14-уми июни соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо сарнозири раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Назриён Васлибек Қурбон вохӯрии судманд баргузор гардид.                  Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, зимнан перомуни масоили вобаста ба роҳҳои  баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеа, ташаккули рӯҳияи зиддикоррупсионӣ, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ изҳори андеша намуд. Ректори донишкада зикр сохт, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хатарноки ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба давлат,  ҷомеа, рушди иқтисодиёт, некуаҳволии қишрҳои гуногуни аҳолӣ халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии обрӯю нуфузи миллат ва давлат мегардад.        Сипас, сарнозири раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Назриён Васлибек Қурбон ба сухан баромада, мавзуи “Муқовимат ба коррупсия ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дод. Зикр намуд, ки дар кишвари мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати коррупсияро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ махсус таъкид карда, муқовимати дастаҷамъонаро бо ин зуҳуроти номатлуб тақозо менамоянд.

         Аз ҷумла, Пешвои миллат дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки: — «…мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем». Дар партави ин сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро муҳайё кардааст ва минбаъд низ вобаста ба рушди босуръати муносибатҳои нав ин иқдом идома дода мешавад.

          Ба гуфтаи Васлибек Назриён, дар раванди сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ барои инсоният мушкилоти гаронеро ба бор овардааст. Зуҳур қардани он дар дилхоҳ шакл боиси заиф шудани пояҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсон мегардад. Аз ин рӯ, муқовимат алайҳи ин зуҳурот рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат дониста мешавад.

         Мавсуф дар идомаи суҳбат оид ба мазмун ва муҳтавои “Стратегияи миллии мубориза бар зиддикоррупсия барои солҳои 2008 — 2012”, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013 — 2020”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи  то соли 2030” ва дигар қонунгузории зиддикоррупсионӣ андешаҳояшро баён намуда,  аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки дар самти муқовимат ба коррупсия ва боз ҳам коҳиш додани шиддати ин зуҳуроти номатлуб саҳми худро гузоранд.

        Пас аз суҳбати пурмуҳтаво ва хотирмони сарнозири раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Назриён Васлибек Қурбон устодону донишҷӯён дар доираи масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.    Иштирокдорони вохӯрӣ ба ин назар буданд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин вохӯриҳои судманд бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии коррупсия, омилҳои ба он мусоидаткунанда, дар маҷмуъ риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар баланд гардидани маърифати ҳуқуқии мардум, коҳиш додани  шиддати коррупсия мусоидат менамоянд

Додоҷон РӮЗИЕВ,

Дилшод УМАРОВ

Чоп кунед