Тайи чанд моҳи охир ҳангоми муошират бо дӯстону ошноён, инчунин мутолиаи бевоситаи маводи таҳлилӣ дар торнамои интернети байналмилалӣ ба чунин натиҷа расидам, ки шукри Худо, ҳар он чи, ки дар шароити пандемия дар кишвари мо Тоҷикистон рух медиҳад, таҳаммулпазир аст. Аз ҷумла, дар муқоиса бо дигарон, агар чунин қиёс бо дигарон, ҳатто кишварҳои рушдёфта, ки қудратҳои азими иқтисодӣ номгузорӣ ва дар ҳаёти сиёсӣ низ бунёдгузори мӯд мебошанд, раво бошад.

Сарфи назар аз ин ва мавҷудияти фазои мусбати иҷтимоӣ-сиёсӣ дар ҷомеа, аъмоли мухолифи фирорӣ Муҳиддин Кабирӣ ва навкаронаш аз қабили Салимпур, Садриддин Муҳаммадиқбол ва Шарофиддин Гадоев, ки мисли селаи зоғони сиёҳ фазои тарсу даҳшатафканиро шурӯъ ва мардумро ба сангарнишинӣ даъват менамоянд, маро ғамгин менамояд. Илова бар ин, ҳамчун лошахӯрони ҳақиқӣ, бо истифода аз андӯҳи инсонии вобаста ба тавсеъаи COVID-19, мисле, ки ин беморӣ бародари ҳамширу деринтизор ё қудои онҳо бошад, шеваҳои таҳоҷуми густурдаи иттилоотиро алайҳи ҳокимияти давлатии мо интихоб ва анқариб онро муқассири тавсеъаи огоҳонаи эпидемия дар кишвар меҳисобанд.
Паёми нахустини видеоии М. Кабириро, ки мушобеҳи суханронии Муссолинӣ ҷиҳати пуштибони аз Гитлер мебошад, ба ёд биоваред, ки зимни он роҳбари ТТЭ ҲНИ ба сарнагун намудани ҳокимият дар Тоҷикистон даъват менамояд.
Суханони девонавори ӯро, ки огандаи ҳисси бадхоҳӣ нисбати кишвар ва халқи худ мебошанд бо диққат истимоъ намудам ва ба ҷои ибрози ҳамдардӣ ва суханҳои нек, вай хондани сафсатаи қаблан таҳиянамудаи «коршиносон» -ро, ки бо воқеияти мо ҳеҷ умумияте надоранд, шурӯъ намуд ва аз дидани ин саҳнаи худхоҳии вай фикре ба сарам омад, ки: “Ин марди бадсиришт, ки мазҳабӣ худ ва аҷдодии моро бо мазҳаби шиа фурӯхтааст, дар ошӯби мусаллаҳ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор ва кунҷи маҳбас ӯро бесаброна интизор аст, боз бешармона ба ман дастур медиҳад, ки чӣ кунам ва чӣ тавр бояд кунам, бо кӣ дӯстӣ кунам ва бо кӣ душманӣ варзам, ва бар замми ин ҳама М. Кабирӣ худро ҳамчун намоядаи касби қадимтарин ҷилва медиҳад”. Ва чунин аъмолро ӯ замоне анҷом медиҳад, ки аз рӯи мантиқ ва ақли солим бояд забондарозӣ накунад ва пояшро ба андозаи кӯрпаи худаш дароз намояд.
Моҳияти суханронии ӯ ин аст, ки «ман бояд дар намакдони хонаам туф кунам ва ба ин ҳаромзода бипайвандам». Аз тарзи суханронӣ ва ҳаракатҳояш ҳангоми сабти навор маълум аст, ки ӯ ҳатто ба ёд намеорад, ки солҳои 90-уми асри гузашта тамоми дастаи роҳзанаш аз мардуми ман на танҳо шаллоқ, балки аз як ҷои дигарашон ҳам барои чунин мафкураи разилашон шатта хӯрда буданд.
