Муқаддима

     Расидан ба марҳилаи Истиқлолияти сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадяи сарнавишти миллӣ ва давлатӣ пазируфтааст, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикиро бакуллӣ тағйир дода, роҳи пешрафту тараққиро аз ҳар ҷиҳат ҳамвор сохтааст. Мусаллам аст, ки тайи таърихи  башарӣ ҷомеа, мардум ва кишварҳои зиёди ҷаҳонӣ сари исми Истиқлолияти давлатӣ  савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва рӯҳафзо умрфарсоӣ ва фидокорӣ кардаанд. Истиқлолияти давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯйи рушду инкишоф  ҳидоят менамояд. Маҳз марҳилаи истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам меоварад, ки миллат афту хез, шикасту рехт, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва билохира қисмати худро  дар тарозуи ақлу виҷдон баркашад ва барои сохтмони давлати навин гомҳои устувор бардорад.

        Маълум аст, ки ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ – Истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик соҳиби рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардида, Ватани азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф  шуд. Зимнан, Истиқлолияти давлатӣ раванди ҳувиятсозии миллиро таҳкиму тақвият бахшида, барои густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Насли миёнсол ва солманди  Тоҷикистони азиз хуб дар ёд доранд, ки Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар бомдоди тавлид ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор — ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мувоҷеҳ гардид, ки кишварҳои дигари тоза истиқлолият бадастовардаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд.

      Мутаассифона, неруҳои бадхоҳ ва ашхоси гумроҳ бо нақшаву дастурҳои хоҷагони хориҷии худ мехостанд бар хилофи иродаи мардуми тоҷик фарҳангу мафкураи бегонаро ба сари халқи мо бор карда, ҳатто нақшаи бунёди давлати исломиро кашида буданд ва дар ниҳоят, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги бародаркуш мубтало гардид. Дар он замон ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси кишвари тозаистиқлоли мо фирефтаи мафкура ва нақшаҳои харобкоронаи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ гашта буданд. Аз ҳама муҳим, дастгоҳҳои ҳукуматӣ ва сиёсии вақти ҷумҳурӣ бо аз байн рафтани сиёсати марказӣ ва бекор шудани низоми давлатдории Шӯравӣ, ба вартаи мушкилоти дохилӣ афтиданд. Азбаски элитаи сиёсии замон истиқлолияти роҳбарӣ ва муҳимтар аз ин, собиқаи мудирияти равандҳои сиёсиро надошт, дар ҳалли мустақилу мустақими мушкилоти дохилӣ оҷиз монд. Илова бар ин, дастандаркорони бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аллакай даст ба кор шуда, бо ҳар роҳу васила дар фазои қаламрави ҷумҳурии тозаистиқлоли мо, ки бо шикасти империяи Шӯравӣ ҳолати шокро аз сар мегузаронид, сенарияи бесарусомонӣ ва бетартибӣ(хаос)-ро дар шакли намоишномаҳои сиёсӣ коргардонӣ карда, ба ин восита низоми зиндагии муътадили мардумро аз байн бурданд. Ба ин тариқ, дар манотиқи ҳассоси қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тухми кинаву адоват кошта шуд ва дар ин замина даргириҳо ба вуқӯъ пайваст, ки аз он вазъи мавҷуда торафт мураккабтар гардида, бовару эътиқодоти мардумӣ ба ояндаи неки ҷумҳурӣ тадриҷан аз байн рафта, халои фикрӣ ва фарҳангӣ дар манотиқи даргир ва баъдтар дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ салтанат кард. Дар ин миён низоми сиёсию идорӣ ва блоки иқтисодии давлатӣ  гирифтори буҳронҳои амиқ гардида, оқибат фалаҷ шуд. Ин буд, ки бо як шуъла алангаи оташи низоу бадбиниҳо баланд гардид ва мамлакат якбора мувоҷеҳи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуд. Дар натиҷа, аз 5,5 миллион аҳолии кишвар, тибқи маълумотҳои расмӣ, зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳалок гардид (муфассалтар ниг.: Усмон Иброҳим. Савганди сулҳофаринӣ. -Душанбе: «Бебок», 2017. -132 саҳ.). Тақрибан ҳафтяки қисми сокинони он иҷборан тарки хонаю ватан намуда, ба мамолики Афғонистон, Покистон, Россия ва дигар кишварҳои ИДМ паноҳанда шуданд (ниг.: Ҳаролд Ҳ. Сандерс. Раванди сулҳи ҷамъиятӣ. –Душанбе, 2002. –С.181). Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз панҷ сол идома ёфта, рушди Тоҷикистони тозаистиқлоли моро даҳсолаҳо боздошт ва ба иқтисодиёти кишвар зарари ниҳоят бузург расонид.

