Маҳфили навбатии илмии устодон ва донишҷӯён «Маҳфуздорон»-и назди кафедраи бойгоншиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, ки дар он асосан мавзӯҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тахассусӣ мавриди баҳсу мунозира қарор мегирад 2 ноябри соли ҷорӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои актуалии соҳаи бойгоншиносӣ” баргузор гардид. Дар маҳфил кормандони Раёсати таълими Донишкада, устодони факултет ва тамоми донишҷӯёни курсҳои 1-4-и ихтисоси бойгоншиносӣ иштирок намуданд. Мудири кафедраи бойгоншиносӣ, номзади илмҳои таърих Р.Ф.Ҷобиров ба маҳфил ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳозиринро ба муносибати 25- умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Аз ҷумла, мавсуф қайд намуд, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият қабули Конститутсия аз бузургтарин дастовардҳои кишвари маҳбубамон ба ҳисоб меравад. Дар он рӯзҳои сангин қабули Конститутсияе, ки тамоми паҳлӯҳои ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурии моро ҳамчун давлати демократӣ ба танзим дарорад ва арзишҳои фарҳангӣ ва миллиамонро ифода кунад, кори саҳлу осон набуд. Аммо бо ташаббуси сарвари оқилу хирадманди тоҷикон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва фарҳанги баланди сулҳофариниву инсондӯстии мардуми тоҷик дар он лаҳзаҳои ниҳоят ҳассос, ки тақдири Тоҷикистон муаян мегашт, бо назардошти вазъи ногувори сиёсӣ ин Конститутсия- шиносномаи миллат дар овоздиҳии умумихалқи қабул карда шуд.

   Сипас мувофиқи барномаи кории маҳфил сухан ба маърӯзачӣ, дотсенти кафедраи бойгоншиносӣ С.С.Шарофуддинов  дода шуд, ки муҳимтарин паҳлуҳои соҳа, проблемаҳои мавҷуда ва махсусан роҳҳои ҳалли онҳоро пешкаши ҳозирин намуд. Дар рафти баромад С.Шарофуддинов навореро ба ҳайси филми ҳуҷҷатӣ пешниҳод намуд, ки ба воситаи он донишҷӯён оид ба заминаҳои таъсисёбии бойгониҳо дар Тоҷикистон, лаҳзаҳои фаъолияти бойгониҳо ва мушкилотҳои мавҷуда маълумоти муфид ба даст оварданд. Қайд гардид, ки бозӽам беӽтар намудани сифати кори бойгониӽо, ба талабот ҷавобгу намудани шароити нигоӽдории ӽуҷҷатӽо, ба талаботи бойгониӽои типпи муосир ҷавобгӯ намудани Бойгонии аксу садо ва синамои мамлакат, нарасидани мутахассисони соӽа, боз ӽам беӽтар намудани сатӽу сифати таълим ва ҷоннок намудани ӽамкориӽои кафедра бо Саридораи бойгонии назди Ӽукумати Ҷумӽурии Тоҷикистон аз проблемаӽои актуалии соӽа дар ҷумӽурӣ маӽсуб меёбад.

     Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи иштирокчиён муҳимтарин паҳлӯҳои мавзӯъ баррасӣ ва мавриди баҳс қарор додашуд. Мақсад аз баргузор намудани чунин маҳфилҳо, пеш аз ҳама дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дониши донишҷӯён ва ассистентон ба ҳисоб меравад.