Намоишномаҳои дипломии хатмкунандагони шуъбаи актёрии факултети театр, кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз 24 майи соли равон оғоз меёбанд.

   24 майи соли равон  намоишномаи «Олами вуҳуш» аз рӯи асари Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Абдулҳафиз Қодиров, 27 май «Табиби зуракӣ» аз рӯи асари Ж. Б. Молиер, 31 май  намоишномаи «Умед» аз рӯи асари Шодӣ Солеҳ ва рӯзи 3 июни соли ҷорӣ  «Эдип» аз рӯи  асари Софокл дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессори кафедраи маҳорати актёрӣ Тағоймурод Розиқов дар театри таълимии донишкада пешкаши Комиссияи имтиҳони давлатӣ ва  манзури тамошобинон гардонда мешавад. Ҳамчунин, рӯзи 9 июн дар Муассисаи давлатии театри академӣ- драмавии ба номи А. Лоҳутӣ кори коргардонии хатмкунандаи шуъбаи магистратура, ихтисоси  режиссураи драма (курси олӣ) Шуҷоат Ҷалолиддинов  «Шаби танҳоии як зан»  аз рӯи  асари  Ғаюр Ашӯр намоиш дода мешавад.  Баргузории  намоишномаҳои соати 10.00.

   Саҳнаҳои  театрӣ барои  шинос шудан бо чеҳраҳои тозаи саҳнаи театр, баҳравар гардидан аз  осори драматургони хориҷу тоҷик ва ғизои маънавӣ гирифтани Шумо шароит фароҳам меорад.  Тамошои намоишномаҳо ройгон аст.

   Бо лутфу меҳрубонӣ садорати факултаи театр, кино ва телевизион, шуморо ба тамошои намоишномаҳои дипломии хатмкунандагон таклиф менамояд.

Б. Раҳимов, омӯзгор