19 — УМИ АПРЕЛИ СОЛИ РАВОН ДАР БАЙНИ ДОНИШҶӮЁН ВОБАСТА БА ТАРҒИБИ КОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ШАҲРВАНДӢ АЗ ҶОНИБИ КАФЕДРАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИҶТИМОӢ — ФАРҲАНГӢ ВА САЁҲИИ ФАКУЛТЕТИ ФАРҲАНГШИНОСӢ МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ ФАРҲАНГ ДАР ТАРБИЯИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ҲИССИ ВАТАНДУСТИИ ҶАВОНОН” ДАР ДОИРАИ МАҲФИЛИ “МОДУЛҲОИ МУОСИРИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД. Дар маҳфили мазкур муовини ректор оид ба тарбия ва корҳоӣ иҷтимоӣ Изатзода З., декани факултет Саидов Қ., омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисоси менеҷменти соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ иштирок намуда, дар мавзуҳои мухталиф маърӯзаҳои илмии худро ироа намуданд. Пас аз ироаи маърузаҳо байни устодон ва иштирокчиён мунозираҳои илмӣ доир гардид.
Боиси қайд аст, ки донишҷӯён барои иштирок ва баромад намудан дар маҳфили илмии назди кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва саёҳӣ шавқу рағбати зиёд дошта, нисбат ба соҳаи пешгирифтаашон таваҷҷуҳи махсус доранд. Бояд зикр намуд, ки маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Модулҳои муосири муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ» ва мавзуъҳои банақшагирифташуда, ба он равона карда шудааст, ки савияи донишу малака ва ҳисси худшиносиву ватандӯстии донишҷӯёнро баланд бардорад ва барои дарёфт намудани истеъдодҳои нав дар ин соҳа мусоидат намояд. Дар маҷмуъ, маҳфили мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба роҳбари маҳфили илмӣ н.и.п., профессор Турсунова М., роҳбари илмии донишҷӯён н.и.п., дотсент Назарова З. ва мудири кафедра н.и.п., ив. дотсент Раҳмонов А. миннатдории худро баён намуданд.