Китоб кони ганҷест, ки ҳаргиз коста намешавад. Касе, ки ин кони пурганҷро пайдо мекунаду мутолиа мекунад, ҳатман шахси дорое мегардад. Зеро китоб тафаккури инсонро таҳрик бахшида, ҳаёти ӯро дигаргун месозад.
Китоб дӯсти холиси инсон аст, ки бо панду андарзҳои намакин, қиссаву ҳикоёти рангинаш ҳаёти ҳамсуҳбаташро беҳтару хубтар мегардонад.
Китоб ҳамсафари неки инсонҳост, ки дар роҳи ҳаёт ононро ба ободиву осудагӣ ва инсондӯстӣ ҳидоят мекунад. Одамоне, ки бо мутолиаи китоб машғуланд, дилсоф, нек, бофарҳанг, бомаданият, хушсухан, хушгуфтору хушрафторанд.
Бо назардошти ҳамин омилҳои таъсирбахши китоб, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба самти тарғибу ташвиқи китобдорию китобхонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Санаи 20 августи соли 2021 бо мақсади дастгирии сиёсати фарҳангпарваронаи давлату ҳукумати кишвар ба ифтихори ҷашни пуршукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи устод Рӯдакӣ намоиш — фурӯши китоб баргузор гардид, ки дар он аксар нашрияҳои пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе китобҳои тозанашри худро ба намоиш бароварданд.
Чорабинии фарҳангию фароғатии мазкур бо суханронии пурмуҳтавои Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ифтитоҳ гардид, ки дар он муовинони вазир, намояндагони макотиби олии пойтахти кишвар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дигар муассисаҳои таълимии пойтахт ширкат намуданд. Чорабинӣ то нимаи дуюми ҳамин рӯз идома ёфта, дар он ҳамчунин шаҳрвандони пойтахт ва берун аз он ширкат карда, адабиёти дилхоҳашонро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.
Раёсат ва аҳли кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» низ бо сарварии ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар ин намоиш фаъолона ширкат доштанд ва низ китобҳои дилхоҳашонро аз намоиш-фурӯши китоб пайдо намуданд.
Саидмаҳмуд САИДҲОМИДОВ,
муаллим калони МДТ «ДДФСТ
ба номи М.Турсунзода»