Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ғоявию маънавии давлат ва роҳи интихобкардаи моро муайяну мушаххас намуда, сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоятгарӣ манфиатҳои ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад. Зикран ба маврид аст, ки Конститутсия инсон, ҳуқуқ, озодиҳои ӯ, ҳаёт, қадру номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро арзиши олӣ ва дахлнопазир эълон намудааст. Бахусус дар марҳилаҳои нахустини рушди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати тоҷик қабул гардидани Конститутсияи худ ин як руйдоди таърихӣ ва дастоварди бузурге маҳсуб меёбад. Ин аст, ки ҳамасола, Рӯзи Конститутсияро мардуми шарифи Тоҷикистон бо фараҳу шодӣ ва дастовардҳои шоёни меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Дар ин радиф раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба муносибати таҷлили ҷани Конститутсия як қатор чорабиниҳои илмӣ-фарҳангиро ба нақша гирифтааст.

     Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, 2 ноябри соли 2019, соати 14:00  бо ибтикори раёсати Донишкада дар толори хониши Китобхонаи илмӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯйён конфронси илмӣ таҳти унвони “Кониститутсия бахтномаи миллат” баргузор гардид.

     Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Ноиби ректор оид ба таълим Ф.Мирахмедов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки Конститутсия дар воқуъ бахтномаи миллат ва кафолати имрӯзу фардои дурахшони Ватани азизамон-Тоҷикистон мебошад. Баъдан, суханро ба ҳуқуқшиноси донишкада Ҳ.Н.Кенҷаев вогузор кард. Мавсуф дар дар мавзӯи “Марҳилаҳои рушди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонгузориш дода, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба заминаҳои таърихии пайдоиш, марҳилаҳои асосии рушд, мафҳуми Конститутсия ва ғайра ҷалб сохта, дар асоси маводи илмӣ-тҳқиқӣ ба ин нуқта таъкид варзид, ки Конститутсия ин пеш аз ҳама ҳуҷҷати муҳиме мебошад, ки он асосҳои сохтори давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният ва тартиботро муайян мекунад. Ҳамчунин ҳуқуқшинос дар идомаи баромадашон ишора намуданд, ки марҳилаҳои пайдоиш ва рушди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барпоёбӣ ва ташаккули давлати миллии тоҷикон дар аҳди Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ алоқаманд буда, то ҳол панҷ марҳиларо аз сар гузаронидааст.

       Инчунин, дар кори конфронс мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Қаландаров дар мавзӯи Ҷанбаҳои сиёсии Конститутсия ва нақши он дар рушди ҷомеа баромад намуда, иброз доштанд, ки дар замони муосир яке аз шахсиятҳои бисёр номдор ва муътабаре, ки дар рушду нумуи миллати тоҷик ва давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон хизматҳои зиёд кардааст, бевосита Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ҳамчунин, Қаландаров ишора намуданд, ки дар даврони ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон масъалаҳои зиёде пайдо гардида буданд, ки ҳалли онҳо баҳри пешрафти он мусоидати бузург мекарданд. Яке аз масъалаҳо ин таҳияи Конститутсия ба шумор мерафт ва ногуфта намонад, ки дар ин марҳила яке аз дастовардҳои асосии кишвари соҳибистиқлоли мо ин қабули Конститутсия мебошад.

       Дар конфронс, инчунин мудири кафедраи бойгоншиносӣ, номзади илмҳои таърих Ҷобиров Раҷабалӣ дар мавзуи “Нигоҳе ба таърихи заминаҳои қабули Конститутсия” баромад намуданд. Дар баромадашон Р.Ҷобиров аз таърихи Конститутсия ёдовар шуда, қайд карданд, ки таърихи Конститутсия се марҳилаи инкишофи худ: дунёи қадим, асри миёна ва замони муосирро аз сар гузаронидааст. Ба сифати чунин сарчашмаи таърихии давлати қадим метавон Эъломияи ҳӯқуқи башари Куруши Кабирро ёдовар шуд, ки он соли 539-уми пеш аз  милод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори давлати Ҳахоманишиён қабул гардида буд. Бояд қайд кард, ки матни Маншур то замони мо бо забони аккадӣ дар шакли гилнавишт боқи мондааст, аз ҷумла, адо он оварда шудааст, ки: “Дар ҳудуди ҳудуди давлати ман… ҳар кас метавонад бо коре, ки дӯст медорад, машғул шавад, ҳар динеро, ки мехоҳад, пайравӣ намояд, дар ҳар ҷое, ки писандаш аст, зиндагонӣ кунад…”.

       Дар қисмати амалии конфронс байни устодон ва донишҷӯйён мубодилаи афкор сурат гирифта, дар охир аз ҷониби масъулини конфронс баҳри иштирокчиён филми ҳуҷҷатие зери унвони “Бахтномаи миллат” ба намоиш гузошта шуд.

       Ҳамин  тариқ, чорабинии нахустини Донишкада, ки ба Рӯзи Конститутсия ихтисос ёфта буд, дар рӯҳияи баланди хештншиносию  ифтихормандӣ ҷамъбаст гардид. Дар кори чорабини маъмурияти Китобхонаи илмии Донишкада саҳми сазовор гирифт. Маъмурияти  Китобхонаи илмӣ дар назди толори хониш намоиши китобҳои марбутаро ташкил намуд ва қабл аз шурӯи маҳфил ширкаткунандагон аз намоиши ташкилнамуда дидан намуда, номгӯйи китобҳои зарурӣ ва нодирро, ки ба мавзӯи Конститутсия бахшида шудаанд, ёддошт карданд.

    Хотирасон менамоем, ки дар Донишкада чорабиниҳои дигар ба ин муносибат идома доранд.

 

Директори Китобхонаи илмии ДДФСТ

ба номи М.Турсунзода, Сайзароб  Надиров