Дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо филмноманавис, навоишинос, аъзои Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ўзбекистон Рустам Ҷабборов вохўрӣ баргузор гардид. Зимнан ёдовар мешавем, ки Рустам Ҷабборов аъзои гурўҳи корӣ оид ба таҳияи филми бадеии “Ҷомӣ ва Навоӣ” аз ҷониби Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ўзбекистон мебошад.

 

Ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филология, профессор Муҳриддин Низомӣ  меҳмони олиқадрро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки нақши Мир Алишери Навоӣ ва Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар танзими ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои Хуросону Мовароуннаҳри аҳди Темуриён, яъне асри XV мелодӣ хеле бузург аст. Махсусан, дар нимаи дуюми ин аср, пас аз бозгашт аз сафари Ҳиҷоз, нуфузи шахсияти Ҷомӣ дар ҳаёти сиёсию мадании кишвар бештар мегардад, ки дар ин амр таъсири Навоӣ хеле назаррас буд.

Ректори донишкада зикр намуд, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки аз 10 то 12 июни соли равон идома ёфт, ба рушди равобити фарҳангии ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон пешниҳод намуд, ки дар бораи дўстии мутафаккирони бузурги халқҳои ўзбек ва тоҷик — Алишер Навоӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ филми муштараки бадеӣ таҳия карда шавад ва ин иқдом аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфт.

Филмноманавис Рустамҷон Ҷабборов тазаккур дод, ки мардуми тоҷику ӯзбек асрҳо боз чун ҳамсояҳои қарин бо ҳам робитаи қавию устувор доранд ва ин робитаҳо ҳам дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳам адабию фарҳангии онҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ нақши ногусастанӣ гузоштааст. Аз ҷумла, зимни ҷустуҷӯ дар мавриди равобити адабии ин ду халқи бародар дар заминаи адабию фарҳангӣ, пеш аз ҳама, дӯстию иртиботи эҷодии ду шахсияти барҷастаи сиёсию адабии аҳди Темуриён — Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ пеши назар ҷилвагар мешавад.

Дар доираи сафари корӣ аъзои Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ўзбекистон Рустам Ҷабборов аз Студияи таълимии телевизион ва радиои донишкада дидан карда, дар мусоҳиба бо донишҷўи бахши дуюми рўзноманигори телевизион Дурдона  Расулова андешаҳояшро  перомуни филми  бадеии “Ҷомӣ ва Навоӣ” баён намуд.

Баъдан, дар толори “Арғунун”-и  донишкада барномаи консертии аз ҷониби устодону донишҷўён таҳиягардида, ки фарогири композитсияи адабӣ бо унвони “Дўст ояд гарм дар оғўш гир…”,  шеъру ғазалҳои “Сарви равон”, “Хафа буламан”,  “Панҷгоҳи Содирхон”, “Рақси хоразмӣ”, “Попурӣ” ва “Навои кўҳистон” буд, пншкаши аҳли толор гардонда  шуд.

Хотирнишон месозем, ки 10-уми сентябри соли ҷорӣ як гурўҳ филмбардорон ва олимони тоҷик ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи гурўҳи корӣ оид ба таҳияи филми бадеии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба Ҷумҳурии Ўзбекистон сафари корӣ анҷом дода буданд.  Тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини аввали директори МД «Тоҷикфилм» Толиб Ғайбуллозода, директори китобхонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Шодимуҳаммад Софизода, ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филология Муҳриддин Низомӣ, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод, доктори илмҳои филология, профессор Бадриддин Мақсудов намояндагӣ намуданд.

Моҳи октябри соли ҷорӣ бошад, дар Ҷумҳурии Ўзбекистон кинофестивали байналмилалии филмҳои Тошканд баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директори МД “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ҳузур дошт. Дар доираи ин ҷашнвора миёни Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир ба наворбардории филми бадеии “Ҷомӣ ва Навоӣ” Ёддошт ба имзо расида буд.

Филми  муштараки “Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки корҳои муқаддамотии он идома доранд, рамзи дӯстӣ ва ҳамкории синамогарони тоҷику ўзбек ба ҳисоб рафта, як пайванди ногусастание миёни ду кишвар, мисли ин ду мутафаккири бузург хоҳад гашт.

 

Додоҷон РЎЗИЕВ