      Бояд таъкид кард, ки ҳанӯз дар Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олӣ  роҳи таърихии халқи тоҷик муайян карда гардид, ки он бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ғояи давлати демократӣ баъдан дар Конститутсия инъикос гардида, давлати мо роҳи татбиқи арзишҳои демократиро пеш гирифт. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумати нави дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ интихобшуда хомӯш кардани оташи ҷанг, таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар, оғози татбиқи барномаи барқарорсозии баъдиҷангӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва бо манзили зист таъмин намудани онҳо буд ва давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ин сарҳадафи стратегиро бомуваффақият амалӣ созад.

     Аз ҳама муҳим, дар раъси барномарезиҳои давлати тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ таъсис ёфта буд, қабули Конститутсия қарор дошт. Дар зимн, Конститутсия мебоист ормонҳои миллиро дар худ инъикос мекард.

     1.Ормонҳои давлатдории миллӣ — заминаи  Конститутсияи  ватанӣ

        Дар ташаккул ва таҳаввули афкори миллӣ ва сиёсии мардуми форсу тоҷик ормонҳои бостонии миллӣ, ки дар бовару асотири қадимӣ таҷассум ёфтаанд, ҷойгоҳи вижа доранд. Гузашта аз ин, тайи таърихи тӯлонӣ бовару ормонҳои мардумӣ ва миллӣ дар созмон ёфтани тахайюл ва тафаккури эҷодию воқеӣ-реалистии ақвоми иронитабор, аз ҷумла мардуми тоҷик саҳим буда, ҷараёни рушду тавсеаи биниши миллӣ ва сиёсиро таҳкиму тақвият бахшидаанд. Таҷрибаи башарӣ собит сохтааст, ки мафкура ё идеологияи давлатӣ ва миллӣ ҳамеша бар мабнои беҳтарин ормонҳои мардумӣ, ки маҷмӯаи зиндагии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии қавму миллиятҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ таъйин мекунанд, сохта мешавад. Дар ин росто, мардуми форсу тоҷик ҳам дар имтидоди тӯлонии замонӣ аз решаву асолати худ – бовару асотири бостонӣ фарҳанг ва маънавиёт дуруст карда, дар арсаи сиёсат ва фарҳанги инсонӣ қадамҳои устувор бардоштааст.

         Чи хеле ки ишора кардем, мардуми форсу тоҷик бо ормонҳои давлатдорӣ ба арсаи сиёсат ва императорӣ қадам ниҳод ва барои заминагузорӣ ва роҳандозӣ кардани лоиҳаҳои давлатҳои миллӣ ва дунявӣ беҳтарин бовару асотир бофту пардохт, ки дар сохтмони давлатҳои минбаъдаи дунявӣ ба сифати манбаи зарурӣ хидмат намуд. Муҳаққиқон, бо назардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири паҳлавӣ ва манобеи асримиёнагӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат донистаанд (ниг.: Бекзода Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то  замони Фирдавсӣ. –Душанбе, 2012. -С388-389). Барои намуна, метавон аз устураи ҷамшедӣ ба масобаи мафкураи давлатдории миллӣ ёдовар шуд, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Хатти марказии фарҳанг ва сиёсати миллӣ дар симои шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед чарх мезанад ва асотири асримиёнаи паҳлавӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ на фарраи паёмбарӣ, балки фарраи шаҳриёриро ихтиёр намуда, дар ин дунё лаззат бурдан ва онро ободу зебо сохтанро меъёр ва шеваи зиндагии худ талаққӣ карда, дар татбиқи он калидғоя кӯшидааст(ниг.: Баҳор Меҳрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор Абулқосим Исмоилпур. Теҳрон, 1384. -С. 360). Бар қолаби фарҳанги ҷамшедӣ ҷашнҳои бостонии миллӣ (Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада) рехта шуда, ҳамагӣ барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ офарида шудаанд (Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. –С.15). Аз ин лиҳоз, фарҳанги ҷамшедӣ пуштувонаи калидии низоми сиёсӣ ва иҷтимоии мардумӣ ва миллӣ тайи таърихи тӯлонӣ буда, аслҳои дар шароити сохтмони давлатдории ватанӣ – дар таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ роҳ ёфтаанд.

