Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, бавижа китобҳои бадеӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карданд: «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурути зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Ба андешаи мо, барои хуб ба роҳ мондани фарҳанги китобу китобхонӣ, ду корро бояд анҷом дод: нахуст, таҳқиқоти ҷомеу амиқи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонӣ муайян шаванд; дуввум, баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ барномаи вижаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия кард ва барои иҷрои он шароити мусоид фароҳам овард.
Вазорату идораҳои дахлдор бояд барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ корҳои амалию таъсирбахшро анҷом диҳанд. Роҷеъ ба ин масъала дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳафтае як соат барои мутолиаи китоб ҷудо шавад, то наврасону ҷавонон бо фарҳанги китобхонӣ ошно гарданд.
Бо муаррифии шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, ки мавқеи китобу дониш дар зиндагии онҳо хеле барозанда аст, бояд доштани китобхонаи шахсӣ чун яке аз нишонаҳои мусбати хонаводаҳо аз ҷониби расонаҳо, бавижа шабакаҳои телевизионӣ, таблиғ гарданд. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа доштани дониш ва иттилооти фаровон аст. Ин иттилооту донишҳо фақат бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар воситаи илмию адабӣ ба даст меояд. Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёни умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.
Барои хизматрасонии хуби китобхонавӣ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа дар амал татбиқ намудани пешниҳодҳои зеринро амри воқеӣ меҳисобем:
- намуди берунӣ ва дохилии ҳамаиии китобхонаҳои давлатию оммавӣ ба талаботи рӯз мувофиқ гардонида шаванд;
- дар роҳравҳо ва пештоқи китобхонаҳо овезаҳо ва шиорҳо дар васфви китобу китобдорӣ насб шаванд;
- китобхонаҳо бо мутахассисони баландихтисоси соҳа таъмин гарданд;
- дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гӯшаҳои бахшида ба адабиёти нодир ташкил шаванд;
- овезаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бавижа дар китобхонаи муассисаи таълимӣ ташкил шавад;
- барои ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи китоб дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ озмуни «Хонандаи беҳтарин» ташкил гардад;
- китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо технологии муосири итилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ пурра таъмин гарданд;
- барои хизматрасонии хуби китобхонавӣ ба хонандагони осебпазир китобхонаи сайёр ташкил шавад;
- фонди китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо адабиёти тозанашр ғани гардонда шавад.
Таърихи пурифтихори миллати тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловари гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан тарғиб ва ташвиқ намоем. Тавре Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон, зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Зафари ШАРИФ,
Равшанова НИЛУФАР,
омӯзгорони факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»