Шоми 27 октябри соли 2019 дар доираи Фестивали байналмилалии «Шарқ – Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил» консерти мусиқии анъанавӣ барпо гардид. Қабл аз оғози консерт дар назди иштирокдорон ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Усмонзода Хайридин Усмон бо сухани шодбошӣ баромад намуд. Сипас сухан ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дода шуд.

   Вазири фарҳанги кишвар иқдоми раёсати днишкадаро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт: «Ман боварӣ дорам, ки бо меҳмонони олиқадри ин ҷашнвора мо дар оянда низ дар дигар чорабиниҳои фарҳангии доирнамудаамон вохӯрда, аз ҳунару истеъдоди баландашон ба хубӣ баҳравар хоҳем гашт».

   Сипас, барномаи консерӣ оғоз гардид. Консертро Замира Суюнова, Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон бо суруди халқии ӯзбекӣ — «Танавор» ифтитоҳ намуд. Ансамбли созии «Шашмақом»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳунарманди хизматнишондодаи Ӯзбекистон  Абдураҳмон Холтоҷиев дар сози чанг сарояндаи маъруфро ҳамовозӣ намуданд. Сурудҳои дигари сарояндаи хушовоз — «Дугоҳ» ва «Омон ёр» низ бо хушнудии хеле зиёди мухлисон пазируфта шуданд.

   Сарояндаи қазоқистонӣ, ғолиби озмунҳои байналмилалӣ — Баглан Бабижан ба фестивал чор суруди халқии қазоқиро пешниҳод намуд, ки аз рӯи таснифи мусиқӣ  хеле гуногунрангу ҷаззоб буданд. Хусусан, садои Баглан Бабижан, ки хеле фораму дилнишин буд, барои шунавандагон як ҷаҳон таассуроти неки фарҳангӣ бахшид, зеро пас аз ҳар як баромади ӯ «кафкӯбиҳои осмонкаф»-и шунавандагон зали консертии донишкадаро фаро мегирифт. Сурудҳои иҷрокардаи Б.Бабижан – «Аккум», «Агайша», «Басты олен» дар сози думбраи дуторӣ ва суруди халқии «Келқайнарға» дар сози думбраи сеторӣ иҷро гардиданд, ки ҳар яке аз онҳо хусусиятҳои хоси иҷрокунандагӣ доштанд.

   Навозандаи намоёни қирғиз Рысбек Жунушев, ки низ   ғолиби   озмунҳои байналмилалӣ мебошад, дар сози мардумии қирғизӣ – қомуз 5 асари композиторони шинохтаи қирғиз ва як асари худро манзури шунавандагони фестивал намуд. Хусусан, асари муаллиф — «Эргуу» ҳам аз ҷиҳати маҳорати навозандагӣ ва ҳам аз ҷиҳати фаровонии        тобишҳои халқӣ, ки дар асар истифода шудаанд, хотири иштирокчиёни фестивалро шоду масрур гардонд.

   Дар иҷрои Александр Прасолов — ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (сози балалайка) 6 асар ба шунавандагон пешниҳод гардид, ки асоси  қариб ҳамаи онҳоро оҳангҳои халқии русӣ ташкил менамуданд. Дар иҷрои А. Прасолов оҳангҳои халқии «Вы послушайте ребята», «Ай все кумушки домой», свадебная шуточная «Заиграй моя волынка», старинный русский романс «Я встретил Вас», «Ехал казак за Дунай» ва «Ах ты, береза» бо як маҳорати баланди касбӣ иҷро гардиданд. Оҳангҳои иҷронамудаи навозанда беихтиёр хотираи касро ба даштҳои беканор, ҷангалзорони анбуҳи пурсафедор, тӯйҳои  пурдабдабаи халқи рус ва умуман ин диёри хеле зебоманзари сайёраи замин мекашиду рӯҳи касро навозиш менамуд.

   Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст профессори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов бо оҳанги «Навои танбӯр» дар назди иштирокчиёни фестивал баромад намуда, хотири шунавандагонро шод гардонд.

   Озода Ашӯрова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ба фестивал суруди «Сарахбори ороми ҷон» (шеъри Ҳофиз)-ро пешниҳод намуд, ки дар сатҳи баланди касбӣ ба иҷро расид.

   Хушбахт Ниёзов бо сози рубоби бадахшӣ «Навои рубоб»-ро иҷро намуда, бо маҳорати баланди худ қалбҳои аҳли толори консертиро мафтуни навои ин сози қадимаи бадахшонӣ намуд.

   Шоҳин Абдуллоев бошад, бо сурудҳои халқии «Сайри чаман» ва «Фалак» олами маънавии аҳли нишастро   бою рангин гардонд.

   Чорабиниро Раҳматулло ва Фирдавс Ҳошимовҳо ва гурӯҳи рақсии «Бунафша» бо суруди «Чӣ ёд дорам» (шеъри Ҷалолиддини Балхӣ, оҳанги Р. Ҳошимов) ҳусни анҷом бахшиданд. Умуман, консерт дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардид.

 

Саидмаҳмуд САИДҲОМИДОВ,

саромӯзгори кафедраи

тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ

[metaslider id=1817]