           Хатти марказии ормони фарҳангӣ ва сиёсии ҷамшедӣ дар доираи инсони хирадгаро чарх мезанад ва тибқи он, инсон дар користони хирад бо мушкилоти гуногун ва фаҷоеъи рӯзафзуни рӯзгор мувоҷеҳ буда, бо ҳунари офаринандагӣ, меҳрофарӣ ва ҳувиятсозӣ давлат ва ҷомеа месозад. Агар нақш ва зарфияти хирад дар сохтмони давлатсозӣ ва дунявиятталабӣ заиф шуд, ҷаҳолати иҷтимоӣ ҳамчун рӯйкарди даҳшатбор механизмҳои рушди ҷомеаро хароб сохта, боиси ташаннуҷи вазъ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт мегардад. Ба таъбири дигар, рӯзе, ки хирад аз сохтани биҳишт дар рӯйи замин боздошта шавад, ба қавли ҷомеашиноси олмонӣ Макс Вебер, «ба фикри сохтану густурдани адёне меафтад, ки инсонро бояд аз гетӣ наҷот бидиҳад» (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Шоҳнома ва мо. Дафтари нахуст. Ландан, бидуни соли нашр. -С.23) ва ин ҷост, ки таҳдиди хатар дар самти идеология ва сиёсати миллӣ таҳаққуқ пайдо мекунад.

        Дар асотири куҳани миллӣ масъалаи давлатсозӣ ва нақши мардум дар сохтмони давлати мардумӣ хотирнишон шуда, бад-ин тариқ низоми сиёсии ҷаҳони инсонӣ, ки дар асоси меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфтааст, матраҳ гардидааст. Дар он ҳар дине, ҳар миллате, ҳар роҳбаре, ки ба мардуми ҷаҳон меҳр меварзад ва мардуми ҷаҳон ин меҳрварзиро бо таҷриботи мустақими худ дармеёбанд, ӯро бармегузинанд ва ҳар гоҳ, ки даст аз меҳр баркашад, тӯмори баргузидагиаш барчида мешавад (таваҷҷуҳ шавад ба: Ҷамолӣ Манучеҳр. Густохӣ дар гусастан. Аз гусастагони густох. Ландан: Курмали Пресс, 1996. –С.50). Чун ормони миллӣ бар пояи озодӣ бунёд ёфтааст, озодӣ, ба қавли файласуфи олмонӣ Мартин Ҳайдеггер, «ҷавҳари ҳақиқат аст» ва маҳз ин ҷавҳар зиндагиро маънои тоза мебахшад.

         Дар замони давлатдории Куруши Кабир ормонҳои миллӣ воқеият касб менамоянд. Бар асоси ормонҳои миллӣ ва далатдории ҷамшедӣ нахустин Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз тарафи Куруши Кабир дар соли 538 пеш аз милод эълом  ва ба иҷро мерасад. Соли 1969 милодӣ, пас аз даргузашти 2507 сол баъд аз судури фармони мазкур намояндагони кишварҳои гуногун бо ҳузур ба оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд (Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. –С.209). Аз таърих маълумамон аст, ки барои сарнагун кардани истибдоди шоҳи Бобул мардуми Бобул Курушро даъват мекунанд. Баъди озод намудани мардуми Бобул Куруш Маншур ё ба истилоҳи имрӯза Эъломия мунташир мекунад. Дар маншури худ, қабл аз ҳама, ба масъалаи озодӣ ва анвои гуногуни он, амсоли озодии виҷдон, ки нахустзаминаи давлати демократӣ талаққӣ мешавад, таваҷҷуҳ менамояд ва дар ин замина, таъкид мекунад: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагзоштам ранҷу озоре  ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд…ба тирабахтиҳои онон поён бахшидам. Ман бардадориро барандохтам. Фармон додам ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд» (ниг.: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. –С.217). Мардонагӣ ва шарофати Курушро дар бахшҳои дигари маншур тариқи зер мушоҳида мекунем: «Фармон додам ҳамаи ниёишгоҳҳое, ки баста буданд, бигшоянд» (бахши 32-и Маншур). «Ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам»(бахши 34-и Маншур, таваҷҷуҳ шавад ба: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. –С.218). Ин саховатмандӣ, мардонагӣ, родмардӣ ва инсонияти ӯро дида, мардуми Бобул ба ӯ унвони «Шоҳи Бобул», «Шоҳи сарзаминҳо»-ро додаанд. Куруш бар маросими иди Наврӯз ба суннати деринаи подшоҳони Бобул, дасти  Bel (Баал) – Худои бузурги бобулиёнро ламс мекунад ва қонунан ва шаръан дар шумори подшоҳони Бобул дармеояд. Куруш он ҷо сиёсати родмардӣ ва инсондӯстии худро ба намоиш мегузорад ва фармони аз асорат озод кардани яҳудиёнро содир мекунад. Ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ба сарзамини хеш бозгашта, маъбади Байтулмуқаддасро ба ҳамон сурати пешазвайронӣ бозсозӣ кунанд. Тамоми зарфҳои тилло ва нуқрае, ки аз яҳудиён гирифта буданд, ба онҳо бозгардонда мешаванд (ниг.: Гиршман Роман. Таърихи Ирон аз оғоз то ислом. Тарҷумаи Маҳмуд Беҳфурӯзӣ. –Теҳрон: Ҷомӣ, 1379. –С122).