Ҳама ин гапу калоча на дар кадом гӯшаи касногузари Африқо, балки дар Аврупо сурат мегирад. Ва ин ҳама на ба ҷамъияте, ки ҳоло дар он зиндагӣ мекунанд, балки мустаъқиман ба кишвар ва халқи ман дахл дорад. Ман дафъатан эҳсос намудам, ки читавр КАСЕ, бидуни иҷозаи ман, зӯран мехоҳад дарвозаамро бишикофад ва ба хонаам ворид шавад. Вале ӯ инро ба назар нагирифтааст, ки чун солҳои пешин дар ин ҷо ӯ метавонад боз гардан ё шонаҳои худро бишиканад. Бештар ва бадтар аз ин фикр кардам, ки худое нахоста ягон каси содадил дар ҷомеаи мо ба ӯ бовар кунад. Худо накунад, ки чунин бошад ва тасвири рамзии оғози ҳодисоти фалокатбори навро дар кишварам ба назар овардам. Бо ақли солим ин муҳокимаронӣ дар зеҳни ман ҳамчун рӯзи равшан, бо дарки ЧИЗЕ, ки мо аз сар гузаронида будем ва чӣ ЧИЗЕ, ки метавонад боз сари мо биояд, зуҳур намуд.
Охир, ман дар ин кишвар зиндагӣ мекунам ва аз маҳсули заҳмати ҷомеаи Тоҷикистон истифода менамоям, бидуни тарсу ҳарос аз рӯзи фардои худ ва фарзандонам аз зиндагии худ лаззат мебарам, ба касе кор надорам, касеро муҳокима намекунам, яъне дар кишвари худ зиндагии мӯътадил дорам. Ва Худоро шукр мегӯям! Ман худам, бе Кабирӣ ҳам, камбудиҳои зиёдеро дар ҷомеаи худ ва дар кишвари худ мебинам. Чунин камбудиҳое, ки дар ҳар як оила ба назар мерасанд.
Зиндагии ман чандон хуб нест, на он таврест, ки ман мехоҳам. Аммо ман сабабҳои инро хуб дарк мекунам. Бо дарназардошти ин ки низоми кунунии сиёсӣ ва ҳокимияти иҷроияи Тоҷикистон на 250-300 сол, балки на беш аз 30 сол дорад. Аз он 5 соли тӯлонӣ ба давраи ҷанги шаҳрвандии харобиовар рост меояд, ки дар натиҷаи он мо зиёда аз 150 ҳазор шаҳраванди худро талаф додем, кишварамон ба харобии сартосарии иқтисодӣ мувоҷеҳ гардид ва зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА ба он зарари моддӣ расонида шуд.
Қудрати сиёсӣ дар кишваре пирӯз шуд, ки сарвари давлат, президенти нахустини он дар он замон ба худ иҷоза намедод, ки мустақилона дар ҳамоишҳои байналмилалӣ бо ҳайати худ иштирок намояд, зеро барои бо сӯзишворӣ пур кардани ҳавопаймо маблағи кофӣ набуд. Кӣ инро дар ёд надорад? Кӣ ҳолати хазинаи давлатиро, ки дар он рӯзҳо холӣ буд ва тамоми низоми молиявӣ то бунёди худ фалаҷ шуда буд, намедонад? Магар ҳамин тавр набуд?! Кӣ гуруснагиҳо ва сардиҳои солҳои 90-умро, марги ҳамватанони манро, ки 5-8 соат барои як буханкаи нон дар навбат меистоданд, дар ёд надорад. Инҷо ҳар фарди солимақл, ба истиснои Кабирӣ, дарк мекунад, ки дар чунин як муддати кӯтоҳ таъсиси як давлати серу пур ғайри имкон аст, ҳол он ки Сарвари давлати мо дар ин самт кӯшиш ва аз тамоми имконоти мавҷуда истифода менамояд. Ба инфрасохтори таҷдидшудаи Тоҷикистон, иншооти обии бунёдшуда ва сохташаванда, ҳолати нақлиёт, шабакоти иртиботӣ, роҳҳо ва нақбҳо назар афканед. Шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини ободу шукуфонро бингаред. Равшан аст, ки ин ҳама хароҷоти молӣ ва сармоягузории ҳангуфтро, ки ҳисоби он ба миллиардҳо доллари ИМА мерасад, тақозо менамояд. Ва бояд комилан аблаҳ бошӣ, ки ин ҳама ва сатҳи баланди нуфузи байналмилалии кишвари манро инкор намоӣ.
