Мудири  кафедра: Зафари Шариф

Барои тамос: ш. Душанбе,  хиёбони Борбад 73а, бинои 1 ошёнаи 2

Тел: +992938060272

E-mail: husenboy12345@mail.ru

 

 

 

 


Таърихи кафедра

   Кафедра ҳамқадами  Донишкада буда, аз соли  1967  то соли  1971 ҳамчун     шуъбаи китобдорӣ таҳти сарпарастии   И.  А. Ҷўраев  фаъолият дошт. Дар ин давра аввалин дастпарварони  Донишгоҳи фарҳанги  ш. Москва  омўзгорон — Р. Шарофов, И. А. Ҷўраев,  Г.Мушеев, Н. А.Сайфуллина,  А. Ҳаётов ва К. Қурбонов ба донишҷўён аз фанҳои  тахасссусӣ дарс  мегуфтанд.

   Шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои  бойгонӣ нишон дод, ки  солҳои аввали  таъсисёбӣ дар фаъолияти кафедра  норасоиҳо мавҷуд  буданд.

    Ин, пеш аз ҳама, дар шумораи ками  омўзгорони  соҳибтаҷриба зоҳир мегардад ва аксари  фанҳои тахассусӣ бе нақшаҳои мавзўи, кўмакдарсиҳо ва барномаҳо таълим дода мешуданд.  Мушкилоти забонӣ низ имкон намедод, ки онҳо бо тайёрии хуб барои гузаронидани дарсҳо омода бошанд.  Тавре ки маълум гардид, аксарияти дарснома, барнома ва кўмакдарсиҳои услубӣ ба забони русӣ буданд.

   Бояд қайд кард, ки аввали солҳои 70-ум ба кафедра як гурўҳ донишҷўёне, ки Донишкадаро хатм намуданд, аз қабили З. Шораҳматов, А. Ҳ. Раҳимов, Қ. Сафаралиев, А. Хоҷаев, Ҷ. Шерматов, ва С.  Сулаймонӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Тайи ин солҳо омўзгорон мавзўъҳои таҳқиқотии худро муайян карда, барои ба аспирантураи  шаҳрҳои Санкт-Петербургу Москва  дохил шудан тайёрӣ медиданд. Натиҷаи заҳматҳо имкон дод, ки омўзгорон З. Шоҳраматов соли 1979, С. Сулаймонӣ соли 1981, Ҷ. Шерматов соли 1983 ба аспирантураи шаҳри Масква дохил шуда, ҳар кадом таҳти роҳбарии профессорони варзида И.М. Фрумин,  В.И. Терёшин, ва Е. Шапошников рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намуданд.

   Охири солҳои 80-ум ва аввали 90-ум омўзгорон Б. С. Холов, С. Шосаидзода  ва А. Султонов низ рисолаҳои илмиро дифоъ намуданд. Захираи кабинети кафедра аз ҳисоби адабиёти тўҳфакардаи Китобхонаи миллии умҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавӣ ва Китобхонаи марказии шаҳрии ба  номи А. Лоҳутӣ зиёд гардид.

   Дар ғанӣ гардонидани мазўи корҳои илмию услубии  кафедра, нақши факултаҳои такмили ихтисоси донишгоҳҳои Москаву Санкт-Петербург хеле бузург аст. Омўзгорони кафедра З. Шораҳматов оид ба фанни «Маҷмўи китобхона», Ҷ. Шерматов аз фанни «Хизматрасонӣ ба хонандагон», С. Шосаидзода  аз фанни «Китобхонашиносӣ. Курси умумӣ»,Б. С. Холов аз фанни «Феҳристнависӣ», И, А, Ҷўраев оиди фанни «Таърихи китобхонаҳо дар Тоҷикистон» дар донишгоҳҳои  шаҳрҳои номбурда  донишу маҳорати педагогии худро сайқал доданд.      Тўли солҳои фаъолият кафедра  як зумра олимони машҳури китобхонашинос: профессорон А. Н. Ванеев ва В. С. Крейденко аз Академияи фарҳанги шаҳри Санкт–Петербург, профессорони Донишкадаи фарҳанги шаҳри Москва В.В. Сквортсов, В. И. Терёшин ва дигаронро барои хондани лексия ва расонидани кўмакҳои илмию методӣ даъват намудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз бо дастгирии профессорон А. Н. Ванеев ва В.С. Крейденко як гурўҳ донишҷўёни факултаи китобдорӣ соли 1991 таҷрибаи истеҳсолии худро дар Китобхонаи марказонидашудаи ба номи В, Маяковскии   шаҳри Санкт-Петербург гузарониданд.