      Давраи сеюми давлатдории миллӣ аз рӯйи ормонҳои миллӣ ба замони Сомониён рост меояд. Замони салтанати Сомониён забони миллӣ, ки пойдевори фарҳанги бумӣ ва мардумӣ маҳсуб меёбад, таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад-ин тариқа, дар бедории фикрию сиёсии ҷомеа саҳми бориз мегирифтанд(Сайид Аҳмадӣ. Фарҳанги форсӣ дар қуруни вусто. Теҳрон, 1375. –С. 102). Дар он давра доираи нуфузи забони арабӣ, ки он замон забони дину диёнат ва илму фарҳанг маҳсуб мешуд, ҳадафмандона маҳдуд  гардида, забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни  Нӯҳи Сомонӣ ( 961- 984) китоби машҳури «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони миллӣ тарҷума гардид (ниг.: Малоирӣ М. Таърих ва фарҳанги Ирон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ, ҷилди аввал. Теҳрон, 1372. –С.138). Зубдаи аҳли илм ва тақвои замони Сомониён бар мабнои ривоёти шаръӣ собит намуданд, ки « забони биҳиштиён форсӣ аст… ва забонест, ки барои нахустин бор бо он забон  бо Парвардигор сухан гуфта шудааст» (таваҷҷуҳ шавад ба: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан.Теҳрон, 1383. –С. 252- 253). Ин ҷуръат ва ҷасорати арзанда дар бедории фикрии ҷомеаи асри Х хеле муассир буда, раванди таҳаввули мафкураи миллиро таҳким бахшидааст.

          Дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумӣ дар шароити нави таърихӣ (манзур давраи Истиқлолияти давлатӣ аст) мардуми тоҷик сарнавишти сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоии худро дар қолаби Конститутсияи миллӣ тарҳрезӣ намуд. Он чи ки мелоки ормонҳои миллии бостониро ташкил медод, дар Конститутсияи миллӣ инъикос ёфт. Муқаддимаи Конститутсия (Моддаи 1) калидғояро дар шакли зайл таъкид мекунад: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

       “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии  арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад”. Дигар бахшҳои санади асосии миллӣ мазмунан ин нуктаи калидиро тавзеҳу ташреҳ медиҳанд (барои намуна,  моддаи 2: Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст; моддаи 5: Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд; моддаи 18: Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад; моддаи 30: Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст (ниг.: Маҷмӯаи қонунҳо. –Душанбе, 2006. –С.3, 5, 6). Бар пояи Маншури Куруш ва асноди байналмилал моддаи 17-и Конститутсияи ҶТ талаққӣ мекунад: «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Нукоти мазкур, ки дар шаҳодатномаи миллӣ (Конститутсия) инъикос ёфтаанд, дар заминаи омӯзиш ва дарки ормонҳои миллии бостонӣ, ки дар боло ишора шуданд, дарҷ гардидаанд.

       Давлати миллӣ имрӯз ҳам аз ормонҳои миллӣ дифоъ мекунад ва дар роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ аз онҳо васеъ истифода мебарад. Манзараи имрӯзаи ҳаводиси ҷаҳонӣ, ки бо даргириҳои мусаллаҳона ва ғайриинсонӣ(мафкураи ифротии динӣ-мазҳабӣ, хусусан, исломӣ бунмояи таҳрикоти мухталиф дар асри ҳозир гардидааст) ба назар мерасад, авзои ҷавомеи башариро ноҷур карда истодааст ва ин ҳолат давлатро муваззаф месозад, ки роҳҳои оптималии ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, динӣ-мазҳабиро ҷустуҷӯ ва дарёфт намояд. Вобаста ба ноҷур шудани вазъияти сиёсии ҷаҳонӣ, ҳанӯз соли 2004 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 10-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буд: «Давлат ҳақ дорад монеи ҳуқуқии ҳар гуна сӯистифода аз дин аз ҷониби ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротии дохиливу байналмилалӣ гардад. Бахусус, ки имрӯз фаъолияти харобиовари онҳо хатару таҳдидҳои ҷиддиро ба миён оварда, хусусияти глобалӣ пайдо кардааст… Мо ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он шароити мусоид фароҳам овардем, то ин ки дар ҷомеаи мо демократия  реша давонда, самара диҳад» (ниг.: Раҳмонов Эмомалӣ. Дар бораи дин. –Душанбе, 2006. –С.198). Таъкидоти Президенти кишвар ҳам дар асоси ормонҳои миллӣ сурат бастаанд.

        Ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсие, ки имрӯз рӯйи аксари ҷавомеи мусулмонӣ рехтаанд, муколимоти миллӣ ва тафоҳуми инсониро, ки мубтанӣ бар хирад аст, тақозо менамоянд. Дар ин росто, роҳҳалҳои зиёде дар ормонҳои миллии мо, ки бар пояи хирад ва меҳри инсонӣ созмон ёфтаанд, ниҳонанд.

        Ҳамин тариқ, Конститутсияи мо бар мабнои ормонҳои миллӣ ва инсонии мардуми форсу тоҷик эҷод шудааст ва мусалламан, дар феҳрасти конститутсияҳои беҳтарини башарӣ қарор дорад.

       2.Конститутсия  ба унвони шаҳодатномаи давлатӣ дар таърихи миллӣ

        Мусаллам аст, ки конститутсия ҳамчун санади ҳуқуқӣ аососҳои рушди муҳити давлатдории навинро фаро мегирад (см.: Достиев А. Конституция  Республики Таджикистан 1994 года: история разработки, принятия внесение изменений и основные положения. –Душанбе: АО Матбуот, 2001.-С.3). Аз тарафи дигар, қабули конститутсия рамзи соҳибистиқлолӣ ва мустақилияти давлат буда, давлатро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Раванди қонунофарӣ ва тасвиби Конститутсия ба унвони сарчашмаи ҳуқуқ давра ва марҳилаҳои гуногуни рушдро паси сар кардааст. Муҳаққиқони ҳуқуқшинос бар ин назаранд, ки давраи муосири рушди раванди қонунофарӣ ва конститутсионӣ аз охири солҳои 80-уми садаи ХХ шурӯъ шуда, то имрӯз идома ёфта истодааст. Оғози ин давра, асосан ба пошхӯрии Давлати Шӯравӣ ва барҳамхӯрии давлатҳои хориҷии сотсиалистӣ бастагӣ дорад. Баъди барҳам хӯрдани Давлати Шӯравӣ  ҳамаи 15 ҷумҳурии иттифоқӣ истиқлолияти худро эълом дошта, ҳамчун давлатҳои мустақил аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардиданд. Дар баробари ин, давлатҳои хориҷии сотсиалистӣ (ба истиснои Чин, Куба, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам) барҳам хӯрда, аз ин низом даст кашиданд. Баъди интихоб намудани роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ онҳо конститутсияҳои нави худро дар асоси модули конститутсионии Ғарб қабул намуданд. Ба ин тартиб, аз 15 ҷумҳурии собиқи шӯравӣ моҳи декабри соли 1991  танҳо 12  ҷумҳурӣ  шакли нави ҳамкориро дар қолаби иттиҳоди ҷадиди сиёсӣ — Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  пазируфтанд (ба ҷуз ҷумҳуриҳои назди Балтика, феълан  аъзои ИДМ — нуҳ ҷумҳурии собиқ шӯравӣ мебошанд). Баъди эълом доштани истиқлолияти давлатӣ дар  ин ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ масъалаи таҳия ва тасвиби конститутсия ба миён омад. Ҷумҳуриҳои назди Балтика — Латвия, Литва ва Эстония ҳанӯз соли 1992 консти­тутсияҳои худро қабул намуданд. Дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла Туркманистон 18 майи соли 1992, Ӯзбекистон — 8 декабри соли 1992, Федератсияи Россия — 12 декабри соли 1993, Молдова — 29 июли соли 1994, Қирғизистон — 5 майи соли 1995, Арманистон — 5 июли соли 1995, Гурҷистон — 24 августи соли 1995, Қазоқистон — 30 августи соли 1995, Озарбойҷон — 12 ноябри соли 1995, Украина — 28 июни соли 1996 ва Ҷумҳурии Беларус — 24 ноябри соли 1996 конститутсияҳои худро қабул карданд (ниг.: Равшан Раҷабов. Таърихи пайдоиш ва инкишофи конститутсия. //Садои мардум №146-147 (3447-3448) 30.10.2015).

       Дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, баъди пош хӯрдани ИҶШС, Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 сентябри соли 1991 истиқлолияти хешро эълон намуда, ба давлати мустақил табдил ёфт. Гузашта аз ин, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки соҳибихтиёрии комил ва воқеии Тоҷикистонро бояд қонунӣ мегардонд, ин қабули конститутсияи нави Тоҷикистон буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, масъалаи омода, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзӯи меҳварӣ табдил ёфт. Ҷараёни омода ва қабул кардани Конститутсияи ҳоло амалкунандаи Тоҷикистон якчанд марҳиларо дар бар мегирад. Бояд хотирнишон кард, ки ҳанӯз Совети Олии РСС Тоҷикистон 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти ҶШС Тоҷикистонро қабул намуда буд. Ҳангоми қабул намудани ин ҳуҷҷати муҳим Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС дохил мешуд. Қабули Эъломияи мазкур қадами аввалин дар самти омода ва таҳия намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистон гардид. Дар иҷлосияи Совети Олии РСС Тоҷикистон моҳи августи соли 1990 комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки он лоиҳаи Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистонро дар давоми як сол омода намуд. Аммо бетартибиҳои сиёсии августи соли 1991 ва пошхӯрии ИҶШС сабаби ба таъхир андохтан ва қабул нашудани ин лоиҳаи Конститутсия гардид (см.: Ведомости Верховного Совета Республики                                  Таджикистан, 1991 г., № 24). Эълон шудани Истиқлолияти Тоҷикистон боиси коркард ва таҷдиди лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Аз ин рӯ, сеюми январи соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ тағйирот дароварда шуд. Баъдан бо Фармони Президенти вақти ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев 10 феврали соли 1992  гурӯҳи корӣ дар ҳайати нуҳ нафар таъсис ёфт. Гурӯҳи кории мазкур лоиҳаи нави Конститутсияро таҳия ва моҳи апрели соли 1992 ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 апрели соли 1992  лоиҳаи Конститутсияро маъқул дониста, онро ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод кард. Аммо оғози ҷанги шаҳрвандӣ имконият надод, ки лоиҳаи Конститутсия аз тарафи халқ пурра баррасӣ гардад. Бинобар ин, кор дар самти қонунофарӣ дар мисоли тасвиби Конститутсияи миллӣ қатъ гардид.

       Баъди сари қудрат омадани ҳукумати конститутсионӣ ва як дараҷа хомӯш шудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи аз нав омода кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 июни соли 1993  матраҳ гардида, бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар ин иҷлосия тағйир дода шуд ва раиси комиссияи конститутсионӣ Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов интихоб гардид. Аввалин маҷлиси комиссияи конститутсионӣ 4 сентябри соли 1993 баргузор гардид, ки дар он ду гурӯҳи кории нав ташкил дода шуд. Моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи корӣ ду шакли лоиҳаи Конститутсияро, ки яке, бар лоиҳаи конститутсия  бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ ва дигаре, бар шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ такя мекарданд, ба комиссияи конститутсионӣ пешниҳод шуданд. Дар натиҷа, лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ маъқул дониста шуд. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия барои интишор ва баррасии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамин тариқа, лоиҳаи Конститутсия 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои расмӣ интишор ва муҳокимаи он то моҳи июли соли 1994 идома ёфт. Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-22 июли соли 1994 доир шуд, лоиҳаи Конститутсия бо пешниҳоду таклифҳо муҳокима гардида, барои қабули он тариқи  раъйпурсӣ дар таърихи 25 сентябр қарори дахлдор ба тасвиб расид.           Баъдан бо қарори Иҷлосияи бистуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 7 сентябри соли 1994  муҳлати гузаронидани раъйпурсӣ то 6 ноябри соли 1994 тамдид карда шуд (ниг.: Равшан Раҷабов. Таърихи пайдоиш ва инкишофи конститутсия. //Садои мардум №146-147 (3447-3448) 30.10.2015).

     Бояд тазаккур дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, ки барои хомӯш шудани оташи ҷанги хонамонсӯзи ҳамватанӣ дар паҳлуи раҳбарияти олии давлати миллӣ қарор доштанд, дар таъйни сарнавишти минбаъдаи давлати тоҷикӣ тавассути қабули Конститутсияи миллӣ саҳми сазовор гузоштанд. Ин буд, ки рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 дар сади шаҳрвандони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд, ки 87,59 дар сади онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Аз он ба баъд  Рӯзи 6 ноябри соли 1994 ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, дар феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ворид гардида, ҳамасола ботантана таҷлил мешавад.

