Ҳар касе, ки рӯй орад бар китоб,
Пурсишаш ҳаргиз намонад беҷавоб,
Роҳи торикаш мунаввар мешавад,
Дар замираш медурахшад офтоб.
Равшани ҲАМРОҲ
Китоб ганҷхонаи маъниҳо ва бақобахши рӯҳи маънавии инсон мебошад. Суд бардоштан аз он кайфияти дигар дорад. Сухани маъруф аст, ки: “Агар шаб бихобӣ дамест ва агар нахобӣ ҳамдамест”. Маҳз китоб дар лаҳзаҳои танҳоӣ мунису ҳамроз бо инсон буда метавонад. Гурез аз китоб гурез аз ҷаҳони маънавият аст. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки даст аз домани китоб барнадорем, балки ба он ишқу алоқаи фаровон дошта бошем. Аз мутолиаи осори бадеӣ дурӣ ҷустан ба манзалаи ғафлату гумроҳӣ ба сар бурдан ва роҳу равиши дурусти зиндагиро пайдо накардан аст. Агар ҳар яке аз мо накӯ дарк намоем, ки “муфидтарин ихтирои башар китоб аст”, бояд бо нияти сабақ андӯхтан аз рӯзгори пешиниёну имрӯзиён бо камоли меҳр ба хондани осори пурмуҳтавои бадеӣ рӯ оварем, то бо ин раҳ дунёи маънавии хешро пурғановату пурмоятар бинамоем.
Инсон дар раҳгузари умри хеш бояд иштиёқу дилбастагии фарогир ба китоб дошта бошад, то ба ин васила бо ғизои маънавӣ бардоштан аз китобу китобхонӣ завқи бадеӣ ва неруи зеҳниашро тақвият бахшад. Зеро ба ишораи донишманде “китоб олами маънист, ки дар он имкони хушбахтона зистани мо тасвир мешавад”. Ба ифодаи ҳикматбори Пешвои муҳтарами миллат: “Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳимми тарбияи маънавии инсон аст”.
Китобдорию китобхонӣ барои ҳар як шахс бояд масъулият бошад. Шояд шароити рӯзгор одамонро аз мутолиаи осори бадеӣ ва баҳра бардоштан аз илму дониш дур афканда бошад. Ҳоло ин масъала аз масъалаҳои нигаронкунандаи рӯзгори мост. Месазад, ки ҳамагон баҳри рафъи ин камбудӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир кунанд.
Ин нуктаи муҳим аз сӯи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози роҳбариашон то ба ҳозир садо медиҳад. Сарвари давлат китобро манбаи парваришу тарбият дониста, ба ин маънӣ фармудаанд, ки: “китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллат ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад”.
Зиндагӣ худ илм аст. Аз он бояд сабақ андӯхт, бардоште намуд ва дар зарурат ба кор гирифт. Зеро панди “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад” шиори ҳаррӯзаи инсони солимақл ва рӯзгордида бояд бошад. Бузургони адаби мо “Дониш андар дил чароғи равшан аст” (Рӯдакӣ), “Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан” (Фирдавсӣ), “Дониш талабу бузургӣ омӯз “ (Низомӣ), бо ҳамин тариқ афкори ҳикматборро ба мо талқин намуданд, ки рағбату иштиёқи тамом ба китоб дошта бошем, то ба ин васила бо ғизои маънавӣ бардоштан аз китобу китобхонӣ завқи бадеии хешро танзим диҳем.
Бо ташаббус ва дастгирии адабпарваронаи Пешвои миллат ба табъ расидани “ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” дар ду ҷилд ва 50 ҷилди китоби “Ахтарони адаб” бо теъдоди беш аз 250 ҳазор нусха шаҳодат аз он аст, ки давлат ва роҳбарияти олии он дар рушди маорифу маърифати аҳли ҷомеа мунтазам саъю талош дорад, то ки ба ин васила афроди соҳибдонишу бохирадро ба воя расонад. Ҳамасола баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст“ низ аз иқдомҳои муассири Пешвои муаззами миллат ба шумор рафта, ин ибтикори фарҳангпарастона ифодакунандаи он аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик аз бостон то ба ҳол миллати соҳибмактабу соҳибкитоб буд, ҳаст ва мемонад.
Иқдомҳои пайдарпайи Сарвари маорифпарвари миллат беназиранд, зеро ифтитоҳи мағозаҳои китоб дар шаҳру навоҳии мамлакат ва ба нашр расонидани силсилаи осори бузургони пешину имрӯз гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки давлату роҳбарият дар андешаи маърифатнок намудани мардум тамоми тадбирҳои судмандро анҷом медиҳанд. Вале ғояти таассуф он аст, ки муҳаббати насли имрӯз ба китобу китобхонӣ хеле коҳиш ёфтааст. Касеро маҷбурӣ ба китоб хондан ташвиқ намудан натиҷа нахоҳад дод. Балки роҳеро бояд ҷуст, ки худи хонанда ба китобхонӣ меҳр бандад ва дигаронро низ ба мутолиаи китоб ҷалб карда тавонад. Адибону омӯзгоронро мебояд, ки ҷиҳати шавқу рағбати аҳолиро ба китобхонӣ равона намудан аз ҳама имконияти мавҷуда кор гиранд, то ки бо ин васила завқу меҳри китобро дар зеҳну қалби аҳли ҷомеа парвариш намуда тавонанд.
Рӯшан аст, ки ҳар давлат бо мақсади пешрафти ҳаёти ҷомеа ба маориф такя мекунад. Рушди маориф ба кӯшишоту сарсупурдагии соҳибони он миллат иртибот дорад. Миллати муваффақ он миллатест,ки ҳамрадифи замон қадам бардошта, бо баҳрабадорӣ аз навгониҳои муосири таълиму тадриси посухгӯ ба ҷаҳони имрӯзро дар муассисаҳои таълимии кишвар фароҳам меорад. Дар рафъи нуқсону камбудиҳои ҷойдошта ҷидду ҷаҳд мекунад.
Дар давраи истиқлолият ин шоистагӣ ба мо ҳам насиб гардид. Истеъдодҳои зиёди ақлонӣ рӯи саҳна омада, бо ақлу хиради фитрии хеш дар миқёси ҷаҳон муаррифгари давлату миллат шуданд. Вале ҳанӯз ин кам аст. Онро ҷустану кашф кардан ва дар зимн онро тарбият намудан вазифаи масъулини соҳа аст.
Бо ҳамин андеша ва ормони фарогир ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, роҳбари муваффақу маърифатдӯст, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишкада баҳри тақвият бахшидан ба рушди зеҳнии устодону донишҷӯён мутолиаи пайвастаи осори бадеӣ ва бахусус ҳифз намудани абёти фаровонро ташвиқу талқин намуда, ҳамагонро муваззаф карданд, ки дар суд бардоштан аз ин амр ҳаргиз ба коҳилӣ роҳ надиҳанд. Ин иқдоми шоиста боиси дастгирӣ ва мояи ифтихори ҳар нафаре аз мо бояд бошад.
Навиштаи ҳикматомӯзи ҷопонӣ бояд такондиҳандаи зеҳну шуури мо дар роҳи суд бардоштан аз илму маърифат бошад: “Агар ғами яксоларо хӯрӣ, шоликорӣ кун, агар даҳсоларо дар мадди назар дошта бошӣ, боғ бунёд кун ва андешаи садсоларо кардани бошӣ, соҳаи маорифро пурқувват намо”. Бо дарки ин маънӣ мунсифона бояд изҳор дошт, ки дар шароити кунунӣ тамоми имконият барои таҳсилот фароҳам аст ва инак майдони ҳунару ҳунарнамоӣ дар дасту ихтиёри ҳар яки мост.
Бежан ҶӮРАЕВ,
сармутахассиси Маркази тестӣ ва хизматросии техникии
МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”