Мувофиқи низомномаи фаъолияти кафедраҳо дар назди кафедраи бойгоншиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ маҳфили илмии устодон ва донишҷӯён «Маҳфуздорон» таъсис дода шуд, ки моҳе як маротиба аз рӯи барнома ва нақшаи кории маҳфил баргузор мегардад. Дар маҳфил асосан мавзуҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тахассусӣ мавриди баҳсу мунозира қарор мегирад. 26 сентябри соли равон нахуст маҳфили илмии «Маҳфуздорон» баргузор гардид.

   Дар кушодашавии маҳфил намояндагони Раёсати таълими Донишкада, декани факултети китобдорӣ, дотсент Б.Холов, устодони факултети китобдорӣ, пеш аз ҳама кафедраи бойгоншиносӣ ва тамоми донишҷӯёни курсҳои 1-4-и ихтисоси бойгоншиносӣ ширкат варзиданд.

   Пас аз кушодашавӣ, маърӯзаи нахустин аз ҷониби мудири кафедраи бойгоншиносӣ, сарвари маҳфили «Маҳфуздорон», номзади илмҳои таърих Р.Ҷобиров таҳти унвони «Заминаҳои таърихӣ ва сиёсии таъсисёбии Тоҷикистони соҳибистиқлол» пешкаши ҳозирин гардид. Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи иштирокчиён муҳимтарин паҳлӯҳои мавзӯъ баррасӣ мавриди баҳс қарор додашуд. Мақсад аз баргузор намудани чунин маҳфилҳо, пеш аз ҳама дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дониши донишҷӯён ва ассистентон ба ҳисоб меравад.