Дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд  27-28 — уми майи соли равон Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ бо унвони “Таҳқиқоти забоншиносии муосир: таҷрибаи хориҷӣ, таҳқиқоти ояндадор ва усулҳои инноватсионии омӯзиши забонҳо” баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши илмӣ устодони донишкада — мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Муҳаббат Назарова бо мақолаи илмии “Муқоисаи сохтории хусусиятҳои ҷумлаҳои содаи яктаркибаи бешахс дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ”ва муаллими кафедраи мазкур Меҳриддин Холов бо мақолаи илмии “Афзалиятҳои истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълими забонҳои хориҷӣ бо мақсади ташаккули салоҳиятҳои касбӣ-лингвистии донишҷӯён” тариқи онлайн иштирок намудаанд.

Дар доираи конференсия як қатор мавзӯъҳои муҳим, назири тарҷумашиносии муосир: анъана ва инноватсия, масъалаҳои муҳимми аспектология, таҳқиқоти муқоисавӣ- типологии муосир, забоншиносӣ ва равандҳои педагогӣ-психологии омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои инноватсионӣ – педагогӣ ва таҷрибаи хориҷӣ матраҳ гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои конференсия маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ расида, муаллифон бо Сертификат қадрдонӣ шуданд.

 

 

Додоҷон РӮЗИЕВ