Сарфи назар аз тамоми муваффақиятҳо ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, душманони давлати ман бо дастури хадамоти махсуси як кишвари маълуми исломӣ на танҳо гузаштаи халқи худро фаромӯш мекунанд, балки алорағми он, мисли одамоне, ки ягон рӯз ба корҳои фоиданоки иҷтимоӣ машғул нашудаанд, таблиғоти ифоротигароӣ ва бунёдгароии исломро доман мезананд ва падидаҳои манфии Осиёи Марказиро дар маҷмӯъ, аз ҷумла кишвари моро тафсир ва ҷилва медиҳанд. Масалан, Салимпур, ки ман онро нусхабардор ё обчинак меномам. Ва ё С. Муҳаммадбеиқбол, ки аз сояи худ ваҳм мекунад ва ҳатто дар Аврупо ба ҳоҷатхона ҳамроҳи посбонҳо меравад, дар манфурӣ ва палидӣ ба рӯи Салимпур туф кардааст. Ин «қаҳрамонҳо» дар воқеияти аврупоӣ арзишҳо ва роҳнамоҳои худро гум, ва хулқу ҳамҷинсгароии онҳоро пазируфтаанд, мисле, ки дар вуҷудашон осори мардонагӣ боқӣ намонда бошад. Магар, марди соҳибэҳтиром оё ба худ маҷол медиҳад, ки фоҷиаи вобаста ба густариши коронавирусро муғризона истифода ва дар пеши назари ҷомеаи ҷаҳонӣ намояндагони ҷинси латиф — занони ватани манро на ба ҷое, ки воқеан сазовори онҳост, балки ба сангарҳо ба манфиати мафкураи ифротгароии исломии мабнӣ бар ғояҳои ваҳҳобизм, ки М. Кабирӣ тарғибгари онҳост, даъват ва таҳрик намояд. Оё мумкин аст, ки ҷавонмард, мутобиқи фаҳмиши ман, на фаҳмиши Беиқбол, дар чунин давраи ҳассос ба занон бо суханҳои “натарсед, ҳаёт як бор дода мешавад!” муроҷиаат намояд?. Гўё дар ин қарина, ӯ Америкоро кашф мекунад, тавре ки замоне Колумб бори аввал онро кашф карда буд. Гӯё ки мо инро намедонем. Дар ин бора андеша мекунам ва ба чунин хулоса меоям, ки аз рӯи фикррониҳои фалсафиаш ӯ тасаввурот надорад, ки мо на танҳо инро дарк мекунем, балки медонем, ки дар дунё бояд шарофатмандона, ба нафъи Модар — Ватан зиндагӣ бояд кард. Содиқона мегӯям, ки пас аз тамошои видеои Салимпур ва С. Муҳаммадбеиқбол ман онҳоро дар сафи маъюбони маънавӣ ҷой додам. Ба ҳар ҳол, барои авлоди ман дар паси шонаи зан пинҳон шудан ва ҷиҳати расидан ба аҳдофи муғризона истифода намудани зан, амали манфур маҳсуб мешавад. Халқи шарифу сарбаланди ман воқеан чунин одами хашин ва бешармро на танҳо анини (импотент) ҷисмонӣ, балки анини ахлоқӣ — маънавӣ меномад ва ин ба тавзеҳот ва далелҳои иловагӣ ниёз надорад.
Касоне, ки намоишҳо ва бӯҳтонҳои Ш. Гадоевро надидаанд, ки худаш дар зиндагӣ ду калимаро бо мушкиӣ васл мекунад ва бо дарназардошти сатҳи маърифаташ барои ӯ, ки мухолифи чалласаводи зери пошна мебошад, авфпазир аст. Аммо, ман наметавонам густохии ин разили бадзотро авф намоям, чунки ӯ баёнияҳо ва даъватҳои худро, ки бо ЭЛИТАИ СИЁСИИ Ватани ман ҳеҷ умумияте надоранд, аз номи онҳо пахш ва нашр мекунад. Ман аз ту мепурсам, ту кистӣ бачаи ҳаромзода ва навкари фармонбардор, ки ба номи неки одамоне, ки бо заҳмати ҳалоли худ дар арсаи сиёсат, иқтисод, илм, фарҳанг, санъат, маориф ва дин сазовори унвони ЭЛИТАИ СИЁССИИ Тоҷикистон шудаанд, иснод меоварӣ ва сиёҳ мекунӣ?
