Ҳамасола дар сатҳи баланди сиёсию иҷтимоӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон баёнгари ғамхориҳои доимии давлату ҳукумат ва, қабл аз ҳама, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро ҷавонон нерӯи бузургу тавоно ва ояндаи миллат мебошанд ва насли калонсол аз бунёдкорони ояндаи кишвар умеди калон дорад.

   Боиси ифтихор аст, ки ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии ҷавонони мо пайваста боло рафта, ширкати онҳо дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ватани азизамон беш аз пеш тақвият меёбад.

   Пешвои миллат аз рӯзҳои аввалини ба ҳайси сарвари давлат интихоб гардидан ба  ҷавонон – насли ояндасози кишвар эътибори  ҷиддӣ дода, барои  дар соҳаҳои гуногун ба кору фаъолият ҷалб намудани онҳо мақомоти марбутаи давлатиро пайваста вазифадор менамояд.

   Аз ин ҷост, ки, новобаста аз нобасомониву мушкилоти зиёди солҳои аввали Истиқлолияти  давлатии  Тоҷикистон, роҳбари ғамхору бунёдкор  ва ояндабин Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат нахустин  вохӯриҳоро анҷом дода, зимнан таъкид намуда буданд: «Ҳадафи сиёсии мо ваҳдати  миллӣ,  муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва  пешрафти ватани азизамон мебошад».

   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудани  насли  ҷавон ба ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ шароити мусоид муҳайё намудааст ва ин нуктаро Президенти кишвар ҳанӯз зимни мулоқот бо ҷавонони мамлакат санаи 21- майи соли 2005 иброз намуда, аз ҷумла гуфта буданд:  «Насли наврас ва  ҷавонони имрӯза бояд аз он шукургузор  бошанд,  ки дар давлати соҳибистиқлол  зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд,  фарзанди  миллати сарбаланду соҳибтамаддун  ва ватани ободу  мустақил  мебошанд».

   Вохӯрию мулоқоти  сершумори Пешвои миллат бо ҷавонон дар халлу фасли  масъалаҳо вобаста ба ҳаёти онҳо  бозгӯи  дастгирии  ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин қишри ҷомеа мебошад.

   Аз ин рӯ, ҷавононро лозим аст, ки дар интихоби  касб, бунёди оилаи намунавӣ, муносибати некбинона ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  дарёфти мавқеи устувори  шаҳрвандӣ  кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро ҷавонон нерӯи тавоно ва созандаи давлату миллат маҳсуб меёбанд, пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аз ҷавонон вобастагии амиқ дошта, дар кишвари мо  барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо тамоми  шароити зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

   Илова бар ин, табиати биҳиштосо, обу хоки  ҳосилхез, ганҷҳои кашфношудаи сарватҳои зеризаминӣ,  захираҳои  беҳамтои  энергетикии Тоҷикистони азиз ба эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, соҳибони ояндаи ин марзу бум будани онҳо таъсири мусбат расонида, ба раванди ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

   Ман ба қудрати дӯстони ҷавонам итминони комил дошта, онҳоро даъват мекунам, ки, пеш аз ҳама, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо кунанд ва дар раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, рушди устувор ва ободии Ватани азизамон — Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

   Бо ибрози ҳамин орзуҳои нек бори дигар кулли ҷавонони саодатманди Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯёну магистрантҳо ва устодону муҳаққиқони ҷавони Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”-ро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, бахту толеи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан иродаи матин, рӯҳи шикастнопазир ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

   Таманнои онро дорам, ки ба иқболи ҷавонони тоҷик  сулҳу субот дар фазои Тоҷикистони азиз то абад пойдор бошад ва ба зудӣ мардуми шарифи кишвар, бахусус табибон – қаҳрамонони ҷабҳаи наҷот, бар пандемияи коронавируси нави COVID-19 зафар ёбанд.

Чоп кунед