Кори мустақилонаи донишҷӯ дар таҷрибаи беш аз даҳсолаи  татбиқи низоми кредитӣ дар МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода», ки самти фаъолияташ ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи санъат ва фарҳанг равона карда шудааст, манфиати бештар дошта, он метавонад дар кушода шудани фардияти донишҷӯён, бахусус  санъаткорони оянда заминаи мустаҳками донишҳои амалиро  ба бор оварад. Бо ин мақсад устодон ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён таваҷҷуҳи бештар дода, маҳорат ва малакаи шогирдонро баҳогузорӣ мекунанд. Хосатан, дар шуъбаи санъати актёрии факултаи санъати театрӣ ташкил ва баргузор намудани кори мустақилонаи донишҷӯён ба ҳукми анъана даромадааст. Ба андешаи профессори кафедраи маҳорати актёрӣ, роҳбари бадеии курси  3-юми шуъбаи санъати актёрӣ Тағоймурод Розиқов « Кори мустақилона, яке аз усулҳои тарбияи касбии донишҷӯён  дониста шуда, он дар инкишоф ва сайқал ёфтани маҳорати касбӣ ва дар оянда мустакилона интихоб кардани мавзӯъ, кори коргардонӣ, маҳорати ҳунарпешагӣ, ки ба ҳунари бозигарии он вобастагӣ дорад, кумак расонда метавонад».

Тибқи анъанаи ҳамасола донишҷӯён  ҳангоми супоридани санҷишҳои фосилавӣ, намунаи кори мустақилонаи худро  дар шакли эҷодӣ пешкаши ҳайати устодону донишҷӯён мегардонанд.

28- уми  октябри соли равон донишҷӯёни курси 3-юми шуъбаи санъати актёрӣ таҳти роҳбарии Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Т. Розиқов ва омӯзгори ҷавон Сомон Алимов кори мустақилонаи худро ба раёсат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишкада пешниҳод карданд. Дар он ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, ноиби ректор оид ба таълим номзади илмҳои педагогӣ Махсудзода Фарҳод Махсуд, устодони кафедраи маҳорати актёрӣ, нутқ ва ҳаракати сахна, кафедраи режиссура ва продюсерӣ иштирок намуданд.

 

Донишҷӯён порчаҳои саҳнавиро аз асарҳои драматургони барҷаста Уильям Шекспир «Ромео ва Ҷуллета», Эдуардо Де Филиппо «Таваккал», Василий Шукшин «Сифр – сифри бутун», Антон Павлович Чехов «Хирс» интихоб намуда,  ороиши саҳна, кори коргардонӣ, интихоби мусиқӣ ва ороиши сару либос ва ҳунари бозигариро дар саҳна бо диду назари худ нишон доданд.

Дар нақши Ромео — Мусулмон Сафарзода, Ҷуллета — Нурия Наврӯзова аз рӯи асари У. Шекспир, нақши Доротея – Саодатбахт Бориева, Артуро –Нодир Маҳкамов, Мики – Фарид Мастонов  аз рӯи асари Э. Филиппо, нақши  Колка — Фарид  Мастонов, Сенелников –Тӯхтасун Сотиболтиев, Сергей -Нодир  Маҳкамов аз рӯи асари В. Шукшин, Смирнов — Хусрави Абдусаттор, Попова — Саодатбахт Бориева, Лука — Маҳбуби Наврӯз аз рӯи ҳикояи «Хирс»-и А. П. Чехов ҳунарнамоӣ карданд.

Истифода кардан аз усули кори мустақилонаи донишҷӯ дар раванди таълим дар баробари баланд гардонидани сатҳ ва сифати дарсазхудкунии донишҷӯ ба фардияти донишҷӯ- оянда ихтисосманди соҳаи театр кумак мерасонад: муҳити озодро барои кори эҷодии донишҷӯ фароҳам меорад; дар аёнгардонии идеяи донишҷӯён бо диди хоси онҳо имконият фароҳам меорад; истеъдоди донишҷӯёнро вобаста ба жанри намоишномахои театрӣ муайян менамояд; ҳангоми иҷрои нақш дар саҳнаҳои театрӣ озод буданро меомӯзад.

Пас аз тамошои корҳои мустақилонаи донишҷӯён  таҳлили  саҳнахои омодакардаи  онҳо сурат гирифт. Ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин  аз муваффакияти курс ёдрас шуда, зикр намуданд, ки чанде пеш ин гурӯҳ бо саҳнаи театрӣ аз рӯи асари С. Улуғзода  «Ривояти суғдӣ»  меҳмони факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардида буданд, ки устодони донишгоҳ ба ҳунари ин донишҷӯён баҳои қаноатбахш доданд. Дар идома  ректори донишкада  эроди худро  оид ба  тарзи баён, амалиёт ва ҳолати иҷрои  нақш, ки  ба инобат гирифтани он ба манфиати кори донишҷӯён аст, баён намуд ва донишҷӯёнро барои дар оянда даст задан ба намоишҳои комили театрӣ аз осори адибон ва драматургони ҷаҳонӣ раҳнамоӣ намуд.

Ноиби ректор оид ба таълим н.и. педагогӣ, профессор Махсудзода Фарҳод  ба аҳли курс ва роҳбари бадеии гурӯҳ муваффақият таманно намуда, пешниҳод ба амал овард, ки минбаъд  дар  сенарияи барномаҳои идонаи фарҳангӣ порчаҳои саҳнаҳои беҳтарин  ворид карда шаванд. Ҳамчунин барои самаранок гардонидани  фаъолияти театри таълимӣ бо истифода аз имконоти ҷойдошта  намоишномаҳо тахия карда пешкаши хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишкада гардонанд.

Донишҷӯёни ин гурӯҳ  тасмим гирифтаанд, ки дар мавсими имтиҳонҳои ҷамъбастӣ  аз беҳтарин асарҳои драматургони ватанӣ ва ҷаҳонӣ порчаҳо интихоб  ва таҳия карда, бо машварати  устодон  пешниҳод  намоянд.

Аҳамияти хосса зоҳир намудан дар  аснои таълим ба  кори мустақилонаи донишҷӯ ва кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ихтисосҳои эҷодӣ доранд, асоси самаранокии таълим дониста мешавад.

 

 

 

Бобоҷон РАҲИМОВ,

 омӯзгори кафедраи маҳорати актёрӣ