Саволе ба миён меояд, ки чаро чунин як падидаи ғайримаъмулӣ дар суфуфи мухолифини мо зуҳур менамояд? Чаро мухолифин дар дигар кишварҳо аз чунин бешармӣ ва фасоди ахлоқии хоси “мухолифини мо” иҷтиноб меварзанд? Ин муаммо тафсирҳои зиёд дорад, аммо ман танҳо бо овардани яке аз он шарҳҳо ихтисор мекунам, ки чунин аст: «бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ».
Дар ниҳояти кор, ҳамаи онҳо — Салимпур, С. Муҳаммадбеиқбол, Ш. Гадоев ва дигарон навкарони ҳалқабаргӯши Кабирӣ мебошанд, ба манфиати ӯ хидмат мекунанд. Мо бо ҳамин иктифо мекунем ва шумо, хонандагони азиз моҳияти сиёсати онҳо ва ҳавову ҳаваси худи Кабириро дарк хоҳед кард.
Инак Кабирӣ кист? Ман мегӯям, ки М. Кабирӣ шахсест, ки аз пуштибонии яке аз давлатҳои исломӣ ва кумакҳои маънавӣ – сиёсӣ, молӣ ва ғайраи он баҳравар аст. Аз он ки роҳбарияти сиёсии ин кишвари исломӣ, лабони ӯро навозишкорона мебӯсад ва падарвор ба дунбааш шаппотӣ мезанад, бо итминони садфоиза метавон дар рафтори ӯ нишонаҳоеро, ки суханони яке аз теологҳо – асосгузорони ТТЭ ҲНИ –и дар ҷумҳурӣ мамнӯъ шуда — Аёмуддин Сатторовро тасдиқ мекунанд, пайдо намуд, ки гуфта буд: “ин ҷоҳталаби мазҳабӣ – сиёсӣ М. Кабирӣ як замоне ба мазҳаби шиа гаравида буд ва комилан як лоиҳаи хасмонаи яке аз давлатҳои исломӣ мебошад.
Илова бар ин изҳор менамоям, ки дақиқан маълум аст, ки М. Кабирӣ бо хадамоти махсуси як давлати исломии маълум робита дорад. Иддао дар хусуси он ки М. Кабирӣ – агенти давлати хориҷӣ мебошад чӣ асос дорад? Дар асоси меъёрҳои маъмулии рафтори ин ва ё он сиёсатмадор, бо дарназардошти мартаба ва рутбаи он, ки алорағми манфиатҳои муносиботи дуҷонибаи байнидавлатӣ, як разилро пас аз кӯшиши табаддулоти нофарҷоми мусаллаҳонаи давлатӣ ба оғӯши худ мегиранд. Ин моҷароҷӯи сиёсиро алорағми муносибатҳои дуҷонибаи давлатӣ, қариб дар сатҳи шахси муҳими давлатӣ истиқбол менамоянд.
Шарт нест, ки дипломати сатҳи байналмилалӣ ва ё корманди хадамоти протоколии ВКХ –и давлат бошӣ, ки асоси чунин «меҳмоннавозӣ» –ро нисбати ШАХСЕ, ки дар кишвари худ обрӯ надорад ва илова бар ин, дар феҳристи байналмилалии ҷустуҷӯ барои ширкат дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ қарор дорад, дарк намоӣ.
Ду сабаби ин ҳолатро хотирнишон менамоям: а) хиёнат бар асосҳои мазҳаби суннии таълимоти ислом, ки халқ ва аҷдодони ман зиёда аз 12 аср онро бо покии афкор ва имон бар он ҳифз намудаанд; б) мансубияти ӯ ба хадамоти махсуси як кишвари маълуми шарқӣ ба сифати агент. Танҳо шахси дорои ин ду сабаб ва аз муносибати “хоси” давлати маълуми исломӣ бархӯрдор, метавонад чунин имтиёзҳо ва дахлнопазирии «дипломатиро» дар кишвари хориҷӣ касб намояд. Воқеан, ин ҷо сухан дар бораи тасдиқи ватанфурӯшии М.Кабирӣ дар шакли хиёнат ба Ватан, дин ва ватани таърихии худ меравад.
Кишвари бадхоҳ моҳиятан дар симои хоини ватан шахси моҷароҷӯи сиёсиро мебинад, ки ба ҳама гуна қурбониҳои маънавӣ – ахлоқӣ ва сиёсӣ омода аст, танҳо ба шарте, ки ба вай маблағ бидиҳанд ва ӯ битавонад, ки дар назари ом “рӯи об” бимонад.