       3.Конститутсияи соли 1994  ҳамчун санади асосии рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон

       Чи хеле ки болотар ишора рафт, халқи тоҷик иродаи худро ба таври расмӣ тавассути Конститутсия соли 1994  баён дошт. Гузашта аз ин, дар таҳияи Конститутсияи соли 1994 таҷрибаи қонунсозӣ ва санадофарии давлатҳои тараққикарда ва мутамаддини ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд (см.: Достиев А. Конституция  Республики Таджикистан 1994 года: история разработки, принятия внесение изменений и основные положения. –Душанбе: АО Матбуот, 2001. –С.161). Ин аст, ки Конститутсияи давлати нави Тоҷикистон баёнгари тафоҳуми миллӣ ва ҳамбастагии мардумӣ буда, ҳамин шеваи демократӣ дар раванди тағйиру иловаҳо ба қонуни асосии кишвар то имрӯз пайгирӣ шудааст. Ин ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи сохтмони давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор бардошта истодааст (Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.). /Сост. Ф.Т. Тахиров. –Душанбе: ТНУ, 2019. -С.3) ба мазмуну муҳтавои Конститутсияи кишвар вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, бо қабули Конститутсияи соли 1994 халқу давлати Тоҷикистон дар самти сохтмони давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ иқдоми ҷиддӣ бардошт ва иқдомоти минбаъдаи созандаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ, маданӣ ва ҳунарӣ давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ соҳибобрӯ сохт. Бо қабули ин санади калидӣ, ки бозгӯкунандаи сатҳи тамаддун ва фарҳанги давлатмадории миллӣ мебошад, Тоҷикистон ба доираи давлатҳои мутамаддини ҷаҳонӣ шомил гардид ва имрӯз ҳарфи раҳбарияти олии моро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои қудратманди минтақавию ҷаҳонӣ эҳтиром мекунанд.

     Ҳанӯз наздик ба бисту панҷ сол қабл (20 июли соли 1994) Раиси вақти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи Х1Х Шӯрои Олии Тоҷикистон таъкид карда буданд: «Лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту такдирсоз номидааст, ки ин асоси воқеӣ дорад. Конс­титутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, конститутсияе, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддасу шариф аст» (ниг.: //Садои мардум №128 (3765) 31.10.2017). Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ, ҳақиқатан, воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ  маҳсуб меёфт. Ин санади сарнавиштсоз бо роҳи демократӣ ва аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона (унитарӣ) мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ  муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон эълом шудааст (см.: Достиев А. Конституция  Республики Таджикистан 1994 года: история разработки, принятия внесение изменений и основные положения. –Душанбе: АО Матбуот, 2001. –С.13). Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (манзур Конститутсияи соли 1994 аст) дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он аввалин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад,  ки барои конститутсияҳои қаблӣ ин мафҳум бегона буд.

       Дар бахши муқаддимотӣ ё ба истилоҳ, преамбулаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи ҷумҳурӣ чунин нукоти ҷолибе дарҷ гардидааст: “Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллатқу халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем” (ниг.: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоқикистон. Конституция Республики Таджикистан. The Constitution of the Republic of Tajikistan. –С.3).

Ин нукта бар он далолат мекунад, ки Конститутсияи давлати миллӣ бар мабнои иродаи халқ ва мардуми шарифи Тоҷикистон  таҳаққуқ ёфта, хостҳои миллати куҳанбунёди тоҷикро ифода мекунад.

       Маълум аст, ки конститутсияҳо, мувофиқи суннат ва анъаноти давлатӣ дар давраҳое қабул карда мешаванд, ки давлату ҷомеа аз як сатҳи инкишоф ба сатҳи дигари таҳаввул мегузарад. Табиист, ки чунин гузариш бе нуқсу камбудӣ буда наметавонад ва дар ҳавзаҳои иҷтимоӣ ноҳамгуниҳоро ба вуҷуд меваорад. Дар чунин вазъ, аз мафкураи пурҳаяҷони ҷомеа ҳар гуна ташаннуҷ, бесарусомонӣ ва зиддияту ихтилофи шадидро интизор будан имконпазир аст. Пешгирии чунин ҳолат ба қабули Конститутсия вобастагии калон дорад,  яъне он метавонад ба санади ризоят ва ваҳдати умум табдил ёбад. Аз ин ҷост, ки Конститутсияи соли 1994 маҳз ҳамин гуна санад буд ва боиси пойин бурдани сатҳи ташаннуҷ ва тадриҷан аз байн бурдани камбуду навоқисрафъ кардани .

Аҳамияти фавқулода бузурги Конститутсия дар таҳкими пояҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва идеологии давлати навистиқлоли тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани на танҳо шакли идора, балки моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат барҷаста аён мегардад. Сарфи назар аз он ки дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон баъди Федератсияи Россия дувумин давлате маҳсуб меёфт, ки соҳиби Конститутсия гардид ва он аз назари коршиносони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар радифи 5 конститутсияи беҳтарин эътироф шуд. Танҳо бо он далел, ки қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (на бо усулҳои дигар, масалан, тавассути муассисаҳои намояндагӣ — маҷлиси муассисон, Парламент ва ғайра) сурат гирифтааст, гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҷавобгӯйи арзишҳои демократӣ будани он тасдиқ менамояд.

