Имрӯз дар толори таълимии Муассисаи давлатии таълими «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  бо ибтикори кафедраи хореографияи факултаи санъати мусиқии мардумӣ консерти синфии  омӯзгори калони кафедра Сафарбегим Боронбекова баргузор гардид. Дар консерт ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Муҳриддин Низомӣ, муовинони ректор, декани факулаҳо ва устодону кормандони донишкада иштирок намуда, ҳунарнамоии донишҷӯёнро гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мудири кафедраи хореография Музаффар Искандаров ҳозиринро хайра мақдам гуфта, зикр намуд, ки мақсад аз ташкил ва баргузор намудани консерти синфӣ тақвият бахшидани ҳунари раққосии донишҷӯён ва шинос намудани онҳо бо нозукиҳои чӣ гуна дар саҳна рӯ ба рӯ бо тамошобинон ҳунарнамоӣ кардан мебошад. Барномаи  консертӣ аз рақсҳои фардӣ ва гурӯҳӣ иборат  буда, рақсҳои ҷолиби донишҷӯён бо унвонҳои «Кабўтар», «Нози хаёл» , «Навои дил», «Зебанда», «Биё љонам», «Фаришта», «Гулѓунча», «Бадахшонї» ва «Попурї» дар таҳияи омӯзгори  калони  кафедра  Сафарбегим  Боронбекова ба саҳна гузошта шуда, аз тарафи донишҷӯён иҷро гардиданд.

 

        Дар ҷамъбаст  ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Муҳриддин Низомӣ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба муваффақият ва камбудиҳои ҳунари раққосии донишҷӯён иброз намуда, ба онҳо маслиҳат ва тавсияҳои муфид дод. Масуф, инчунин тазаккур дод, ки  барои боз ҳам рушд намудани ҳунари раққосӣ ҳар як донишҷӯ аз нозукиҳои рақс огоҳ бошад. Ректори донишкада ба донишҷӯён комёбӣ таманно намуда, дар умум ҳунари  раққосии онҳоро мусбат баҳогузорӣ намуд.

 

 

Синои АБУАЛӢ