  Муҳимтарин самти фаъолияти кафедра ташкили  дуруст ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки ҷараёни таълим ба шумор меравад. Аз ин рў, иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва таълими фанҳои тахассусӣ дар асоси таҷриба, равияҳои кори эҷодии омўзгорон ба роҳ монда шудааст.

   Сифат ва самараи таълимро бо болоравии сатҳи донишҳои омўзгорон ва таъмини кафедраро бо мутахассисон вобаста дониста, аз имкониятҳои таҳсил дар докторантура ва дигар марказҳои илмӣ васеъ истифода бурда шуд. Профессори кафедра, доктори илмои педагоги С. И. Сулаймонӣ  соли 1987 ба докторантураи Донишгоҳи фарҳанги шаҳри Москва дохил шуда, онро хатм намуд ва кори илмии худро ба итмом расонид. Тайи ҳамин солҳо хатмкунандагони Донишкадаи фарҳанги  шаҳри Москва А. Файзуллоев ва Ҳ.Ҳусейнов ба ҳайси омўзгори кафедра ба кор омаданд. Ҳар кадоми онҳо дар баробари таълими донишомўзон ба корҳои илмӣ-услубӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ камари ҳимат бастанд. Мақолаҳои аввалини онҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврии ҷумҳурӣ чоп гардиданд. Омўзгорони собиқадори кафедра ба онҳо тавассути суҳбату маслиҳатҳо, иштирок ба дарсҳо ёрии амалӣ расониданд.

  Давраи таҳаввулоти пурҷўшу хурўш ва хеле масъулиятноки кафедра соли хониши 1990-91 ва солҳои минбаъда ба ҳисоб меравад. Зеро ҳама дар андешаи бозсозии таълиму тарбия буда, дар раванди он ҷилавгирӣ аз харҷумарҷи солҳои гузашта (карахтӣ) карданд. Қабл аз ҳама, танзими нақшаи нави таълимиро дар назар дорем, ки дар асоси он аз соли хониши 1991-92 кафедра фаъолият намуд. Дар асоси нақшаи номбурда, таълими донишҷўён аз рўи 3 тахассус: китобдори китобхонаҳои илмӣ-оммавӣ, китобдори китобхонаҳои техникӣ- кишоварзӣ, китобдори китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ ба роҳ монда шуд.

  Ҳангоми баррасии нақшаи нави таълимӣ вобаста ба талабот ва хусусиятҳои хоси ҷумҳурӣ то андозае унвон, сохтор ва мундараҷаи бархе аз фанҳои тахассусии кафедра тағйир дода шуданд. Масалан, дар асоси фанни «Таърихи кори китобхонаҳо дар ИҶШС ва хориҷа» таълими ду курси нав «Таърихи китобхонаҳои Тоҷикистон» ва «Таърихи китобхонаҳои хориҷӣ» ба роҳ монда шуд.

