Дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” 26-уми майи соли равон бо ширкати муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мунир Шарофиддинзода, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғуломқодир Бобизода, мудири кафедраи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раймалӣ Нуриддинов, устодону донишҷӯён ва кормандони донишкада вохӯрӣ баргузор гардид.

Муовини раиси ноҳияи Сино Мунир Шарофиддинзода ба вохӯрӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур тарбия намудани наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, ҳифзи дастовардҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллиамон-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мавсуф таъкид кард, ки ояндаи неку обод, зиндагии тинҷу осудаҳолона ва оромию осудагии кишвар бевосита ба ҷавонон вобаста аст. Онҳо бояд аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, зирак ва бедору солимфикр бошанд. Дар пешрафту шукуфоии кишвар бо меҳнати аҳлона ва созандаю бунёдкоронаи худ саҳми арзанда гузоранд.

Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғуломқодир Бобизода андешаҳояшро перомуни нақши ҷавонон дар пешрафту инкишофи кишвар баён намуда, иброз дошт, ки ҷавонон ояндасози давлатанд. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба ҷавонон такя мекунанд. Мулоқоту вохӯриҳои Сарвари давлат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангию фароғатӣ, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз ва ғайра барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Мудири кафедраи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раймалӣ Нуриддинов  зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баёни андеша намуда, баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ ва ғайраро аз сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард. Мавсуф тазаккур дод, ки бо мақсади густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа, бахусус ҷавонон бо ибтикори Сарвари давлат солгарди фарзандони фарзонаи миллат ҷашн гирифта мешаванд, китоби муқаддаси Қуръон бо хатти кириллӣ чоп ва дастраси мардум гардид, “Тоҷикон”- и Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оила ройгон тақсим шуда истодааст. Таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудани роҳбарияти олии кишвар ба масоили марбут ба сиёсати ҷавонон ҳар як фарди бонангу номусро муваззаф месозад, ки дар пешрафти кишвар, пойдории сулҳу субот ва азхуд намудани донишҳои замонавӣ нақши боризи худро гузорад.

Муовини ректори донишкада  оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Авғонов меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки сиёсати созанда ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такомули ҳамешагии сармояи инсонӣ дар роҳи ҷавон гардонидани иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии ҷавонон падидаи бесобиқа аст. Чунин муносибати хирадмандона барои рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад ва ба ин васила барои шинохти арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузашта заминаҳои боэътимод тарҳрезӣ менамояд. Мавсуф баргузории чунин вохӯрию мулоқотҳоро муҳим ва судманд арзёбӣ намуд.

Додоҷон РӮЗИЕВ