Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори собиқ Шӯрои Комиссарони ИҶШС ва Президиуми Академияи илмҳои ИҶШС дар соли 1933 таъсис дода шудааст. Мақсад аз таъсиси китобхона дар сатҳу сифати баланд анҷом додани хадамоти китобдорӣ, иттилоотӣ, библиографӣ ба шаҳрвандон, муассисаҳои илмӣ ва корхонаву ташкилотҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷамъоварии адабиёти илмии чопӣ ва намудҳои дигари сарчашмаҳои иттилооти яке аз вазифахои асосии китобхона ба шумор рафта, хазинаи он аз ҳисоби китобҳои тозанашр ҳамасола ғанӣ мегардад. Айни замон фонди умумии китобхонаро 1174 700  нусха ҳуҷҷатҳои чопиву электронӣ доир ба  соҳаҳои мухталифи илм ташкил медиҳад, ки аз бахши китобҳо, маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо иборат аст. Хазинаи электронии китобхона дорои 130 000 адабиёти илмӣ ва 20 000 адабиёти бадеӣ мебошад.

     Бо шарофати истиқлолият ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба китобхонаҳо ворид шудани технологияи муосири иттилоотӣ барои ҳалли  бештари масоили марбут ба мубодилаи китобҳо ва қонеъ гардонидани талабу дархости хонандагони китобхонаҳои гуногун ба адабиёти ниёзи хониш мусоидат карда, имкон дод, ки новобаста аз ҷойи  нигоҳдории манбаъҳои иттилоотӣ дастёбӣ ба онҳо озод ва саривақтӣ бошад. Ҳамаи ин навгониҳо боиси рушди  ҳарчи бештари интишори китобҳои электронӣ, ташаккули манбаҳои гуногуни электронӣ дар марказҳои хурду бузурги иттилоотӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.

     Соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок намудани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад». Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи китобхонаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон қарор дошта, шароити хизматрасониҳои худро дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш беҳтар менамояд. Натиҷаи ҳамин аст, ки 21-уми октябри соли ҷорӣ китобхона дар даври ноҳиявии озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар бахши (номинатсияи) “Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ” сазовори ҷои 1-ум гардид.

     Китоб дар ҳамаи давру замон манбаи илму дониш, яке аз воситаҳои тавонои такомули сатҳи зеҳнияти инсон, махзани фарҳанги миллӣ, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ китобро «Фvpyғи субҳи доноӣ» арзёбӣ кардааст. Инсон тавассути китоб ба адабиёт, илму фарҳанг, сиёсат ва иқтисодиёти мамолики зиёд ошноӣ пайдо намуда, бо тайёраи андеша оламро сайр намояд.

     «Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон  аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд», қайд намудаанд, Пешвои миллат. Андешаи басо дақиқу гаронарзиши Сарвари давлат масъулияти китобдорони кишварро ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои боз ҳам созовортар барои мутолиаи китоб бештар гардонида, онҳоро водор месозад, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба ин муқаддасот тадбирҳои боз ҳам муассиртар андешанд.

      Осори классикон низ тавассути китоб аз нав эҳё гардида, олами тафаккури мардуми мо ва ҷаҳониёнро мисли субҳ равшан мекунад.

     Агар дақиқтар андеша ронем, китоб барои инсон воқеан «аниси кунҷи танҳоӣ»  аст. Дар лаҳзаҳои вазнини зиндагӣ, бахусус танҳоӣ, китоб дӯсти беғарази инсон аст. Ин андеша дар шеъри устод Ҷомӣ хеле равшан  ифода ёфтааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест.

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест,

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад poҳaтe ҳасту ҳаргиз озоре нест.

         Мо китобдорон раёсат ва тамоми кормандони Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ишғоли ҷойи якум дар даври ноҳиявии озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар бахши (номинатсияи) “Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ” самимона табрику таҳният намуда, ба онҳо саломативу сарбаландӣ, файзу нусрат, дар корҳои илмию эҷодӣ барору комёбӣ орзу менамоем. Итминони комил дорем, ки кормандони ин муассисаи бонуфузи кишвар минбаъд низ баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни илму истеҳсолот дар Ватани азизамон Тоҷикистон  нақши босазои худро мегузоранд.

Зафари ШАРИФ,

декани факултаи китобдорӣ ва

иттилоотшиносии МДТ

“ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”