29 октябр Конфренсияи илмӣ- амалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  дар сатҳи баланди илмӣ идома ёфт.

   Чунон ки дар гузоришҳои қаблӣ иттилоъ дода будем, конфронси илмӣ-амалӣ бо иштироки доираи васеи олимони маъруфи соҳаи фарҳангу санъат, аз ҷумла ҳунармандони болаёқат аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон доир гардид.

   Дар оғози конфронс Ладигина О. В., доктори илми фалсафа,  дотсент, мудири кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Руссия- Тоҷикистон мавзӯи  “Муколамаи байнифарҳангӣ ва мушкилоти ташаккули он дар ҷомеаи муосир”-ро мавридиди баррасӣ қарор дод.  Гуфта шуд, ки муколамаи фарҳангҳо дар ҷомеаи кунунӣ чун обу ҳаво зарур аст. Зеро инсон ҳар қадар фарҳангу тамаддуни дигар миллату давлатро зиёдтар донад, ҳамон қадар тамоюлаш ба густариши фарҳангу тамаддуни хеш зиёдтар мешавад. Илова бар ин, донистани фарҳангу тамаддуни миллату давлати дигар боиси соҳибэҳтиромии шахс дар ҷомеа мегардад. Ладигина О. В. масъалаи бархӯрди фарҳангҳоро матраҳ намуда, ҷонибдориашро ҷиҳати густариши муколамаи фарҳангҳо иброз дошт.

   Латифзода Д. Н., доктори илми педагогӣ, профессори фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ мавзӯи   “Ташаккули фарҳанги муносибатҳои байни миллатҳо ва маърифати этнофарҳангӣ ”-ро ба риштаи таҳқиқ кашида,  ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои фарҳангӣ, ташаккулу такомул бахшидан ба маърифати этнофарҳангӣ, дуруст ба роҳ мондани методикаи таълими фарҳангшиносӣ дар донишкада ва донишгоҳҳои ИДМ андешаҳои ҷолиб баён намуд.

   Назарова Л. А., номазди илмҳои санъатшиносӣ, дотсенти кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дар мавзӯи “Саҳми композиторони Тоҷикистон дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ” суханронӣ намуд. Аз андешарониҳои ӯ бармеояд, ки дарвоқеъ композиторони Тоҷикистон дар густариши фарҳанги ҷаҳонӣ  саҳми муассир гузоштаанд. Мавсуф аз эҷодиёти нодири маъруфтарин композиторони Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор намуд, ки композиторони кишвар, ки аксарияташон, мутаассифона, дар қайди ҳаёт нестанд, тавонистанд бо эҷоди нодиртарину нозуктарин осори мусиқӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоранд.

   Халиқулова Г.Э., номзади илми педагогӣ, профессор, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон мавзӯи хеле мубрам- ғазал ва мусиқиро таҳлилу баррасӣ намуд. Дарвоқеъ, ғазал яке аз жанрҳои писандидаи адабиёт аст. Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин жанри адабиро ташаккул дод ва  Ҳофизи Шерозӣ, ки бо тахаллуси “Лисон-ул-ғайб” маъруф аст, ҳамчун офарандаи беҳтарин ғазалҳо дар ҷаҳон маъруф аст. Маҳз эҷодиёти шоирони номдори тоҷик сарчашмаи илҳоми Алишер Навоӣ гардиданд ва ӯ дар эҷоди ғазал маҳорати том пайдо кард.  Халиқулова Г. аз эҷодиёти А. Навоӣ чанд ғазал оварда, пайванди ғазал бо мусиқиро шарҳ дод. Аз баромади ӯ бармеояд, ки ғазал ва мусиқӣ пайванди ногусастанӣ доранд.

   Ҳамчунин дар ин конфронс Эсаналиева К.Э., номзади илми педагогӣ, профессор аз Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҳасанова М., номзади илми таърих, ходими илмии Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи А. Дониши АИ ҶТ., Раҳимов К. С., номзади илмҳои санъатшиносӣ, директори Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев ва Зубайдӣ А. Ҷ., номзади илми таърих, дотсенти кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзӯҳои гуногуни илмӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

   Баъд аз нисфирӯзӣ дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамаи  олимоне, ки тайи се рӯз дар Конфренсияи илмӣ- амалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” суханронӣ ва иштирок намуданд, ҷамъ омада, аз конфронс натиҷагирӣ карданд.

   Аз баррасиву таҳлили олимон бар меояд, ки маҳз конфронси мазкур имконият фароҳам овард, то кишварҳои ИДМ аз наздик бо анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумии ҳамдигар шиносоӣ пайдо намоянд. Ин конфронс имкон дод, ки донишмандон дар бораи ҳифз ва рушди санъати мусиқии анъанавӣ, ҷанбаҳои гуногуни эҷодӣ ва зеҳнӣ, ҳунарҳои мардумӣ, муколамаи фарҳангҳо, маърифати этнофарҳангӣ,  таҳкими дӯстӣ дар саросари ҷаҳон тадбирҳои судманд андешанд. Бинобар ин, пешниҳод шуд, ки ҳамин конфронси илмӣ амалӣ ба ҳайси чорабинии доимӣ (дар ду сол як маротиба) дар заминаи марказҳои илмию таълимӣ дар Душанбе, Тошканд, Алмаато, Бишкек ва Новосибирск муттасил гузаронида шавад.

   Дар ниҳоят тавсияҳои донишмандон аз натиҷаи  Конфронси илмӣ-амалии “Шарқу Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” дар ҳузури ҳамаи иштирокчиёни конфронс қироат гардида, қарор карда шуд, ки тавсияҳо аз натиҷаи конфронс ба ҷойҳои дахлдор пешниҳод шавад.

   Баъдан, ректори донишкада, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Хайридин Усмонзода ҳузури ҳамаи меҳмононро ба кишвари офтобии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки фарҳанг пайвандгари рӯҳу равони инсонҳо буда, маҳз тавассути санъат мо метавонем дӯстии халқҳоро таҳким бахшида, ваҳдату ягонагии халқҳоямонро ба даст орем. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои рушди робитаҳои ҳасанаи фарҳангу тамаддуни кишварҳои ИДМ ҳамкориҳоро дуруст ба роҳ монда, дар ин самт аз ин ҳам зиёдтар кӯшиш ба харҷ диҳем.

 

Муллоаҳмадшоҳ  ЧУРҒОСИЕВ ,

мудири шуъбаи магистратура,

аспирантура ва доктор (PhD)

[metaslider id=2007]