22 — юми майи соли равон дар Театри таълимии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идона бо иштироки раёсати донишкада, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки баъд аз касби соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва монанди инҳо тадбирҳои муассир андешида шуданд. Таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудани роҳбарияти олии кишвар ба масоили марбут ба сиёсати ҷавонон ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро водор месозад, ки дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон, рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, арзишу муқад­да­соти миллӣ, пойдории сулҳу субот тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнии худро равона созад.

Бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳамзамон бо иқдоми Сарвари давлат соли 2017  “Соли ҷавонон” эълон гардид. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид. Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Боиси қаноатмандист, ки донишҷӯёну устодони ҷавони донишкадаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ, аз ҷумла 3 рӯз пеш дар истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иштирок карда, дар конфронсу семинарҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаю мақолаҳои илмӣ баромад намуда, дар озмунҳо ғолибият ба даст меоранд. Устодону донишҷӯён соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» иштирок намуда, дар даври ноҳиявӣ соҳиби шоҳҷоиза, 4 ҷойи 1-ум, 2 ҷойи  2-юм ва 2 ҷойи 3-юм гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз донишкада 2 нафар омӯзгор — Акрам Мирзоев дар номинатсияи овозхони эстрадӣ сазовори ҷойи 3 юм  (25000 сомонӣ), Қобилҷон Шарипов дар наминатсияи овозхони академӣ ҷойи 5-ум (15000 сомонӣ) ва донишҷӯ Фирдавс Маҳмудов соҳиби ҷойи 4-ум (20000 сомонӣ) гаштанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ донишҷӯёни мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар донишкада омодагиҳо барои иштирок дар ин озмунҳо ҷараён дошта, бовар дорем, ки шумо-устодону донишҷӯёни азиз дар онҳо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегардед.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар, ки дирӯз дар “Кохи Борбад” баргузор гардид ва дар он 30 нафар аз донишкадаи мо низ ҳузур доштанд, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Сарвари давлат зикр сохтанд, ки мо бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис додем. Аз ҷумла, ҳанӯз моҳи феврали соли 1998 стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ ва моҳи марти соли 1998 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис додем. Инчунин, барои дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони ҷавон стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» таъсис дода шуд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки: “мо ба шумо ҷавонон – неруи бузурги созандаи кишвар эътимод мекунем ва бовар дорем, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароед. Яъне, мову шумо бояд дар ҷавоби ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳиби касбу кори дустдоштаи худ гардида, саҳми арзандаи хешро баҳри рушду нумӯи соҳаи фарҳангу санъати кишвар гузорем.

Пас аз суханронии ректори донишкада барномаи консертӣ оғоз ёфт. Устодону донишҷӯён бо рақсу суруду оҳангҳои марғуби “Ҷавонӣ”, “Пешво”, “Тоҷикистон”, рақси “Бадахшонӣ”, “Навозиш дар сози гитара”, “Салом, ҷавонӣ”, “Зери борони баҳорӣ” ва “Ӯ ҷони миллат аст” хотири иштирокдорони чорабиниро шод гардонданд.

Дар дилчаспу хотирмон баргузор гардидани барномаи консертӣ бахшида ба   Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон саҳми шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада (мудир Кароматулло Юсупов), роҳбари бадеӣ ва мусиқӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Мирзоев, басаҳнагузорандаи рақс Сафарбегим Боронбекова, коргардонҳои овоз Нодир Нуров ва Манзур Назаршоев  назаррас мебошад.

Додоҷон РӮЗИЕВ,

Кароматулло ЮСУПОВ