Имрӯз дар толори театри таълимии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба 50-солагии донишкада консерти ҳисоботии кафедраи хореографияи факултаи санъати мусиқии мардумӣ баргузор гардид. Дар консерт устодону собиқадорони соҳаи рақси кишвар, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуда, ҳунарнамоии донишҷӯёни кафедраро гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Консерти ҳисоботӣ бо мақсади тақвият бахшидани ҳунари раққосии донишҷӯён ва шинос намудани онҳо бо нозукиҳои чӣ гуна дар саҳна рӯ ба рӯ бо тамошобинон ҳунарнамоӣ кардан баргузор гашта. Барномаи консертӣ аз рақсҳои фардӣ ва гурӯҳӣ иборат буда, рақсҳои ҷолиби донишҷӯён бо унвонҳои «Кабӯтар», «Парвози орзу», «Пайки Наврӯз», «Бадахшонӣ», «Бухороӣ», «Дилошӯб», «Зарб», «Мавҷи дарё» ва ғайраҳо дар таҳияи устодони кафедра ба саҳна гузошта шуда, аз тарафи донишҷӯён бо маҳорати баланд иҷро гардиданд.
Дар анҷом ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ профессор Муҳриддин Низомӣ андешаву мулоҳизаҳояшро дар бораи ҳунари раққосии донишҷӯён баён намуда, барои баргузории чунин барномаи ҷолиби консертӣ, ки фарогири рақсҳои миллӣ ва минтақавӣ буд, миннатдории худро ба устодони кафедра ва донишҷӯён иброз дошт.