Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  бо иштироки ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, муовинони ректор, устодон ва донишҷӯён консерти хатмкунандагони кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) баргузор гардид.

          Консерт, ки фарогири сурудҳои ҷолибу дилнавоз,  аз қабили “Тоҷикистон”, “Лабҳои майгун”, “Дили модар”, “Аё сайёд”, “Кабкак”, “Бурдӣ қарорам”, “Мулки дилам”, “Садоқати дӯст”, “Туро ёбам”, “Ҷони ошиқ”, “Орази зебои ту”, “Ушшоқи Самарқанд” ва “Борон” буд, аз ҷониби  хатмкунандагони кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) пешкаши ҳозирин гардонда шуд.          Донишҷӯён — хатмкунандагони кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) бо сароидани сурудҳо сатҳу сифати азхуд намудани касби интихобкардаашон ва малакаву истеъдоди худро ба намоиш гузоштанд. Мақсад аз баргузории консерт баҳо додан ба маҳорати ҳунарварӣ, тарзи сурудхонӣ ва ҳунари навозандагии донишҷӯён буда, баргузории ин гуна чорабиниҳо дар донишкада пайваста ба роҳ монда мешаванд.

Пас аз анҷоми барномаи консертӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба устодону шогирдоне, ки дар омода намудани консерт саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд. Роҳбари муассиса фикру мулоҳизаҳои худро оид ба муваффақият ва камбудиҳои ҳунари сарояндагии донишҷӯён иброз намуда, ба онҳо маслиҳат ва тавсияҳои муфид дод. Мавсуф, инчунин тазаккур дод, ки  барои боз ҳам рушд намудани ҳунари суханвариву сарояндагӣ ва сайқал додани истеъдод бояд ҳар як донишҷӯ аз нозукиҳои шеър, аз қабили маъно, вазну арӯз  огоҳ бошад ва шеърҳои дорои маъниҳои баланду муҳтавояшон тарғиби ғояҳои миллидоштаро барои сароидан интихоб намояд. Ректори донишкада ба донишҷӯён комёбӣ таманно намуда, дар умум ҳунари  сарояндагии онҳоро мусбат баҳогузорӣ намуд.

Синои АБУАЛӢ