Дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” перомуни натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи  “Мукаммалгардонии раванди таълим аз рӯи ихтисосҳои фарҳанг ва санъат дар  асоси коркард ва амалигардонии барномаҳои таълимӣ, мутобиқгардонии онҳо ба стандартҳои аврупоӣ” конференсияи илмӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия коршиноси байналмилалӣ, муовини ректори Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой, доктори илмҳои таърих, профессор Е. А. Полякова, коршиноси байналмилалӣ, котиби илмии Шӯрои муттаҳидаи таълимӣ-методии Академияи миллии санъати Қазоқистон Г. Б. Гизатова, коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат, “Санъати эстрада ва намоишҳои оммавӣ”-и Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон, доктори фалсафа дар соҳаи санъатшиносӣ, профессор, аъзои Шӯрои ҷамъиятии ИДМ оид ба маориф, коршиноси байналмилалӣ, мудири кафедраи “Менеҷменти фарҳанг”- и Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон, коршиносони миллӣ – Б. С. Сафаралиев, Д. Н. Латифзода, К. Раҳимзода, М. Умедов ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қабл аз оғози конференсия муаррифии Маркази захираҳои электронии “Фарҳанг ва санъат” сурат гирифт.

 

Сипас, конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф  меҳмонон – иштирокчиёни чорабиниро ба донишкада хайрамақдам гуфта, барояшон дар таҳлилу баррасии мавзӯи матраҳшаванда барору комёбӣ таманно намуд.

Иҷрокунандаи вазифаи менеҷери лоиҳа, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” Ф. А. Улмасов дар бораи натиҷаҳои асосии татбиқи лоиҳа маълумот ироа намуд. Масъулон оид ба баъзе ҷанбаҳои менеҷменти молиявии лоиҳа, самтҳои асосии лоиҳа оид ба харидани таҷҳизот ва мушкилоти коркарди  барномаҳои таълимӣ аз рӯи ихтисосҳои фарҳанг ва санъат ибрози назар карданд.

Ҳамзамон, дар конференсия як қатор мавзӯъҳои муҳим, назири “Татбиқи лоиҳаҳои таълимии байналмилалӣ ҳамчун самти муҳимми ҳамкории аъзои Иттиҳоди муассисаҳои таълимии осиёӣ дар соҳаи фарҳанг”, “Оид ба натиҷаҳои коркард ва амалигардонии ихтисоси нави “Санъатшиносӣ” дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, “Роҳҳои мукаммалгардонии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳанг ва санъат дар даврони муосир”, “Дар бораи моҳияти татбиқи лоиҳаи таълимӣ аз рӯи ихтисоси фарҳанг ва санъат дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, “Дар бораи ихтисоси нави “Санъатшиносӣ” дар сохтори раванди таълими Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, “Оид ба баъзе ҷанбаҳои барномаҳои таълимӣ аз рӯи ихтисоси “Фарҳангшиносӣ” таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, иштирокдорони ҳамоиш барои тавсеаи ҳамкориҳо дар ин самт пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