Имрӯз дар кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналисти ТВ ва радио –и МДТ “ДДФСТ ба номи М.Турсунзода” конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар оғози кори конфронс баъд аз сухани ифтитоҳии мудири кафедра Мирзода Зулфия дотсенти илмҳои филологӣ , профессор Муъминҷонов Зулфиддин дар мавзуи “Тарз ва усулҳои нави пешниҳоди мавод дар телевизионҳои маҳаллӣ” баромад намуда, иброз доштанд, ки имрӯз зарурати тарбияи журналистони соҳавӣ ба вуҷуд омадааст. Журналист агар ба корҳои дигар, чун коргардониву танзимнамоӣ пардозад, майли навиштан дар ӯ кам мешавад.Таҳияи барномаи телевизионӣ кори коллективист Аз-ин рӯ телевизион бояд талаботи тамошобинро иҷро кунад.
Баъдан, дотсенти кафедра Сангов М дар мавзӯи “Ҳикмати нур дар “Достони Роғун” –и Давлат Сафар баромад намуда, атрофи сохтмони ин иншооти муҳташам ва таърихи он қайд кард.Гуфта шуд, ки “Роғун иншооти бузурги аст ва кохи нур буда, шоир Давлат Сафар хело зебо дар достони худ инро ба қалам додааст.”
Сипас муаллимаи калони кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ Абдуллоева Адиба баромад карда, дар мавзуи “Вижагиҳои пахши мустақим дар иарҳалаҳои аввали телевизиони тоҷик “ сухан карданд.Қайд гардид, ки “пахши мустақим симои муайянкунандаи шахси озод аст.Бояд дар ТВ барномаҳои мустақим бештар шавад,то ҷалби тамошобин низ зиёд гардад.”Ҳамчунин ба суолҳои ҳозирин атрофи кам будани барномаҳои мустақим ва такрор рафтани аксари барномаҳо (манзур бештар барномаҳои иттилоотӣ посух гуфтанд.
Ҳамчунин дар конфронс як қатор таҳсилкунандагони донишкада низ дар мавзуҳои гуногун баромад намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд. Бахусус дар мавзӯи “Ҷойгоҳи филми ҳуҷҷатӣ дар ТВ Синамо” докторанти соли 2-юми ихтисоси Рӯзноманигори ТВ Моҳрухсори Азизулло сухан намуда, қайд кард, ки “назар ба солҳои қабл ҳоло дар ТВ филмҳои ҳуҷҷатӣ бештар гардидааст.Филми ҳуҷҷатӣ ба ҳаёти ягон шахс робита дошта, онро худи қаҳрамон бозӣ мекунад.Вазифаи навобардор он аст, ки барои офариниши филми мустанад саҳнаҳоро ба навор гирад, ки ба бинанда табиӣ ба назр расад.Бархе барномаҳое, ки дар ТВ филми мустанад номида шудаанд, ба талаботи филми ҳуҷҷатӣ ҷавобгӯ нест. Дар рафти конфронс донишҷӯи курси 3-юми кафедра Ҳомидов Шамшер дар мавзӯи “Махсусияти барномаи “Маърифат”-и Ҷамилаи Ҷамол дар радиои Тоҷикистон” сухан карда, андешаҳои хешро доири ин барнома баён кард.Зикр гардид, ки “алҳол номгузорӣ дар бисёр ҳолат дуруст риоя намегардад.Барномаи мазкур,ки таҳлилист ва худи шунавандагон низ метавонад дар барнома ширкат карда фикру андешаҳои худро баён кунад.Ин барнома то ҷое манфиатовар аст ва барои ислоҳи бисёр камбудиҳо саҳмгузор гардидааст.”
Ҳамчунин, дар конфронс донишҷӯи курси 3-юми режиссураи ТВ Навбухорова Нилуфар суханронӣ карда, аз таърихи телевизиони Тоҷикистон маърӯзаи хешро қироат намуд.
Атрофи ороишии мусиқӣ дар ТВ бошад,Раҷабалиев Комрон баромад намуда, маълумотҳои хуберо ба саҳми ҳозирин расонд.
Сипос, донишҷӯён курси якуми шуъбаи рузноманигори ТВ Сайфуллоев Беҳрӯз суханронӣ намуда ,дар мавзӯи “калимаҳои нав,куҳна ва иқтибосӣ дар забони тоҷикӣ ва истифодаи онҳо дар ВАО” андешаронӣ кард.Қайд карда шуд, ки забони ВАО махсусан телевизион бояд оммафаҳм бошад.Журналист бояд бо забоне сухан кунад, ки мардум гуфтаҳои ӯро дарк бинмояд!
Пасон, дар мавзӯи “Рушди ВАО дар даврони соҳибистиқлоли кишвар” муаллимаи кафедра Умарова Муқаддас фикру андешаҳои худроба саҳми ҳозирин расониданд.
Дар ҷамъбасти конфронс, профессори фахри кафедра Гавҳар Умарова ба таҳлили маърузаҳои ироагардида натиҷагирӣ намуда, таъкид карданд, ки сол ба сол донишҷӯён ва устодони кафедра ба анҷоми корҳои илмӣ бештар машғул гардида истодааст ва ин вобаста барои беҳтар гардидани сатҳи таълиммусоидат кунанда аст
Дар анҷом бо иштироки донишҷӯёну устодон акси хотиравӣ гирифта шуд!
Беҳрӯз Сайфуллоев
донишҷӯи курси якуми кафедраи
журналистикаи тв ва радиошунавонӣ