Имрӯз бо ташаббуси кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили муҳаққиқони ҷавон бо унвони «Зина ба зина тай кардани роҳи илм»  баргӯзор гардид.

   Ба кори маҳфил декани факултет Холов Б.С., бо сухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф қайд намуд, ки  имрӯз ҷавонон бештар ба корҳои  илмӣ-таҳқиқотӣ майл доранд. Вазифаи ҳар як устод аз он иборат аст, ки ба   донишҷӯён  роҳу усулҳои иҷрои корҳои илмиро ёд диҳанд.

[metaslider id=2067]

   Роҳбари маҳфил номзади илмҳои таърих М. Мамадазимова  дар баромадашон дар бораи маъмурият ва таснифи он, шаклҳои таҳқиқот бунёдӣ , таҷрибавӣ,  тасвирӣ, таҳлилӣ, муқоисавӣ ҳарф заданд.

   Омӯзгори калони кафедра Т. Назаров дар маърузаашон таъкид намуданд, ки  мо бештар ба донишҷӯён барои иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавзуъҳои мубрами соҳаи китобдориро пешниҳод намоем.

   Дар кори маҳфил омӯзгорон Н. Раҷабова,  А. Хоҷаев, А. Мисралиев ,  Н. Равшанова ва мудири кафедра Зафари Шариф  дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба донишҷӯён маслиҳатҳои  муфид доданд.

   Дар охири кори маҳфил аз ҷониби омӯзгорон  ба чанд суоли донишҷӯён посух гардонида шуд.

 

                                                                           Равшанова  Нилуфар

                                                                               омӯзгор