориҷӣ на танҳо қисмати як шахсияти аниқ, балки дурнамои тараққиёти соҳае, ки ин шахсият дар он кору фаъолият менамояд ва дониши азхудкардаашро дар амал татбиқ месозад, вобаста мебошад.

Мутахассиси пешбари Раёсати робитаҳои байналмилалӣ Меҳриддин Холов мавзӯи “Таълими забони англисӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ”- ро мавриди баррасӣ қарор дода, иброз дошт, ки вазифаи аввалиндараҷа барои ноил гардидан ба сифати нави таҳсилот дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ин мутобиқат намудани он ба талаботи замони муосир ва бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ мебошад. Омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бояд системаи нави дониш, малака ва қобилиятҳо, инчунин таҷрибаи баланди истифодаи методҳои навин ва технологияҳои навинро дар худ дошта бошанд. Ҳамчунин, пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технологияҳои муосир тақозо мекунад, ки худи омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш ба харҷ дода, фаъолияти инноватсиониро васеъ ба роҳ монанд.

Таъкид намуд, ки имрӯзҳо ба зиммаи кормандони соҳаи маориф, ба хусус, омӯзгорон вазифаҳои ниҳоят муҳим, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон, инчунин ба шароити замона мутобиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи таълим вогузошта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои  ислоҳоти  соҳаи  маориф  таваҷҷӯҳи  махсус  зоҳир  намуда,  қайд мекунад, ки «…дар ин раванд як нуқтаро дар назар бояд дошт: дар ҷаҳони муосир  кишваре  ба  дастовардҳои  бузург  ноил  мегардад,  ки  ба  баланд шудани  сатҳи  маърифат  дар  ҷомеа  таваҷҷуҳи  хосса  зоҳир  карда,  техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд…».

Таҷрибаҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои васеъ гардидани самти омӯзиши забони англисӣ дар зинаҳои таҳсилоти умумии мамлакат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, аз қабили компютер, видеопроектор, синфхонаҳои лингофонӣ, паркҳои технологӣ, тахтаҳои электронӣ ва дигар таҷҳизотҳои инноватсионӣ саҳми арзанда доранд. Ба воситаи технологияи инноватсионӣ ба хонандагон омӯзонидани ҷабҳаҳои васеи самтҳои омӯзиши забони англисӣ, ба монанди рӯнамоиҳои мултимедиявӣ (презентатсияҳо), бозиҳои гуногуни шавқовари таълимӣ, дарсҳои интерактивӣ, дарсҳои кушод, викторинаҳо, гузаронидани тестҳои кушода ва пушида ва ғайраҳо дар раванди таълими дарсҳои забони англисӣ хеле натиҷабахш мебошанд.

Дар конференсияи илмӣ — амалӣ, инчунин мавзӯъҳои “Робитаи мутақобилаи забон ва фарҳанг дар ташаккули иқтидори тарбиявии донишҷӯён дар дарсҳои забони хориҷӣ”, “Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълими забони хориҷӣ”, “Усулҳои тарбиявии инкишофдиҳанда дар таълими забонҳои хориҷӣ”,  “Таъсири бозиҳои дидактивӣ дар омӯзиши забони англисӣ”, дар маҷмӯъ 15 мақолаи илмӣ шунида шуд.

Додоҷон РӮЗИЕВ