Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  бахшида ба 50-солагии донишкада ва 112-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода консерти ҳисоботии факултети санъати мусиқии мардумии донишкада баргузор гардид.

           Консерти ҳисоботӣ фарогири шеъру суруд ва оҳангу рақсҳои ҷолибу дилнавозе, ки маҳсули корҳои эҷодии устодону донишҷӯёни факултет мебошад, пешкаши ҳозирин гардонда шуд. Барномаи  консерти ҳисоботӣ аз 13 суруд, оҳанг ва рақс иборат  буда, муҳтавои сурудҳои иҷрогардида мавзуъҳои ватандӯстӣ, муҳаббату вафодорӣ ва васфи табиати биҳиштосои ватанро дар бар мегирифтанд, ки аз тарафи донишҷӯёни факулта бо маҳорати баланд иҷро  гардиданд.

      Дар ҷамъбаст  ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Муҳриддин Низомӣ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба муваффақият ва камбудиҳои ҳунари донишҷӯён иброз намуда, ба онҳо маслиҳат ва тавсияҳои муфид дод. Мавсуф, инчунин тазаккур дод, ки  барои боз ҳам рушд намудани ҳунари суханвариву сарояндагӣ бояд ҳар як донишҷӯ аз нозукиҳои шеър, аз қабили маъно, вазн ва арӯз  огоҳ бошад. Ректори донишкада ба донишҷӯён комёбӣ таманно намуда, дар умум консерти ҳисоботии факултети санъати мусиқии мардумии донишкадаро мусбат баҳогузорӣ намуд.

ҚУДРАТОВ Сино