Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун марҳилаи сифатан нав барои васеъ гардидани доираи фаъолияти факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ мусоидат намуд. Бо шарофати ин рӯйдоди муҳимми сиёсӣ имкониятҳои моддӣ ва ақлониву зеҳнии факултет боз ҳам фарохтар гардида, дастовардҳои он дар самти тарбияи мутахассисон ва таҳқиқи проблемаҳои назариявии илмии китобдории тоҷик бештар гардиданд.
Бо ширкати фаъолонаи олимони факултет як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, барномаҳои давлатии фаъолияти китобдорӣ, маҷмуаҳои гуногуни илмӣ бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ, стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, нақшаҳои таълимӣ таҳия ва чоп гардиданд.
Робитаи факултет бо марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ густариш ёфта, олимону мутаххассисони хориҷӣ ба ҷараёни таълиму тарбияи донишҷӯён ва пажуҳиши проблемаҳои муҳимтарини соҳа ҷалб гардиданд.
Шумораи осори илмии омӯзгорони факултет афзуда, сифату самаранокии онҳо беҳтар ва натиҷаи таҳқиқоташон дастраси доираи васеи аҳли илми хориҷи кишвар гардид.
Имрӯз факултет дар ҷараёни мутобиқсозии таҳсилоти касбии китобдорӣ ба стандартҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон пешоҳанг аст. Олимону мутахассисони факултет омодаанд ба ҳама гуна таҳаввулоти ҷомеаи муосири иттилоотӣ ҷавоб гӯянд.
Муҳимтарин дастоварди факултет ин ташаккули мактаби китобдории миллӣ мебошад. Имрӯз толибилмони ҳамин мактаб дар таҳия ва чопи маводи таълимӣ ба забони тоҷикӣ нақши фаъол доранд. Айни ҳол теъдоди зиёди китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимие, ки аз ҷониби онҳо таълиф гардидаанд, мавриди истифодаи донишҷӯён ва мутахассисони соҳа қарор доранд.
Бо назардошти он ки бо гузариш ба низоми кредитии таҳсилот талаботи донишҷӯён нисбат ба маводи таълимӣ ва адабиёти иловагӣ бештар мегардад, омӯзгорон Б. Сайфуллозода, Г. Маҳмудов ва Зафари Шариф дастури таълимии «Маҳзани маърифат»-ро бо фарогирии доираи васеи мавзуҳои муҳими соҳа аз осори муҳаққиқон, бахшида ба истиқболи 50-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» таҳия намуданд.
Дастур аз 3 боб иборат буда, боби аввал ба масъалаҳои таърихи ташаккулёбии факултет, кафедраҳои он, таҳлили вазъи низоми таҳсилот, ҷараёни таҳияи маводи таълимӣ, пажуҳиши масъалаҳои соҳаи китобдорӣ бахшида шудааст.
Дар боби дувум санаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти омӯзгорони факултет, натоиҷи таҳқиқоти онҳо инъикос ёфтаанд.
Боби сеюм маводи кӯмакрасон барои донишҷӯёни факултет унвон дошта, дар он теъдоди хатмкардагони факултет, китобномаҳои шарҳиҳолии омӯзгорон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ва Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ворид гардидаанд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки дастури мазкур таххассуси китобдориро пурбортар гардонида, барои омӯзиши он кӯмак хоҳад расонд.
Барои дарёфти ҳарчи бештари иттилоот мундариҷаи «Маҳзани маърифат»-ро манзури хонандагон мегардад:
Наботов ШАРИФ,
муовини декани факултети
МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»