Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 27 июли соли 2020, оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар нимсолаи аввали соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Ба нишаст ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳусни оғоз бахшида, ба намояндагони васоити ахбори омма оид ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ — таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ, тарбиявӣ, эҷодӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳим маълумоти муфассал дод.

   Ректори донишкада, аз ҷумла зикр сохт, ки дар давраи ҳисоботӣ муаллими калони кафедраи филология Зулайхо Иззатова, муаллими кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ Нурулло Табаров, сардори раёсати таълим Фирдавс Арабов ва муаллими кафедраи забонҳои хориҷӣ Гулҷаҳон Самадова рисолаҳои илмӣ дифоъ намуданд.

   Тазаккур дода шуд, ки айни замон донишкада бо 27 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Белорус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Словакия шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок идома медиҳад.

   Дар донишкада 2 лоиҳаи бонки ҷаҳонӣ ва 4 лоиҳа — мавзӯи илмӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд. Дар доираи транши дуюми лоиҳаи “Мукаммалнамоии низоми маълумот аз рӯи ихтисосҳои фарҳанг ва санъат дар асоси коркард ва амалинамоии барномаҳои таълимӣ ва мутобиқнамоии онҳо ба стандартҳои аврупоӣ” ба таъмири ҷории синфхонаи санъатшиносӣ, маркази захиравии “фарҳанг ва санъат”, чопхонаи донишкада шурӯъ карда шуд, ки ҳоло корҳо идома доранд. Ба мақсади таъмин намудани ин синфхонаҳо бо мебелу курсиҳо ва мизҳои таълимӣ дар ҳаҷми 103 ҳазору шашсаду ҳаштод сомонӣ таҳҷизот ворид карда шуд. Дар доираи лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи васоити ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” бошад, студияи таълимӣ, лабораторияи таълимӣ ва синфхонаҳои махсуси таълимӣ, ки барои ихтисосҳои ВАОЭ пешбинӣ гардидаанд, аз таъмир бароварда шуда, бо мебел, курсӣ ва миз муҷаҳҳаз гардонда шуданд.

   Ба гуфтаи Муҳриддин Низомӣ, дар донишкада бо мақсади ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сараввал байни донишҷӯёни факултаҳо ва баъдан дар чор давр озмуни донишкадавӣ баргузор гардид. Дар даври ниҳоии озмун, 28 апрели соли 2020, аз 50 нафар донишҷӯ 19 нафар барои ширкат дар озмуни ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, инчунин ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод, вобаста ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, таҳти № АП1335, дар донишкада 2 даври донишкадавии озмуни “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” гузаронда шуд. Баъди ҷамъбасти давраҳои донишкадавӣ 22 нафар ба даври ноҳиявии озмун пешниҳод карда шуд.

   Ҳамзамон, дар шашмоҳаи аввал бо ибтикори Шӯрои занони донишкада силсилаи озмунҳо бахшида ба Рӯзи Модар, Иди Наврӯзи байналмилалӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Оши палов», «Ҷавондухтари ҳунарманди сол», «Дастархони наврӯзӣ» ва «Ҷилваи чакан» баргузор гардиданд. Ғолибони озмунҳо бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.

    Дар донишкада аз ҳисоби духтарони донишҷӯ як нафар гирандаи стипендияи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, се нафари дигар дар курси «Мактаби духтарони сарвар» таҳсил намуда, соҳиби сертификат гардиданд.

   Бар пояи иттилои ректори донишкада, масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар меҳвари таваҷҷуҳи раёсати донишкада қарор гирифта, тадбирҳои муассир андешида шудаанд. -Бинои донишкада ва хобгоҳи донишҷӯён аз ҷониби корхонаи “Фавз” бо маҳлули гипохлорид 3 маротиба коркард карда шуд. Барои пешгирии коронавирус дастаи дафтарҳои корӣ, синфхонаҳо ва утоқҳои ёрирасон ҳамарӯза бо маҳлули гипохлориди 5% безарар гардонда мешаванд. Ҳамзамон, 13-уми майи соли равон дар пайравӣ ба иқдоми башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавии COVID-19 ва табобати гирифторони бемории сироятии короновирус бо ибтикори Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар ҳаҷми 6000 сомонӣ кумаки башардӯстона расонда шуда, ба ин маҷмааи тандурустӣ 25 халта орд, 75 литр равған, 300 килограмм картошка, 200 килограмм пиёз ва барои 25 нафар табибон пакетҳои алоҳида супурда шуд.

   -Раёсати донишкада барои фароҳам овардани шароити хуби зисти донишҷӯён бинои хобгоҳро таъмири асосӣ намуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда истодааст, ки дар арафаи соли нави хониш мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт,- иброз дошт Муҳриддин Низомӣ.

   Хабарнигорон ба пурсишҳои худ оид ба ҳамкориҳои донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, табодули донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳо, тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои нав, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагон, робитаҳои байналмилалии донишкада, шароити таҳсил, фаъолияти китобдорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