Хоини ватан — М. Кабирӣ чӣ мехоҳад? Аниқтараш на ӯ, балки хоҷагони маблағгузор ва мубаллиғинаш аз Ватани ман чӣ мехоҳанд? Ҷавоб возеҳ аст. Онҳо барои нокомии идеяҳои инқилобии исломӣ дар солҳои 90-ум интиқом гирифтан мехоҳанд. Онҳо ташнаи содир намудани инқилоби исломӣ ба кишвари мо мебошанд, вале дарк намекунад, ки дар давлате, ки принсипҳои бунёдии демократии ҳукумати халқӣ дар Конститутсия сабт шудаанд, мавқеи зиёиён хеле мустаҳкам аст, зан на танҳо сарчашма ва рамзи гармӣ, манбаи некӯаҳволии муносибатҳои оилавӣ, балки ҳовии фарҳанги сиёсӣ мебошад, мафкураи исломкунонии ҷомеаи тоҷикро намепазирад.
Онҳо — душманони Ватани ман, мисли кӯтоҳандешони сиёсӣ, оқибатҳои муқовимати шаҳрвандӣ, динӣ — сиёсиро дар кишвари мо фаромӯш кардаанд. Аммо мо инро хуб дар ёд дорем ва гиромӣ медорем. Ба ибораи дигар, халқи ман дар муқобили исломикунонии ҷомеа ва сиёсисозии Ислом масуният дорад.
Сарфи назар аз ин, хоинони Ватани ман дар шахси М. Кабирӣ аз мақсадҳои тахрибкоронаи худ даст накашидаанд ва кӯшиш мекунанд, ки кишвари маро ба қуруни вусто ва халқи моро ба ҷарии бе таг партоянд. Чунки идеологияи сиёсии кишвари маълуми исломӣ, ки хоҷагони ӯ аз он мамлакат мебошанд, аз мафкураи судури инқилоби исломӣ об мехӯрад. М. Кабирӣ афзор, лоиҳаи онҳо аст, мисли Яҳудо, ки муқаддасот ва Ватани худро фурӯхта буд. Ӯ — шахси (персонажи) манфӣ ва ҳодии ин маъракаи девонавор аст.
Ба тӯҳматҳои ошкорои М. Кабирӣ ва атрофиёнаш нисбати ҳокимияти иҷроияи мо таваҷҷӯҳ намоед. Он ки вай бо хиёнаташ ба манфиатҳои кишвари ман ба обрӯи сиёсии давлати ман зарари маънавӣ мерасонад, ба чашм аён аст. Оё касе метавонад дар ҷаҳон ягон мухолифи сиёсии дигареро мисли М. Кабирӣ пайдо кунад, ки ақоидаш то ин дараҷа поин омада бошанд, ки ҳатто аз фоҷиа — беморие, ки тамоми ҷаҳон, тамоми инсониятро ба даҳшат овардааст, кароҳият надошта бошад.
Мутаассифона на иқтисодиёти муқтадир ва на тибби рушдёфтаи муосир ба бисёр кишварҳо кӯмак накард, ки бо пандемияи коронавирус муқовимати комил намоянд. Гузашта аз ин, талафоти ҷонӣ ва иқтисодӣ дар кишварҳои рушдёфта дар муқоиса бо кишварҳои рӯ ба тараққии аз лиҳози иқтисодӣ ҷавон ба маротиб зиёдтар аст. Падидаи уфунати коронавируси нави COVID-19 аз ҳамин иборат аст. Вале нодида гирифтани ин ҳама, дидаву дониста вазъи вобаста ба коронавирусро бар зарари ҳокимияти сиёсии кишвари худ таҳриф намудан — барои ин корро кардан бояд шахси «сиёсии» дорои сатҳи хоини Ватан — М. Кабирӣ бошӣ.
Ин тӯдаи авбошон таҳти сарварии М. Кабирӣ ҳамчун кӯрон, ноқисулақлон ва сиёсатмадорони заъиф натавонистанд, ки ҳолати воқеъии вази вобаста ба мубориза бо коронавирусро дар ҷаҳон дуруст арзёбӣ намоянд.
Изҳороти ӯро дар рӯзҳои аввали пайдоиши аломатҳои паҳншавии COVID-19 дар кишвари ман, вокуниш ва арзёбиҳои ӯро нисбати ҳолати рухдода гаштаву баргашта мехонам, вале мақсад ва ҳисоби ӯро дарк намекунам, ки ҳамчун авомфиреби сиёсӣ тамоми гуноҳро ба зиммаи намояндагони ҳокимияти кишвари мо бор намуд.
