Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти ҳисоботии ансамбли “Бонувон”-и донишкада баргузор гардид.

     Консерти ҳисоботӣ, ки фарогири шеъру суруд ва оҳангу рақсҳои ҷолибу дилнавоз,  аз қабили “Тоҷикистон”, “Таронаи рӯд”, “Таронаи занон”, “Гулдухтарони тоҷик”, “Оби равон”, “Сабзинаранг”, “Сюитаи рақсӣ”, “Эй диёрам”, “Дарё” ва “Пешвои миллат” аз ҷониби  ҳайати ансамбли “Бонувон” бо роҳбарии муаллими калон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Шарипова пешкаши ҳозирин гардонда шуд.               Пас аз анҷоми барномаи консертӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин суханронӣ намуда, ба устодон ва донишҷӯдухтароне, ки дар омода намудани консерти ҳисоботӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд.  Ректори донишкада ёдрас шуд, ки бонувони донишкада дар қатори устодон  ва донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон Ватани азизи ман “ ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона ширкат варзида, донишкадаро муаррифӣ менамоянд.         Ректори донишкада устодон ва донишҷӯдухтарони ансамбли “Бонувон”-и донишкадаро бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуда, иброз дошт, ки мо бояд саъю талош намоем, ки минбаъд низ дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихории бештар гардем.

Синои АБӮАЛӢ