Дар санаи 1 октябри соли 2019 мувофиқи низомномаи фаъолияти кафедраҳо дар назди кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ маҳфили аввалини илмии устодон ва донишҷӯён  дар мавзӯи «Тасдиқи аъзои маҳфил бо тавсияи  кафедра ва роњбари кори илмӣ (доктор PhD, магистр ё ин ки донишҷӯ)»  баргузор гардид.

   Нақшаи кори маҳфил бо ноиби ректор оид ба илм Амиров Р. А. мувофиқа шуда, аз тарафи Рекори ДДФСТ ба номи М.Турсунзода Усмонзода Х.У. тасдиқ гардидааст.

   Тибқи  нақшаи  баррасишуда дар ҳар як ҷаласа як мутахассиси соҳа оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ роҳҳо, проблемаҳо ва навовариҳои  илм баромадҳо менамоянд.

   Дар маҳфили баргузоргардида  донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуданд.

   Номзади илмҳои таърих — Мамадазимова Майрам — роҳбари маҳфили  «Муҳаққиқони ҷавон», дар бораи фаъолияти маҳфил суханронӣ намуда,  иштирокчиёнро бо мазӯҳои нақшаи кори маҳфил  дар  соли хониши 2019-2020 шинос намуд.

   Дар маҳфил аз тарафи донишҷӯёни курси 4-ум оид ба мавзуҳои нақша кори маҳфил саволу ҷавобҳо баргузор гардид.

   Дар ҷамъбасти ҷаласа қарор қабул карда шуд:

1.Рафти ҷаласа протокол карда шавад.

2.Аз рӯи протокол гузориш омода карда шуда, ба роҳбарият пешниҳод шавад.

3. Гузориши ҷаласа дар сомонаи ДДФСТ ба номи М.Турсунзода гузошта шавад.

Иштирокчиён қарори ҷаласаро бо як овоз тасдиқ намуданд.

Котиби маҳфили  «Муҳақиқони ҷавон»
Омӯзгори кафедраи китобхонашиносӣ
ва библиографишиносӣ
Равшанова Н.