Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 6 феврали соли 2020, нишасти матбуотӣ баргузор  гардид. Дар он ректори донишкада, ноибони ректор, деканҳои факултаҳо ва хабарнигорон аз рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», АМИТ «Ховар», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Баҳори Аҷам», ҳафтаномаи «Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Телевизиони Тоҷикистон», Радиои Тоҷикистон, Радиои «Садои Душанбе» ва Радиои «Овози тоҷик» ҳузур доштанд.

   Ба нишасти матбуотӣ ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳусни оғоз бахшида, ба намояндагони васоити ахбори омма оид ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ — таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ, тарбиявӣ, эҷодӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯҳои ба ҳаёти донишкада рабтдошта маълумоти муфассал дод. Мавсуф, аз ҷумла зикр сохт, ки дар давраи ҳисоботӣ Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф  фаъолияти 5 — солаи донишкадаро мавриди санҷиш қарор дод.  Аз ҷониби экспертони хадамот фаъолияти илмӣ-таълимии донишкада мусбат арзёбӣ гардида, барои фаъолияти 5 соли минбаъда иҷозат дода шуд. Дар ин раванд, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бо пешниҳоди роҳбарияти донишкада барои 5 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр, 9 ихтисос дар зинаи магистратура ва 4 ихтисос дар зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) иҷозатнома дод. Ихтисосҳои наве, ки дар зинаи бакалавр барои қабул иҷозат дода шуданд, аз кори ноширӣ, таҳсилоти ибтидоӣ (санъати мусиқӣ), WEB-журналистика, иттилоот ва робита бо ҷомеа ва санъатшиносӣ иборат мебошанд.

   Бино ба гуфтаи ректор, донишкада бо 26 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст. Соли равон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва Донишгоҳи Католикӣ дар Рузомбероки Ҷумҳурии Словакия ба имзо расид. Чунин созишнома бо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Перми Федератсияи Россия дар арафаи имзо аст.

   Дар давраи ҳисоботӣ 6 монография ба нашр расида,  аз ҷониби магистрону докторон (PhD) ва унвонҷӯён 36 мақолаи илмӣ дар  маҷаллаҳои илмӣ, аз ин 26 мақола дар маҷаллаҳои  тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  интишор ёфт. Дар ин давра маҷмӯаи «Се соли рушди ҳунару истеъдод», ки фаъолияти гуногунҷанбаи донишкадаро дар солҳои 2017-2019 дарбар мегирад, аз чоп баромад.

   Бар пояи иттилои ректори донишкада, дар давоми соли 2019 дар самти илм ва робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати таҳким бахшидани самти корҳои илмӣ ва васеъ намудани доираи муносибатҳои  байналмилалӣ як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.  Аз ҷумла, 25-26 апрели соли 2019  дар донишкада Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ  таҳти унвони «Масъалаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (таҷриба, тамоюл ва дурнамо)» баргузор гашт, ки дар он зиёда аз 160 маърӯзаи илмӣ шунида шуд.  Аз ҳисоби мақолаҳои  дар конференсияҳои илмӣ-назариявии солҳои 2018 — 2019 пешниҳодгардида маҷмӯаи мақолаҳо таҳти унвони “Масъалаҳои  рушди фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонишавӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишварҳои ИДМ” дар ҳаҷми 574 саҳифа, дар соли 2019, аз чоп баромад. Соли гузашта донишкадаро 399  нафар, аз ҷумла 26 нафар бо дипломи аъло хатм кард.

   — Дар риштаи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба дарёфти грантҳои хориҷӣ лоиҳаи пешниҳоднамудаи донишкада дар мавзӯи «Фестивали байналмилалии «Шарқ ва Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар ҳавзаи фарҳангии ИДМ» аз ҷониби МФГС (ХБҲГ) тасдиқ гардид. Инчунин, 3 лоиҳа ба Бонки ҷаҳонӣ барои дарёфти грант дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» пешниҳод гашта, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дутои он пурра дастгирӣ ёфта, маблағгузорӣ хоҳанд шуд.,- иброз дошт М. Низомӣ.

   Хабарнигорон ба пурсишҳои худ оид ба ҳамкориҳои донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, табодули донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳо,  тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои нав, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагон, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, робитаҳои байналмилалии донишкада, шароити таҳсил, фаъолияти китобдорӣ ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