   Самт ва мундариҷаи ҷустуҷўҳои илмию эҷодии омўзгорони кафедра бағоят бою рангин аст. Яке аз равияҳои асосии илмии кафедра омўзиши таърихи  китобхонаҳои Шарқ-асосҳои илмии  робитаи китобхонаҳо бо кишварҳои  ҳамзабону ҳамфарҳанги мо, дар ин замина омўхтан ва истифода аз таҷрибаи онҳо ба шумор меравад. Дар ҷодаи масоили номбурда қадамҳои устувор гузошта шуданд. Бо ташаббуси омўзгорони кафедра моҳи июни соли 1990 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии «Китоб ва эҳёи тамаддуни Шарқ: дирўз ва имрўз» баргузор гардид, ки дар он  олимон ва мутахассисон аз давлатҳои Ирону Афғонистон,  шаҳрҳои Москаву Санкт-Петербург ва ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркманистон, Ўзбекистон ширкат варзиданд. Фишурдаи гузоришҳоро омўзгорони кафедра дар китоби алоҳида аз чоп бароварданд. Дар баррасии самти мазкур  як зумра олимони кишварҳои хориҷӣ — Абдул Расул Раҳин (Афғонистон) бори аввал соли 1984 ва баъд соли 1990, Фоҳимаи Ғанинажод, Мондоно Беҳзодӣ, Шаҳло Бобозода, доктор Муҳаммад Раҷабӣ (Эрон) соли 1990 донишу маҳорати касбӣ ва омўзгории худро дар кафедра сайқал доданд. Инчунин дотсенти кафедра С. Сулаймонӣ дар Донишгоҳи шаҳри Исфаҳони Эрон ба ҳайси таҷрибаомўз чанд муддат фаъолият намуд.

Равияи дигари фаъолияти кафедра — «Китобхона ва мутахассис» ба шумор меравад. Дар ҳалли проблемаҳои ин равия устодон З. Шораҳматов, Б. С. Холов, С. Сулаймонӣ саҳми босазо гузоштанд. Натиҷаи таҳқиқотҳои онҳо  дар саҳифаҳои матбуоти собиқ Шўравӣ ва  матбуоти маҳаллӣ аз чоп баромад. Устодони кафедра дар мизи мудаввари «Тайёр намудани мутахассисони маданият ва санъат дар Тоҷикистон дар давраи гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ», ки бо ташаббуси Донишкада доир гардид, ширкати фаъол варзиданд. Натиҷаи андешарониҳоро омўзгорони кафедра дар рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ дастраси ҳамагон гардониданд.

Яке аз равияҳои муҳими фаъолияти кафедра роҳбарӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷўён мебошад. Барои роҳбарии мунтазам  ба корҳои илмӣ дар кафедра рўзҳои навбатдории устодон ба роҳ монда шудааст. Дар ин бахш аллакай корҳои ҷолиби диққате иҷро шудаанд. Баҳри  ҷонноку самарабахш гардонидани ин самти фаъолияти кафедра чораҳои зарурӣ андешид. Устодон С. Шосаидзода ва Б. С. Холов    нишондоди услубии «Услуби иншои кори курсӣ» ва «Осори чопии устодони кафедраи китобхонашиносӣ» -ро таҳия намуданд, ки дар онҳо тарзу услубҳои иншои корҳои курсӣ ва тамоми маҳсулоти чопии устодони кафедраро аз аввали таъсисёбии он то соли 1991 аз чоп бароварданд.

 Солҳои охир неруи илмӣ ва таҳқиқотии кафедра пурқувват гашта истодааст. Соли 1992 бори аввал маҷмўаи илмӣ бо номи «Китоб ва китобдорӣ дар фарҳанги мардумони иронӣ»  ва соли 1993 «Истилоҳномаи китобдорӣ» аз тарафи устодони кафедра аз чоп баромад. Инчунин дарсномаи «Маҷмўаи китобхона» дар тарҷумаи омўзгор З. Шоҳраматов   чоп гардид.

Омўзгорони кафедра ҳамасола дар конфронсҳои илмию назаравии Донишкада ва берун аз он бо маърўзаҳо баромад мекунанд. Агар қаблан устодон оиди проблемаҳои гуногун дар конфронсҳо гузориш пешниҳод менамуданд, солҳои охир дар атрофи як мавзўи муайян  таҳқиқот анҷом медиҳанд.

Соли 1993  ҷашни 60-солагии ттаъсисиёбии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ баргузор гардид.  Бахшида ба ин ҷашн конфронси илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар конфронси номбурда устодони кафедра фаъолона ширкат варзиданд. Онҳо бо маърўзаҳои ҷолиби диққат баромад карда, пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд, ки матни онҳо дар маҷмўаи китобхона аз чоп баромад. Дар ин самт  фаъолияти кафедра ҳамасола шумораи зиёд (15-20 нафар)  бо маърўзаҳо дар конфронсҳо ширкат меварзанд.

