Бо наздик шудани сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 дар ихтисосҳои эҷодии факултаҳои театр, кино ва телевизион, фарҳангшиносӣ, санъати мусиқии мардумӣ, мусиқӣ — омӯзгории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  супурдани корҳои мустақилонаи донишҷӯён сурат мегирад. Корҳои мустақилона дар факултаҳои санъати мусиқии мардумӣ ва мусиқӣ- омӯзгорӣ  дар шакли консерҳои синфӣ  ҷараён дорад.

   Имрӯз дар синфхонаи №10 консерти синфии омӯзгори калони кафедраи фортепиано ва гузориши овоз Дилбар Шарипова доир гардид, ки дар он донишҷӯёни курсҳои 1, 2,3 ва 4-и шуъбаи санъати мусиқӣ ва сурудхонии халқӣ иборат аз 28 нафар баромад карданд. Донишҷӯёни курси 1-уми санъати мусиқӣ З. Одилбекова, Н. Шодмонзода, У. Сариев, С. Кенҷаева, Г. Холмуродова, Х. Ҳамидов, О. Ҷураев, Ф. Асенов, М. Холов, О. Ҷураев  сурди «Ватан», «Хонаи мо »- ро аз ашъори М. Турсунзода ва суруди «Зебо Ватан»-ро аз ашъори Боқӣ Раҳимзода ба иҷро расонданд. Усули баргузории консерти синфӣ, ки анъанаи ихтисосҳои мазкур дониста шудааст, агар аз як тараф дар кушода шудани маҳорати касбии донишҷӯён замина гузорад, аз тарафи дигар шакли хуби баҳогузорӣ ба сифати таълими омӯзгор дониста мешавад.

[metaslider id=2549]

   Омӯзгор Дилбар Шарипова дар муддати таҳсил барои шавқманд шудани донишҷӯён ва беҳтар гардонидани раванди таълим  аз барномаҳои MuseScore 1.2,  Sibelius 3.0 ва бо  истифода аз технологияи компютерӣ (ноутбук) 5 асарро нотабардорӣ карда, оҳанг офаридааст. Омезиши  асбобҳои аврупоӣ  бо асбобҳои халқӣ дар ҳар асари мусиқӣ, ки тавассути техникаи компютерӣ коркард карда шудааст ва дар он сурудҳои «Республикаи ман» дар иҷрои  А. Муродалиев, донишҷӯи курси 4-ум, «Созу навои дил» дар иҷрои Ф. Меликова, донишҷӯи курси 3-юм, «Хонаи мо»  дар иҷрои З. Одилбекова ва Н. Шодмонзода, донишҷӯёни курси 1-уми шуъбаи санъати мусиқӣ ва сурудхонии халқӣ   садо доданд, ба назар мерасид.

   Зикр кардан бамаврид аст, ки  яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот дар шуъбаҳои эҷодӣ ин иштироки фаъоли донишҷӯён ва ҷорӣ намудани усули нави дарсгузарӣ  аз тарафи худи омӯзгор мебошад, ки ин ҷиҳат дар консерти синфии Дилбар Шарипова ба мушоҳида мерасид.

   Дар замони муосир  ва дар раванди таълим  истифода кардан аз   техникаю технологияи навин ба манфиати кор буда, метавонад то андозае  мушкилоти норасоии консертместерҳоро дар ҷараёни дарсҳои амалӣ бартараф  созад.

   Таҷрибаи кори омӯзгори кафедраи фортепиано ва гузориши овоз Д. Шарипова  омӯзанда буда, омӯзгорони ҷавонро лозим меояд, ки ин таҷрибаро азхуд намоянд.

Бобоҷон РАҲИМОВ,
мудири бахши сифати таҳсилоти ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода