Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  бо иқдоми кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) – и Факултаи санъати мусиқии мардумӣ консерти  синфии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, и. в. дотсент Ҳаётой Муминова  дар иҷрои донишҷӯён баргузор гардид. Дар консерт ректори донишкада,  д. и. филологӣ, профессор  Муҳриддин Низомӣ ва устодону донишҷӯён иштирок намуда, бо истиқболи гарму ҷӯшон аз ҳунарнамоии донишҷӯён пазироӣ намуданд.

         Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҳаётой Муминова  изҳор намуд, ки барномаи консертии синфии мо ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии барномаи давлатӣ таҳия гардида,  мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017,  таҳти №159 барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод — шогирд» барои солҳои 2017-2021, инчунин Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст. Барномаи  консертӣ аз 11 суруд иборат  буда, сурудҳои «Шиква», шеъри Н. Қосим, оҳанги Д. Баҳромов, «Гулдаста», шеъри Г. Келдӣ, оҳанги Х. Абдуллоев, «Илтиҷо», шеъри Л. Шералӣ, оҳанги Ф. Одинаев ва ғайраҳоро дарбар гирифта, аз тарафи донишҷӯён иҷро гардиданд.

         Дар ҷамъбаст  ректори донишкада,  д. и. филологӣ, профессор  Муҳриддин Низомӣ барои боз ҳам рушд намудани ҳунари суханвариву сарояндагии донишҷӯён маслиҳату тавсияҳои муфид  дода, дар умум ҳунари сарояндагии онҳоро мусбат арзёбӣ кард.

 

 

Сино ҚУДРАТОВ