Самти дигари фаъолияти кафедра таҷрибаомўзӣ (таълимӣ ва истҳсолӣ) ба шумор меравад. Кафедра дар факулта роҳбарии таҷрибаомўзии донишҷўён  шуъбаҳои рўзона ва ғоибонаро ба уҳда дорад. Таҷрибаомўзӣ дар  китобхонаҳои калонтарини шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ мегузаранд. Қаблан таҷрибаомўзӣ дар шаҳрҳои Тошкант, Алма-ато, Бишкек, Ашқобод, Қарағанда, Шимкент ва ғайраҳо мегузаштанд. Кафедра оиди ҳар кадоми ин таҷрибаомўзиҳо барномаҳои мушаххасро мураттаб сохтааст.

Солҳои 2000-ум аз ҷониби омўзгорони кафедра корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Онҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои идоранамоӣ ва танзими фаъолияти китобдорӣ, тарбия ва бозомўзии мутахассисони касбӣ, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, технологияи созмондиҳии феҳрист ва китобхонаҳои электронӣ, коркарду тавсияҳо оид ба истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, омўзиши таърихи кори китобхонаҳо, менеҷмент ва маркетинг дар фаъолияти китобхонаҳо, таҳияи барнома, китобҳои дарсӣ ва санадҳои давлатӣ нақши бузург бозиданд. Маҳз дар ҳамин давра омўзгорони кафедра дар самти таҳия ва баррасии маводи чопӣ ба забони тоҷикӣ нақши сазовор доранд.

Аз ҷониби онҳо дарсномаҳои «Китобхонашиносии умумӣ» (нашри дувум), «Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ» (нашри дувум), «Дар оғўши китобҳо», «Махзани маърифат» ва барномаҳои фаннии: «Феҳристҳои китобхона», «Афкори китобхонашиносӣ», «Менеҷменти китобдорӣ», «Хизматрасонӣ ба хонандагон», «Системаи таснифоти китобхонавӣ», «Таърихи китобхонаҳои Тоҷикистон», «Китобхонашиносӣ. Курси умумӣ», «Педагогикаи китобдорӣ», «Иртиботшиносӣ», «Муқаддимаи ихтисос», «Ташаккули фарҳанги китобдорӣ», «Фонди китобхона», «Назария ва методикаи бойгоншиносӣ», «Коркарди аналитикӣ ва синтетикии иттилоот» ва барномаҳои таҷрибаи истеҳсолӣ барои донишҷўён таҳия ва чоп гардиданд.

Аз ҷониби омўзгорони кафедра чандин семинару конфронсҳо ва мизҳои мудаввар бо унвонҳои «Вазъи кунунии фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳо», «Китоб ва рушди фарҳанги китобдорӣ дар Тоҷикистон», «Нақши таърихии Иҷлосияи ХVV- дар эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ» ташкил ва гузаронида шуданд.

Соли 2003 омўзгорони кафедра С. Сулаймонӣ ва Б. Холов бо фармоиши Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» — ро таҳия намуданд. Қонуни мазкур асоси ҳуқуқии созмондиҳӣ, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдориро дар ҷумҳурӣ муайян намуда, татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мавриди ҷустуҷў ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, дастрасии озодонаро ба комёбиҳои илмию фарҳангии ҷаҳонию миллӣ танзим менамояд.

Дар заминаи Қонуни мазкур ва бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсентон Сафар Шосаидзода  ва Бозорбой Холов «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015»-ро таҳия намуданд. Маҳз қабули барномаи мазкур, барои пешрафти соҳаи китобдории мамлакат дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг тадбири оқилона ва саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, барои ворирдшавии Тоҷикистон ба фазои муосири иттилоотии ҷаҳон заминаҳои воқеан мусоидро фароҳам овард.