Вақте ки тамоми коргардонони исломӣ — модернистӣ ва ашхоси тозазуҳури дар домони душманони мо парваришёфта нешҳои заҳрогини худро ба тамоми бемористонҳо, мурдахонаҳо ва қабристонҳо равон карданд, ва мехостанд бо истифода аз ғаму ғуссаи одамон гузоришҳои пурсару садои зидди инсонӣ таҳия намоянд, онҳо аз ҳеҷ чиз парҳез накарданд, дар баъзе мавридҳо, дар вуҷуди хоини Ватан — М. Кабирӣ ва косалесонаш шодиву сурурро мушоҳида мекардам. Дар ин ҳолатҳо ман гумон мекардам, ки онҳо як ҳайвони афсонавии хунхор дар сурати инсонӣ мебошанд ва сарфи назар аз мусибати ба сари одамон омада, онҳо зиёфати худро идома медиҳанд.
Худоро шукр, ки халқи ман чун дар тӯли таърихи ҳазорсолаи худ ин давраи душвори густариши эпидемияро бо дарки воқеъияти ҳол, муаддабона, бо эҳсоси ҳамдардӣ сипарӣ менамояд. Сифатҳои маънавӣ ва ахлоқӣ, ҳамдардӣ, муаддабӣ ба халқи ман имкон дод, ки вазъи вобаста ба коронавирусро дуруст арзёбӣ намоянд, миқёси фоҷиаро дар кишварҳо, аз ҷумла ИМА, Аврупо, Амрикои Лотинӣ, Шарқи Наздик муқоиса намоянд. Ба назарам, аз ҳама муҳим ин аст, ки фаҳмиши дақиқи ин ки кӣ дӯст ва кӣ душман аст, пайдо шуд. Кӣ моро бо як сухани меҳрбор дастгирӣ кард, ки бо дарк ва ҳамдардӣ ба бадбахтии инсон муносибат мекунад.
Касоне моро бо суханони нек рӯҳбаланд мекарданд, касони дигар нисбати фалокати ба сари одамон омада изҳори ҳамдардӣ ва ҳамраъйӣ мекарданд. Вале нокасоне мисли М. Кабирӣ ва атрофиёнаш низ буданд, ки барои аз вазъияти ба вуҷудомада ба нафъи хӯҷаинони худ истифода намудан кӯшиш менамоянд.
Бинобар ин онҳо дар маводи таблиғотии худ воқеияти кишвари моро бо ранги сиёҳ, гӯё дар либоси мотам, ки даҳҳо сол боз дар яке аз кишварҳои маълуми исломӣ мӯд шудааст, тасвир менамоянд, ки барои он М.Кабирӣ ба хиёнат ва носипосӣ нисбати арвоҳи падару модар ва аҷдодонаш даст зад. Аммо, аз ҳама таассуфовар ин аст, ки бо аъмол ва изҳоротҳои заҳрогини худ дар ин давраи мушкил онҳо мафҳумҳои маънавӣ ва ахлоқиро поймол карданд. Маҳз бо ҳамин сифот инсони ҳақиқӣ аз ҳайвонот фарқ мекунад.
Падидаи махлуқи сиёсии ҳайвонсиришт дар шахси хоини ватан М. Кабирӣ аз он иборат аст, ки ӯ наметавонад ва қодир нест, ки тамоми паёмадҳои авомфиребонаи вобаста ба инқилоби исломиро дуруст дарк намояд. Тавре ки таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ин инқилоб барои шаҳрвандони худ, алахусус зиёиён, ҷонибдорони низомҳои демократӣ ба ҷузъ аз фоҷиа дигар ягон хубӣ намеорад. Гӯё Кабирӣ намедонад, ки дар симчӯбҳои ин кишвар чанде пеш намояндагони зиёиён ва мухолифони низоми исломӣ овехта мешуданд.
