Ташкил ва баргузор намудани соати тарбиявӣ дар ҷараёни таълим ва хусусан интихоби дурусти мавзӯъ новобаста ба ихтисос то андозае ба хислату рафтор, ҷаҳонбинии донишҷӯён таъсир расонда дар воқифнамоӣ аз  таъриху тамаддун ва фарҳанги ниёгон, ҳамчунин дар таквият бахшидани ҳисси  худогоҳию хештаншиносии дар ниҳоди наврасону ҷавонон нақши созгор гузошта метавонад.

     Дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  ҷиҳати баргузор намудани дарсҳои тарбиявӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, муҳимияти онро дар тарбияи ахлоқӣ- маънавии донишҷӯён  ба манфиати кор медонанд. Ҳамасола, шурӯъ аз оғози соли  нави таҳсил раёсати донишкада дар баробари хуб ба роҳ мондани раванди таълим, боло бурдани сатҳу сифати таълим ва дарсазхудкунӣ ба дарсҳои тарбиявӣ  низ  аҳамияти бештар дода шуда, таъкид ба амал оварда мешавад, ки дар самти таълим ба натиҷаи дилхоҳ расидан ҳамбастагии таълим ва тарбия мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа новобаста ба синну сол ба тарбия ниёз дорад.

      Имрӯз барои донишҷӯёни курси 4-уми шуъбаи драматургияи факултаи санъати театрӣ ва режиссураи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти роҳбарии роҳбари бадеии курс  — омӯзгор Раҳимов Бобоҷон дар мавзӯъи «Китоби «Тоҷикон» дар шинохти миллат» дарси тарбиявӣ доир гардид.  Тавассути ин дарс донишҷӯён оид ба корҳои анҷомдодаи илмӣ- таҳқиқотии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва заҳматҳои кашидаи  фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар гузашта, барои расидан ба озодӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон,  доир ба солҳои чопи китоби мазкур бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ маълумот гирифтанд. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯҳфа намудани асари таърихии «Тоҷикон»-и  Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадони тоҷик пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҷомеа дар шинохти марзу буми Ватан, аслу насаби хеш, фарҳангу тамадуни башарӣ- ориёӣ ва ниҳоят нақши  шоҳасар дар муаррифӣ намудани тоҷикон ба ҷаҳониён равона гардидааст.

    Рӯ овардан ба сатрҳои  шоҳасари  «Тоҷикон» -и Бобоҷон Ғафуров ин рӯ овардан ба оинаи таърих мебошад.

Донишҷӯён  дар навбати худ оид ба фарогирии мавзӯъҳои дар  бобҳои китоби «Тоҷикон» овардашуда ибрози назар карданд.

Бештар ба роҳ мондани дарсҳои тарбиявӣ, хосатан дар мавзӯҳои  таркибии китоби «Тоҷикон»  барои ояндасозӣ заминаи мустаҳкамро ба миён меорад, зеро  гузаштаро надонистан, имрӯзро нафаҳмидан ва  ояндаро насохтан аст.

Б. Раҳимов 

омӯзгори МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»

Чоп кунед