Тағйиротҳои сифатие, ки туфайли татбиқи Нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур ба амал омаданд, барои тақвияти функсияҳои иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маърифатии китобхонаҳо мусоидат намуданд.

Қобили зикр аст, ки ҷалби хатмкунандагони факулта ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ аз ҷониби омўзгорони кафедра ба роҳ монда шуд. Айни ҳол хатмкардагони факулта Мамадазимова Майрам, Абдумуминзода Ситора, Зафари Шариф, Надиров Сайзароб ва Раљабова Назира  зери роҳбарии омўзгорон С. Муҳиддинов, С, Шосаидзода ва Қ. Буриев   ба навиштани рисолаҳои илмӣ машғуланд.

Омўзгорони кафедра дар таҳқиқи мавзўи илмии «Таҳаввули китобхонаҳо дар даврони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ» ширкат варзида, теъдоди чанде аз маводҳои таълимӣ, барнома, мақола ва маҷмўаи илмиро бо унвони «Фаъолияти китобдорӣ дар даврони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ» аз чоп бароварданд.

Дар марҳилаи аввали гузариш ба низоми кредитии таҳсилот дар  Донишкада ки шуъбаи китобдории факулта ба он шомил шуд, аз ҷониби омўзгорони кафедра Б. Холов ва С. Шосаидзода Г. Маҳмудов ва Зафари Шариф  силлабусҳои корӣ доир ба фанҳои «Китобхонашиносӣ. Курси умумӣ», «Феҳристҳои китобхона», «Библиографишиносии умуми» ва «Муқаддимаи ихтисос» таҳия гардиданд.

Навиштаҳои боло гувоҳи онанд, ки кафедра аз солҳои аввали туфулият то кунун дар самтҳои мазкур ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Тарҳезии нишондодҳои услубӣ оид ба иҷрои  корҳои курсӣ, назоратӣ, мустақилонаи донишҷўён, танзими барномаҳои нави  таълимӣ оиди фанҳои тахассусӣ, таҳияи стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ,  чопи мақолаю нашримаводи таълимӣ ва услубӣ оиди проблемаҳои гуногуни соҳаи китобхонашиносии тоҷик аз рушду камолоти фаъолияти илмию методии омўзгорони кафедра шаҳодат медиҳанд.

Ҳайати омӯзгорон
Ному насаб Дараҷа ва унвони илмӣ Суроғаи почтаи электроӣ
Холов  Бозорбой Н.и.п. дотсент — bkholov@ddst.tj
Раҷабова Назира Надорад — rnazira@ddst.tj
Маҳмудов Гадобек И.в.дотсент+ gmahmudov@ddst.tj
Шосаидзода Сафар Н.и.п. дотсент+ ssafar@ddst.tj
Ғуломзода Қурбон Н.и.п. дотсент+ kgulomzoda@ddst.tj
Суфизода   Шодимаҳмад Д.и.ф профессор+ sshodiahmad@ddst.tj
Файзов Садриддин Омуз,  калон — fsadriddin@ddst.tj
Абдумуминзода Ситора Асисент + asitora@ddst.tj
Валиев Абдуҷамил Омуз, калон + avaliev@ddst.tj
Хоҷаев  Абдусамад Омуз, калон — khabdusamad@ddst.tj
Сафар Сулаймонӣ Д.и.п профессор+ ssulaymoni@ddst.tj
Қурбонова Гулзара Мудири кабинет — kgulzara@ddst.tj
Зафари Шариф Мудири кафедра — zsharif@ddst.tj
Бобомуродов Ҷаҳонгир Лабарант — bjahongir@ddst.tj
Назаров Тагоймурод И.в дотсент — tnazarov@ddst.tj

 

Фанҳои таълимӣ
  • Библиографияи адабии тоҷик
  • Дастгоҳи маълумотдиҳӣ-пажуҳишӣ
  • Педагогикаи китобдорӣ курси умумӣ
  • Китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ
  • Услуби библиографинамоӣ
  • Китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ
  • Хизматрасонӣ ба хонанда курси умумӣ
  • Библиографияи кишваршиносӣ
Чоп кунед