Дар Театри таълимии МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 22 августи соли равон, бахшида ба ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» маросими супурдани мукофотҳо баргузор гардид. Дар он мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Эраҷ Рамазонов, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

   Ба ҷаласа ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» — ро аз номи раёсати донишкада табрику муборакбод намуд. Мавсуф иброз дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, № АП-1335 бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор гардида истодааст. Озмун баҳри тарғиби санъати асил, боз ҳам ғанитар гардонидани фазои маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик мусоидат хоҳад кард.

      Бар пояи иттилои ректори донишкада, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муаллимон ва донишҷӯёни донишкада дар даври ноҳиявии озмун, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гашт, фаъолона иштирок намуда, соҳиби шоҳҷоиза, 4 ҷойи 1-ум, 2 ҷойи 2-юм ва 2 ҷойи 3-юм гардиданд.

     Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Эраҷ Рамазонов ба иштирокчиён Дилбар Шарипова, Исрибшоева Нуриниссо, Мубасири Маҳмадализода, Шарипов Қобилҷон, Имомёров Меҳроб, Худойдодов Баҳриддин, Шоҳрухи Акрам, Нозимов Абдусалим, Мирзоев Акрам ва Маҳмудов Фирдавс, ки аз рӯи шартҳои озмун ҳунарнамоӣ карда, ғолиб омаданд, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Инчунин, ғолибон аз тарафи раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада аз ҷиҳати молиявӣ ҳавасманд гардонда шуданд.

     Боиси ифтихор аст, ки муаллими калони кафедраи фортепиано ва гузориши овози донишкада Дилбар Шарипова дар ин озмун соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

   Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона дар баргузор намудани даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20 августи соли равон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ, муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ Баҳрулло Нарзуллоев, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, роҳбари ансамбли «Фалак»-и донишкада Раҳматулло Ҳошимов бо Ифтихорномаи раиси ноҳияи Сино сарфароз гардонда шуданд.

    Дар ҳамоиш, инчунин, оид ба пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла коронавируси нав табодули афкор сурат гирифт. Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ вобаста ба ин мавзӯъ иброз дошт, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро бемории сироятии COVID-19 ба ташвиш овардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Мавсуф зикр намуд, ки шарти асосии пешгирии ин беморӣ- риояи қоидаҳои санитарӣ, шустани дастон бо маҳлулҳои спиртдори антисептикӣ ва собун, истеъмоли оби ошомидании ҷӯшонидашуда, тозагии манзили зист, муҳити атроф ва аз ҳамдигар дар масофаи як метр дуртар муошират намудан, бо даст салом накардан ва ғайра мебошад.

     Гуфта шуд, ки дар донишкада корҳои профилактикӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии нави коронавирус “СОVID — 19” идома доранд. Дар даромадгоҳи донишкада, биноҳои таълимӣ ва хобгоҳ барои пешгирии ин беморӣ қолинчаи безараргардонӣ гузошта шуда, дастони устодону донишҷӯён ва меҳмонон бо маҳлули антисептикии 95% тоза карда мешаванд. Воридшавӣ ба донишкада бе ниқоб (маска) манъ гардидааст. Мутахассиси санитарии донишкада ҳамарӯза дар раванди дарсҳо вазъи саломатии донишҷӯёнро таҳти назорат гирифта, дар ҳолати зарурӣ ёрии аввалияи тиббӣ мерасонад.

    Дар ҷаласа мутахассиси санитарии донишкада Зайналобиддин Назаров ва ҳуқуқшиноси донишкада Ҳошимхуҷа Кенҷаев оид ба пешгирӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии риоя накардани меъёрҳо дар ҳолати паҳн шудани касалиҳои сироятӣ аз нигоҳи қонунгузорӣ ибрози андеша намуданд.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