Ин ҷоҳил сиёсатро намефаҳмад ва дарк намекунад, ки беш аз 5 миллион шаҳрванди ин кишвари исломӣ, ки аз низоми ҳоким нороз ҳастанд, дар муҳоҷират ба сар мебаранд. Бо сабаби вазъи ноустувори сиёсиву иҷтимоӣ, чораҳои шадиди фишороварӣ ва таъқибкунӣ дар ин кишвар ҳар сол онро то 150 ҳазор намояндагони зиёиён тарк мекунанд. Ин далели асосӣ дар татбиқи он аст, ки мафкураи исломӣ дар ҷомеаи мо метавонад боиси он гардад. Агар шумо ба ҳаёти худи М. Кабирӣ пеш аз оғози кӯшиши табаддулоти мусаллаҳона дар моҳи сентябри соли 2015 нигаред, мебинед, ки бидуни ҳеҷ коре ӯ соҳиби давлату сарвати шаш рақама шудааст. Ба ҳама маълум аст, ки вай пулҳои муфтро дӯст медорад. Гузашта аз ин, зиндагӣ дар Аврупои «озод» бо усули «ҳама чиз шомил аст», аз ҳисоби хоҷагонаш — душманони Ватани ман, ки пулро дареғ намедоранд, ба вай хушоянд аст. Ин аввалин аст.
Дуввум, ашхоси мисли М. Кабирӣ ҳеҷ гоҳ машғул шудан ба догмаҳои диниро дӯст намедоранд, ба манфиати таълимоти динӣ ва ҷомеа кӯшиш намекунанд. Ин роҳи ӯ — роҳи шахсе, ки ба мазҳаби ниёкони худ хиёнат кардааст — намебошад. Чунон ки мегӯянд, чаро кореро бикунӣ, ки он доимӣ нест. Охир, ӯ аллакай як бор қавонин ва муқаддасоти аҳли суннатро бо шиа иваз намуд буд. Ва кӣ кафолат медиҳад, ки ӯ боз мазҳаби худро намефурӯшад ва мазҳаби яҳудиро намепазирад, агар барояш нархи хубе пешниҳод шавад? М. Кабирӣ аз тоифаи он муллоҳо аст, ки дар ҳақашон мегӯянд, «Гуфтаашро кун, аммо кардаашро не», гарчи аз шӯҳрати ӯ бӯйи гандида меояд.
Зоҳиран дар сухан вай ҷонибдори инқилоби исломӣ аст, аммо дар асл – татбиқи вазифаҳои стратегӣ барои расидан ба ин ҳадаф барои ӯ арзише надорад, чунки ин ҳадафҳо ва вазифаҳо на мақсади вай, балки — хоҷаи маблағгузораш мебошанд, ки бо душмании худ нисбати Ватани ман ва шохаи суннати дини ислом шинохта шудааст. Чуноне ки мегӯянд, мо чӣ кор карданамонро худамон медонем. Мо хуб медонем, ки рафтори мутобиқи афсонаи бофтаи хадамоти амниятии кишвари мазкур, риояи қавоиди махфикорӣ бо агенти худ — М. Кабирӣ чи маъно дорад. Гӯё дар Аврупо нисбати ӯ шикоятҳо каманд, дар акси ҳол, мо метавонем бигӯем, ки ӯ одами мо нест ва агенти бесоҳиб аст. Мо ӯро танҳо аз рӯи раҳмдилӣ мехӯронем, то ки аз гуруснагӣ намурад. Охир ӯ наметавонад мустақилона кор кунад ва пораи нон ба даст орад.
Илова бар ин будубоши М. Кабирӣ дар қаламрави давлати исломӣ, ки ба манфиати он «заҳмат мекашад» хатарнок аст. Чӣ ҳоҷат аст, ки даст ба таваккал бизанем, чунин фикр мекунанд намояндагони давлати исломӣ. Нашавад, ки М. Кабирӣ ба ҳуш биояд, чашмонаш боз шаванд ва бадтар аз ин, Худо нигаҳ дорад, ин девона сурати воқеиро бинад, ки дар ин кишвар бо ҳуқуқҳои шаҳрвандон чӣ корҳое мекунанд. Аз ин рӯ, барои ҳоҷагон авлотар аст, ки ин хоинони Ватан — агент М. Кабириро мисли сагча дар тавилаи дароз нигоҳ доранд. Ин боэътимодтар аст. Гузашта аз ин, худи ӯ ба ин кор зид нест. Ана ҳамин аст моҳияти сиёсии хоини Ватан — М. Кабирӣ.

Муҳаметов Ғафур Бобоевич,
декани факултети филологияи забони руссии ДМТ,
профессор.