          Воқеан, ҷавобгӯйи демократия будани ин ё он конститутсия аз мундариҷаи демократӣ доштани он бармеояд. Қабл аз ҳама, он бояд ба рушди мунтазаму устувори  институтҳои демократӣ мусоидат кунад, ки интихоботи озоду шаффоф, интихобӣ будани ашхоси мансабдор, озодии афкор, дастрасӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоот, ҳуқуқҳои умумии шаҳрвандӣ, мухторияти ассотсиатсияҳо (ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо аз рӯи манфиат, ҷамъиятҳои шаҳрвандон ва ғайра) ба он шомиланд. Новобаста аз муҳлати хеле кӯтоҳи қабули Конститутсия, институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон рушди муътадил пайдо карданд. Чунончӣ, интихоботи озоду демократӣ (интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ, раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия) сари вақт ва бо иштироки нозирони дохиливу хориҷӣ доир гашт(ниг.: Амонзода Намози Шариф. Санади ризоият ва ваҳдати умум. //Садои мардум №128 (3765) 31.10.2017). Ногуфта намонад, ки тавассути моддаҳои марбутаи Конститутсияи соли 1994  ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъйин гардид ва озодии андеша тавассути воситаҳои ахбори омма сурат гирифта, сензура ва таъқиб барои танқид манъ шуд. Ба унвони мисол, аз моддаи 30-и Конститутсия ёдовар мешавем: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Сензураи давлатӣ барои танқид манъ аст” (ниг.: Маҷмӯаи  Конститутсияҳои Тоҷикистон. /Муҳаррири масъул Гадоев Б.С. –Душанбе, 2015. -С.470). Таъйни меъёрҳои озодии виҷдон ва андеша (моддаи 26), ки аз муҳтавои Конститутсияи соли 1994 бармеояд, роҳи сохтмони давлати дунявиро ҳамвор намуд. Маҳз давлате, ки бар мабнои низоми давлатдории дунявӣ устувор аст, метавонад озодии виҷдон ва андешаро таъйиду тазмин кунад. Ин нуқтаи меҳварии озодиҳои инсонро Конститутсияи соли 1994 муқаррар кард ва аз ин тариқ барои ба вуҷуд омадани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маданӣ дар мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

       Тавре ки зикр шуд, Конститутсияи Тоҷикистон беҳтарин арзишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар худ инъикос кардааст, аммо ин маънои онро надорад, ки бе инкишофи  баланди шуури иҷтимоӣ конститутсия ҷомеаро дигар мекарда бошад. Сатҳи шуури иҷтимоӣ аз худшиносии иҷтимоию маънавии шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад. Маҳз ҳамин гуна сатҳи шуур ва худшиносӣ дар тинати мардуми тоҷик буд, ки хавфи таназзули давлат дар солҳои душвори 1993-1997 аз байн рафт. Ба ин мазмун, муҳимтарин заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ислоҳи вазъи иқтисодӣ, рӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ овардани Тоҷикистон, қабули Конститутсия дар марҳилаи душвору пурихтилофи солҳои аввали истиқлолият буд. Маҳз бо шарофати ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайгиронаи шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозии ҳама соҳа аз ислоҳоти қонунгузорӣ дар партави Конститутсия оғоз шуд. Хусусияти аз ҳама муҳим ва ҷолиби диққати Конститутсия дар он зоҳир гардидааст, ки он ба мафкураи ягон ҳизб ё ташкилоти диниву сиёсӣ асос наёфтааст.

        Дар давоми 25 сол ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба бо тариқи раъйпурсӣ — 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 20 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти худи меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститут­сионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.

        Дар маҷмӯъ, бар асоси Конститутсияи соли 1994 шароити мусоиди такмили қонунияти конститутсионӣ ва истеҳкоми пояҳои демократикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шуд. Дар ин замина Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Демократия дар ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки ҳокимият ба дасти қонун аст» ва сарчашмаи ҳуқуқ – Конститутсияи миллии соли 1994 раванди дунявият ва мардумсолориро дар қаламрави ҷумҳурӣ  таҳкиму тақвият бахшид. Ба сухани дигар, Конститутсияи соли 1994 гардиши куллиро дар ҳаёти сиёсӣ, идеологӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд оварда, роҳҳои рушду тараққии минбаъдаи давлатдории муосири тоҷикиро ҳамвор сохт.

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода