30 октябри соли 2020 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмӣ баргузор гардид. Маросими мазкур дар Қасри Миллат, Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии афроди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

     Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки тавассути экрани калон намоиш дода шуд, ҳайати профессорону устодон, донишҷўён ва кормандони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар толори консертии «Арғунун» ва Театри таълимии донишкада тамошо карданд.

     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толори тантанаҳои савгандёдкунӣ зери оҳанги мутантан ва марши ифтихорӣ ворид шуданд. Сарвари давлат ба болои шоҳсуфа баромада, мутобиқи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти рост ба болои Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд карданд.

      Баъд аз ин Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои оркестри симфонӣ ва ҳамсароён ва аҳли толор ба таври зинда садо дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ин лаҳза ба марҳилаи нави роҳбарии давлат расман ворид шуданд, дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.

     Баъди анҷоми суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери садои мусиқии ифтихорӣ ва кафкӯбии бардавоми ҳозирин ба маросими гулгузорӣ ба пояи Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва савганди садоқат ёд намудани афроди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони Дӯстии пойтахт раҳсипор шуданд.

     Дар ин тантанаи бошукӯҳ беш аз 8 ҳазор ҳайати махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки шомили сохторҳои гуногуни низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти қудратии кишвар мебошанд, ширкат намуданд.

     Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду бовари бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро ба дӯшашон вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён намуданд. Ҳамчунин, бо эҳтироми бениҳоят бузург изҳор доштанд, ки «Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд. Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам. Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ медиҳам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдори сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам. Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонии ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам».

        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон бо итминони комил зикр намуданд, ки «ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву неруманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».

     Маврид ба зикри хос аст, ки ин чорабинӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо чунин тартиб бори сеюм ҷараён гирифта, аз эҳёи боз як оини бостонии давлатдории ниёгонамон гувоҳӣ медиҳад.